Monthly Archives: Июнь 2016

Тоҷикон ваҳдатпарасту сулҳофаринанд

IMG_8451

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ 27.06.2016, шаҳри Хоруғ Ҳамватанони азиз! Ҳозирини арҷманд! Имсол Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар арафаи ҷашни муқаддасу фархундаи 25 — умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки муҳимтарин дастоварди таърихи навини миллати сулҳдӯсту фарҳангсолори мо маҳсуб меёбад, дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — ошёни ... Read More »

Оғози бунёди мактаби нав дар Ишкошим

DSC_7677

27.06.2016 дар чаҳорчӯбаи сафар ба ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда, ба сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21 оғози расмӣ бахшид. Дар макони гузоштани санги асос, лоиҳаи сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 барои ... Read More »

Ваҳдат – сарвати миллат

DSC_8656

27.06.2016 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо тантанаҳои бошукӯҳи идона таҷлил карда шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бори дигар мардуми ҷамъомада ва кулли сокинони Тоҷикистонро бо солгарди 19-уми ин рӯзи таърихӣ табрику таҳният гуфта, ҳамагонро ба посдории арзишҳои ... Read More »

Боз як мактаби нав дар Шуғнон

BB5A9109 - копия

26.06.2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ ва дастовардҳои соҳаи иқтисодиву иҷтимоӣ ба ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф овард. Роҳбарият ва сокинони ноҳияи Шуғнон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хосса, дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд. Дар заминаи сиёсати бунёдкорона сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Кушки ноҳияи Шуғнон ... Read More »

Пешвои миллат дар деҳаи Раҳмонободи ноҳияи Шуғнон

DSC_3377

25.06.2016 дар доираи сафари кории худ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зиндагӣ ва кору фаъолияти сокинони деҳаи навбунёди Раҳмонобод шинос шуд. Ёдовар мешавем, ки 16-17 июли соли 2015 дар ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон бо сабаби боришоти зиёди пай дар пай омадани сел ба қайд гирифта ... Read More »

Парафшонии Парчами давлатӣ дар шаҳри Хоруғ

DSC_5700 - копия

26.06.2016 дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ барафрохта, ҳозиринро бо ин рӯйдоди фараҳбахш шодбош гуфт. Пояи Парчами давлатӣ 30 метр, дарозӣ ва паҳноии матоаш 8 бар 4 метрро ташкил медиҳад. Арзиши лоиҳавии ин иншоот 300 ҳазор сомонӣ буда, он бо ташаббусу роҳнамоии Асосгузори сулҳу ... Read More »

Аҳли маориф Ваҳдати миллиро таҷлил намуданд

Вахдат (1)

Бахшида ба 19-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар Вазорати маориф ва илм ҳамоиши идона доир гардид. Дар он муовини аввал ва муовинони вазир, кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат ширкат ва суханронӣ намуданд. Зимни сухани ифти-тоҳии худ Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали вазир, иброз дошт, ки соли ҷорӣ аз имзо шудани Созишномаи умумии барқарории сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки ... Read More »

Зан ва истиқлол

Зан  дар таърихи фарҳанг, адаб ва тамаддуни  тоҷик  мавқеи хоса дорад. Бархе аз аҳли илму маърифат мекӯшиданд ҷойгоҳи воқеии занро дар зиндагӣ ва ҷомеа нишон бидиҳанд. Бинобар ин, даст ба тавсифи ӯ мезаданд ва хусусан зани порсою фармонбарро месутуданд. Ин байти Саъдии Шерозӣ хеле машҳур аст: Зани хуби фармонбари порсо Кунад марди дарвешро подшо. Иқболи Лоҳурӣ ваҳдати марду занро дар ... Read More »

Маош зиёд шуд

admin-ajax

Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» вохӯрӣ баргузор гардид. Дар он кормандони масъули Вазорати молияи ҶТ, инчунин, намояндагон аз тамоми вазорату идораҳои дахлдор ва васоити ахбори умум иштирок ... Read More »

334 953 нафар ба истироҳат фаро гирифта мешаванд

IMG_3130

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 нояб-ри соли 2015, №634 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2016», мутобиқи банди 43-и Нақшаи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2016 оид ба истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон аз 16.12.2015, №4309 фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ташкили истироҳати ... Read More »

«Парвоз» дар боз намуд

Лагери парвоз

Басти якуми истироҳатгоҳи беруназшаҳрии тобистонаи кӯдакону наврасон -  «Парвоз» бо фарогирии 150 хонанда аз оилаҳои камбизоат ва ятиму бепарастор ба фаъолият шурӯъ кард. Дар рӯзи кушодашавии истироҳатгоҳ муовини  раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Бурҳонзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд И.Султонов, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи шаҳри Хуҷанд Ғ.Дадобоев, намояндагони шуъбаи маориф ва волидайни истироҳаткунандагон иштирок доштанд. Мавриди  зикр аст, ки чор  ... Read More »

Оғӯши  меҳрбори  «Шарора»

ш-1

Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии  «Шарора»-и шаҳри Кӯлоб дар мавзеи зебоманзари Эмомаскарии ноҳияи Муъминобод ҷойгир аст. Ҳамасола  дар мавсими таътили тобистона садҳо кӯдаку наврас ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд. Дар даври аввал 120 хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳр бо маблағгузории Шӯрои иттифоқхои касабаи шаҳри Кӯлоб      фаро гирифта мешаванд. Истироҳатгоҳи мазкур аз ду хобгоҳи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ , ду ҳавзи оббозӣ, китобхона бо ... Read More »

Салоҳиятнокӣ — талаботи таҳсилоти муосир

IMG_0012

Дар Стратегия миллии рушди  маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012,  №334 тасдиқ шудааст, чунин омадааст: “Дар давоми 10 соли наздик дар низоми таҳсилоти умумӣ тағйироти куллӣ ба  миён хоҳад омад. Ин бо гузариш ба таҳсилоти ба  салоҳиятнокӣ равонагардида бо мақсади баланд бардоштани қобилияти рақобати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд аст”. ... Read More »

Таваҷҷуҳ ба фароғати мактабиён

лагер

Ҳафтаи дуюм аст, ки дар истироҳатгоҳҳои мактабиёни чор ноҳияи шаҳри Душанбе дар дараи зебоманзари ноҳияи Варзоб садои шайпуру дафу нағораи булбулакони боғи дониш бо ҳавои фораму шилдирроси рӯдхонаҳои ин ноҳияи кӯҳсор ҳамнаво мегардад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳанӯз аз 7 январи соли равон ба мақсади фароҳам овардани шароити мусоид дар давраи истироҳати тобистона, барои беҳдошти саломатии кӯдакон ... Read More »

Физика ва таҳияи корҳои санҷишӣ

Санҷиши дониши хонандагон яке аз воситаҳои асосии муайян намудани дониши аз худ кардаи хонандагон аст. Корҳои санҷиширо дар намудҳои шифоҳӣ, хаттӣ, тестӣ, электронӣ (тариқи воситаҳои мултимедивию информатсионӣ) гирифтан мумкин аст. Муҳим ин аст, ки аснои санҷиш доираи дониши гирифтаи хонанда доир ба ин ё он боби муайян дақиқ санҷида шавад. Мутобиқи барномаи таълимии курси физикаи мактабӣ аз ҳар як  синф ... Read More »

Дафтарҳои ошно

тетрадь

Мавзӯъҳои иншоро ба тахтаи синф навиштам. Шогирдонам, хонандагони синфи 11,  яке бо хушҳолӣ, дигаре норозиёна мавзӯъ интихоб мекарданд. Пас аз анҷоми саволу ҷавоб, баҳсу мунозира ва навиштани нақшаи кор ҳар яке ба даст қалам гирифта, аз пайи навиштани иншо шуданд. Дар синф хомӯшӣ ҳукмфармо буд. Танҳо хишир-хишири қалам ва гоҳ-гоҳ садои пичир-пичири Руслан, ки аз рӯи одат аз Фарзона ё ... Read More »

Ҳадяи пурарзиши олим

968971057 (1)

Нашриёти «Сифат» китоби нави академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, устод Муҳаммадулло Лутфуллоевро таҳти унвони «Тулӯи хуршеди истиқлол ва масъалаҳои тарбия»  ба табъ расонд. Асар ба 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ватани маҳбубамон бахшида шудааст. Воқеан, Истиқлолро ҳамчун арзиши маънавӣ  пешниҳод кардан дар илми педагогика идеяи нав аст. Сухан бобати он аст, ки дар ин илм солиёни зиёд ҳашт ... Read More »

Як қатраи ҳаёт

Кураи замини моро об дар шакли нам ва буғ иҳота намудааст, ки гидросфера ном дорад. Сатҳи болои кураи замин аз 70% об ва 30 % хушкӣ иборат аст. Об дар бадани мо 75%, дар майна 85%, дар хун бошад, 94%-ро ташкил дода, 99 % -и молекулаҳои организми моро молекулаҳои об ташкил додаанд. Об – асоси ҳаёт мебошад. Агар инсон ба ... Read More »