Monthly Archives: Июль 2016

Пешво чашми миллат аст

Аз замони қадим то ба рӯзгори мо нақши шахс дар ташаккул ва рушди ҳама гуна ҷомеа мавқеи муҳим дорад. Таърих дар марҳилаҳои сарнавиштсоз ба дӯши шахсиятҳои алоҳида иҷрои муҳимтарин вазифаҳоро мегузорад. Агар ин масъулият бо фазилатҳои шахсии он фард созгор ояд, беҳтарин натиҷа хоҳад дод. Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар даҳаи охири қарни гузашта дар дастёбӣ ба сулҳу ... Read More »

Медалҳо зиёд шуданд

Аз 11 то 17 июли соли 2016 дар шаҳри Сюрихи Ҷумҳурии Шветсария олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни физика миёни мактаббачагони 87 давлати дунё баргузор гардид, ки дар он дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат варзид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро 5 хонандаи муассисаҳои таълимии кишвар — Мурод Мирҷалилов, Зикруллоҳ Хӯҷақулов, Алишер Абдураҳмонов, Азимҷон Темурҷонов ва Ҷобири Қурбоналӣ муаррифӣ намуданд. Дар ҷамъбасти олимпиадаи мазкур хонандагони ... Read More »

Чор нашрияи як донишгоҳ

Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, академик Носирҷон Салимӣ дар сухани ифтитоҳиаш зимни нишасти матбуотие, ки ин ҷо баргузор гардид, бештар ба масоили марбут ба сифати таҳсилот, давомоти донишҷӯён, усули кредитии таҳсилот, дастрасӣ ба таҷҳизоти иттилоотию технологии муосир, дастовардҳои устодон, табъу нашр, китобу дастурҳои таълимӣ, илмию методӣ, робитаҳои байналхалқӣ, корҳои таҳқиқотии устодон ва амсоли инҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуд. ... Read More »

Муваффақият зодаи масъулият аст

—  Ҳадафи асосии мо баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир, афзун намудани дастовардҳои илмӣ ва ба ин васила ҳисса гузоштан дар пешрафти иқтисодиёт ва рушду нумӯи кишвари азизамон мебошад, — иброз дошт зимни сухани ифтитоҳияш дар нишасти матбуотии донишгоҳ, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, профессор Муминҷон Шарифов. Мавсуф бо қаноатмандӣ афзуд, ки ... Read More »

Ҳамкориҳои ДСРТ судманданд

Дар Донишгоҳи  славянии Тоҷикистону Россия бо иштироки ректори он Нуралӣ Солеҳов, мудирони кафедра, деканҳо ва дигар роҳбарони сохтори  таълимгоҳ нишасти матбуотӣ барпо шуд. Ректор фаъолияти шашмоҳаи  муассисаро мавриди баррасӣ қарор дод. Вай, аз ҷумла, гуфт, ки барои тақвияти савияи дониши хонандагон баланд бардоштани маҳорати касбии устодони онҳо муҳим аст. Аз ин рӯ, дар шаш моҳи соли равон дар Пажӯҳишгоҳи такмили ... Read More »

Ғалат боиси коҳиши маънист

Вақте кас мехонаду мешунавад, ки дар кишварҳои мутамаддин ва равнақёбанда масъалаи саводу саводнокии мардум ҷиддӣ ба миён гузошта шуда, бобати ҳалли он тадбирҳо меандешанд, ҳиссиёти хурсандӣ фаро мегирад. Ин чораҳо дар баъзе аз давлатҳо хусусияти умумӣ мегиранд, то андозае ки ҳар як муассисаи давлатию ғайридавлатӣ, ҳар як хонавода ва ҳар фарди ҷомеа дар канор намеистад. Дар ин гуна кишварҳо масъалаи ... Read More »

Фаъолияти серпаҳлуи марказ

Дар нишасти матбуотии Маркази тадқиқотии стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори он Холиқназар Худойбердӣ зикр намуд, ки дар нимсолаи аввал марказ як силсила семинару конфронсҳои илмию амалӣ, симпозиум ва мизҳои гирдро дар мавзӯоти «Корея – Осиёи Марказӣ: роҳҳои вусъатбахши ҳамкориҳо дар шароити тағйирёбии низоми иқтисодии Авруосиё», «Афғонистони муосир: таҳдиду хатарҳои нав», «Форуми Созмони ҳамкории Шанхай», «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ  ... Read More »

Соли 2017 қабули донишҷӯён оғоз меёбад

Гурӯҳи  кории  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  таҳти сарварии Хайринисо  Юсуфӣ, муовини   раиси  Маҷлиси намояндагон, ба  шаҳри Хоруғ ташриф овард. Намояндагии Ташкилоти  Оғохон  доир  ба  рушди маориф  дар  Тоҷикистон  иттилоъ  дод, ки ин  сафар дар  остонаи  ташрифи  Президенти  мамлакат, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ҷиҳати  таҷлили  ҷашни  ҷумҳуриявии  Ваҳдати  миллӣ  дар  ВМКБ  бо  мақсади  шиносоии намояндагони  воломақоми  кишвар  аз  рафти  корҳои  ... Read More »

Диктанти математикӣ

Диктанти математикӣ яке аз шаклҳои маълуми санҷиши дониш мебошад. Усули анъанавии таълим талаб мекунад, ки мавзӯъҳои пешина тариқи шифоҳӣ бо хонандагон гузаронида шаванд. Лекин дар адабиёти педагогӣ ва психологӣ қонеъ набудан аз чунин усули санҷиш рӯз ба рӯз бисёртар садо медиҳад. Усули анъанавии пурсиш, пеш аз ҳама, аз он ҷиҳат самарабахш нест, ки ҳангоми ҷавоб додани яке аз хонандагон дар ... Read More »

Тести компютерӣ ва санҷиши дониши хонандагон

Тести педагогӣ супоришҳои байни ҳам алоқаманд буда, имконияти аниқ баҳо додани омӯзгор ба дониш ва маҳорату малакаи хонанда ба ҳисоб меравад. Дар литсейи мо  соли дуюм аст, ки  тариқи барномаи «My test» аз фанҳои гуногуни таълимӣ тестҳо тартиб дода мешаванд. Чунин тестҳо бештар барои  мониторинги сифати таҳсилот гузаронида мешаванд. Ба ғайр аз  омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ,  омӯзгорони дигар фанҳо низ ... Read More »

Воситаи муҳими такмили таълим

Ба системаи кабинетии таълим гузаштани муассисаҳои таълимӣ шарту шароити махсус дорад ва яке аз шартҳои асосии он доштани бинои типи нав мебошад. Таҷрибаҳои чандсолаи муассисаҳои таълимие, ки ба системаи кабинетии таълим гузаштаанд, собит намуд, ки дар шароити кабинетҳои таълимӣ шавқу завқи хонандагон ба омӯхтани фанҳо баланд мегардад, сифати дарс хуб ва барои бо методу усулҳои гуногун гузаронидани дарс шароит фароҳам ... Read More »

Ифтитоҳи мактаби олимони ҷавон

Фарҳод  Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ аз хусуси навигарию дастовардҳои соҳаи илми тоҷик  иттилоъ дод. — Падидаи  нави илмӣ барои соли ҷорӣ,  — гуфт ӯ, — ба фаъолияти дубора   шурӯъ кардани  расадхонаи байналмилалии «Санглох» — и Институти астрофизика  мебошад, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат,  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт. Он аз ҷиҳати ... Read More »

Молихулиё, табхола, чашмзахм…

Абдураҳмони Ҷомӣ шоирест нуктасанҷ, фасеҳбаён, сеҳрнигор ва муъҷизаофар. Бо қалами сеҳрангези худ ҷилои ранг ва рангорангиро бо услуби ниҳоят фасеҳ, бо каломи балеғ ва пуробутоб, вале хеле сода тасвир менамояд. Шоир дар тасвири ҳолати ботинию зоҳирии ошиқ, амри ғайривоқеӣ будани расидан ба васли маъшуқ истилоҳи молихулиёро ба кор бурдааст, яъне орзуи васли ҷонон молихулиёст: Фикри васли ту ҳар киро гуфтам, ... Read More »

То сухан бо сухане зам шавад…

(Фишурдаи навиштаҳои омӯзгорону устодон тӯли ду моҳи охир) Салому дуруди бепоён ба хонандагони доимии ҳафтаномаи «Омӯзгор»! Мо, кормандони нашрия, ба таври ҳамешагӣ навиштаҳои шуморо мутолиа карда, аз афкору андешаҳои ҷолиб ва пешниҳодотатон, ки ба суди кор асту аҳамияти бузургеро дорост, хурсанду рӯҳбаланд гардида, мақолаю матолиби беҳтарину омӯзандаро ба чоп тавсия мекунем. Қисмати зиёди навиштаҳои устодону омӯзгорон ба масъалаи ба тарзу ... Read More »

Хурофот — душмани илм, рушд ва пешрафт

Эҷодиёти асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ на танҳо дар собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ, балки дар хориҷи кишвар маҳбубият ва шуҳрат дорад. Аз ин рӯ, бесабаб нест, ки ӯро дар қатори Байрон, Шекспир, Лесинг, Гёте, Балзак, Тагор ва дигар нависандагони ҷаҳонӣ ном мебаранд. «Ёддоштҳо»-и устод Айниро энсиклопедияи ҳаёти то давраи инқилобии халқи тоҷик номидани тадқиқотчиён далели раднопазир аст. Гарчанде ин  ... Read More »

Неъмате беҳтар зи истиқлол нест

Истиқлоли давлатӣ волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Шарофати Истиқлол аст, ки мо соҳиби Парчам ва Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, пули миллӣ, узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва чандин соз-мони бонуфузи байналмилалӣ ва дигар дастовардҳои муҳим гардидем. Таърихи ғанию куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои  сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он ... Read More »

Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 09.07.2016, № 10/1, ш. Душанбе Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2016 Ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаи вазири маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон –  Нуриддин Саидро “Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи  соли 2016” муҳокима намуда, қарор кард: 1. Маърӯзаи ... Read More »

Фаъолияти самаровар

Ректори  Донишгоҳи  давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорони  ватаниву хориҷӣ  аз фаъолияти  шашмоҳаи донишгоҳ иттилоъ дод. Нахуст вай аз иқдоми Сарвари давлат дар бораи таъсис додани Донишгоҳи тиббии Хатлон изҳори хушнудӣ намуда, афзуд, ки  минбаъд  масъалаи тайёр намудани кадрҳо дар соҳаи тиб барҳам хоҳад хӯрд. Аллакай ба ин муассисаи таълимӣ ... Read More »