Monthly Archives: Май 2016

Раъйпурсии умумихалқӣ баргузоргардида ҳисобида шуд

78962-2

22 майи соли 2016 санаи таърихиест, ки дар ин рӯз ифодаи олии иродаи халқи Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид. Мардуми шарафманди тоҷик дар баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ва озодона ширкат варзиданд. Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода 23 май зимни эълони натиҷаҳои ... Read More »

Вусъати ҳамкориҳо

IMG_5965

20 майи соли ҷорӣ вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо намояндагони Фонди хайриявии «Лона»-и Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид. Дар он доктор Аҳмад Муҳаммад Саҳоб-раиси Шӯрои олӣ, Абдулло Муҳаммад Саҳоб-директори генералӣ, Солеҳ Муҳаммад Саҳоб-директори филиал ва Муҳаммад Ҳусайн Алӣ ал-Қосимӣ-мушовири Ширкати  байналмилалии телекоммуникатсияи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ширкат варзиданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба вусъати ҳамкориҳо қайд ... Read More »

ВАО ва масъалаҳои сиёсии минтақа

IMG_2045

Дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши ВАО дар ҳамгироии кишварҳои Осиёи Миёна» конфронси  илмӣ – амалии байналхалқӣ баргузор гардид. Муовини ректори ДМТ оид ба илм, профессор С. Сафармамадов дар оғози конфронс таъкид дошт, ки ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бояд дар муқобили ҷараёнҳои  сиёсӣ  мавқеи худро ёбанд, зеро ҷаҳони муосир дар рӯёрӯи воқеоти гуногуни сиёсӣ қарор дорад. Дар роҳи ... Read More »

Пайравони Пешвои миллатем

TAJIKISTAN1

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  яке аз омилҳои асосии рушду инкишоф ва мустаҳкамии миллату давлатро   омӯзиш дониста, баҳри баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам овардаанд. Барои ҳавасманд кардани ҷавонони болаёқат дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо стипендияи Президентӣ  таъсис шудааст, ки садҳо ҷавонони фаъол аз он бархӯрдоранд. ... Read More »

Таваҷҷуҳи духтарон ба таҳсил меафзояд

IMG_9123

Маҳз дар даврони Истиқлолият дар соҳаи илму маорифи кишвар тағйироту навгонӣ ва пешрафтҳои назаррас ба амал омад, ки таъсис ёфтани Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММТНПҶТ), ки қабули довталабон ба аксарияти муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бар зиммаи ин муассиса гузошта шудааст, аз ин қабил мебошад. Маводи омории дақиқи ин муассиса, аз ҷумла, вазъи фаро гирифтани бонувон ... Read More »

Ноҳияи Ванҷ: Дар ҷодаи талошҳо

IMG_9301

Дар доираи чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ҳафтаи гузашта баргузор гардид, ҳайати рӯзноманигорон ба гурӯҳҳо тақсим гардиданд. Гурӯҳи мо, ки аз се нафар – ман, муҳаррири шуъбаи ҳафтаномаи «Омӯзгор», Шамсулло Фозилов – мухбири нашрияи «Фараж» ва Абдуҷалили Амон – корманди маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» иборат буданд, ба ноҳияи Ванҷ баҳри дидору мулоқот бо ... Read More »

Минтақаи Кӯлоб: Чаро барнома иҷро нашуд?

0 (29)

Яке аз заминаҳои таъмини сифати таҳсилот ва баланд бардоштани дониши назариявӣ ва амалии хонандагон мустаҳкамсозии базаи моддиву техникӣ ва ҷиҳозонидани кабинетҳои фаннӣ мебошад.  Қабул ва амалӣ гардидани  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.05.2010, №223 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ» дар рушду нумӯи соҳаи маориф тамоми имкониятҳоро ... Read More »

Ҷавонон ва китоб

968971057

Ман доир ба сабабҳои аз китобхонӣ дур шудани хонандагон таҳқиқот гузаронидам. Бо ин мақсад аз анкетаи махсус истифода бурдам, ки аз ҷониби кормандони шуъбаи педагогика ва психологияи Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти  Тоҷикистон тартиб дода шудааст. Ба таҳқиқот 148 хонандаи синфҳои 7 ва 8-уми литсей — интернати Президентӣ  барои кӯдакони болаёқати ҶумҳурииТоҷикистон ҷалб шуданд. Натиҷаи таҳқиқот нишон дод, ки 80%-и ... Read More »

Нақши омӯзиши фанҳои табиию риёзӣ

Яке аз самтҳои афзалиятноки беҳтар намудани сифати таҳсилот дар низоми кредитии таҳсилот ба таври васеъ татбиқ намудани технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ, техникаи компютерӣ, китобҳои дарсии электронӣ, воситаҳои мултимедиа, таъмини таҷҳизоти навтарини таълимӣ ва лабораторӣ мебошад. Тараққиёти босуръати технологияи иттилоотӣ, ки имрӯз мушоҳида мегардад, пайдошавии усулҳо ва воситаҳои педагогии навро ба монанди таҳсилоти фосилавӣ, китобҳои электронӣ, низомҳои тестгирии компютерӣ, низомҳои омӯзиши автоматикунонидашуда, ... Read More »

Эҷодкориву навоварӣ — кафолати пешравӣ

Яке аз омилҳои баланд гардидани сатҳи дониши хонандагон ва таъмини сифати таҳсилот маҳорату малака ва дониши баланди омӯзгор мебошад. Кори муаллимони беҳтарин аз методҳои дарсдиҳии онҳо ва дастовардҳои шогирдонашон маълум мегардад. Дар синфҳое, ки муаллимони ботаҷриба дарс мегузаранд, мушоҳида кардан мумкин аст, ки бачаҳо чӣ тавр машғули дарсомӯзӣ ҳастанд, онҳо бо ҳамроҳии муаллимонашон чӣ тавр гиреҳи масъалаҳоро мекушоянд, бо далелҳои ... Read More »

Парандагонро дӯст доред

али

Чанде пеш дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М.Миршакар вохӯрии хонандагон бо шоири шинохта Алӣ Бобоҷон баргузор гардид. Таъкид шуд, ки А.Бобоҷон  дар силсилашеърҳои «Алифбои парандаҳо», «Мусиқии баҳор», «Пайғоми парасту» дар бораи парандаҳо бо меҳр сухан гуфта, дар замири хонандагон табиатдӯстиро  талқин намудааст. Забон ва тарзи баёни шоир низ равону самимӣ буда, толибилмро ба худ ҷалб менамояд. Китоби  «Меҳрпайванд», ... Read More »

Дастур барои рӯзноманигорон

Китоби нави устоди факултети журналистикаи ДМТ Қироншоҳ Шарифзода бо номи «Газета (рӯзнома)» аз таърих, вазифаҳои иҷтимоӣ, таснифот ва сохтори редаксияи он» аз чоп баромад. Дастури мазкур доир ба пайдоиш, таҳаввул ва таъйиноти газета чун воситаи қадимтарини ахбори омма ва таснифоти навъу намудҳои он дар марҳилаи кунунии рушди воситаҳои ахбори омма буда, барои истифодаи донишҷӯёни ихтисосҳои журналистика, мутахассисони соҳа ва алоқамандони ... Read More »

Нақши машқ

Дар адабиёти методӣ мақсадҳои амалӣ, тарбиявӣ ва такомули  омӯзиши забони хориҷӣ нишон дода шудаанд, ки ин мақсадҳо зина ба зина ташаккул меёбанд ва чор рукни фаъолияти муоширатӣ (ҳарфзанӣ, шунида фаҳмидан, хондан ва китобат) татбиқ мешавад. Машқҳо дар ин самт нақши муҳим доранд. Аз рӯи нишондоди таълими дидактика машқ амалиётест, ки барои молик шудан ба малака ва маҳорате такрор ба такрор ... Read More »

Омӯзиши забон – тақозои замон

Роҳбарият ва омӯзгорони мактаби №93-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо волидайни хонандагон робитаи хуб доранд. Роҳбарияти мактаб ба ифтихори Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наврӯзи байналмилалӣ, Ғалаба ва ғайра бо шахсиятҳои шинохта, адибон, ҳунарпешаҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат вохӯриҳо ташкил карда мешавад. Дар ҷаҳони муосир донистани забонҳои русӣ ва англисӣ хеле муҳим аст. Зеро шогирдоне, ки мо тайёр менамоем, минбаъд ... Read More »

Сухан бифканад минбару дорро

Солҳои охир таваҷҷуҳ ба забондонию забономӯзӣ дар кишвари маҳбуби мо марҳила ба марҳила меафзояд. Ба ин, пеш аз ҳама, дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусоидат карда. Президенти ҷумҳуриамон борҳо таъкид намудаанд, ки дар ҷаҳони муосир барои ҳар як ҷавон донистани ду-се забони хориҷӣ зарур аст, то фаъолияти шоиставу фарогир дошта бошад. Вобаста ба ин, ба мушоҳида мерасад, ки ... Read More »

«Ғунча»-и дилписанд

Пас аз чаҳор соли фароғат ва омӯзиш дар оғӯши гарму гуворои мактаб-кӯдакистони №111-и ноҳияи  Фирдавсӣ, ки «Ғунча» ном дорад, инак фарзандони мо бо рӯҳи болидаву дили фараҳбор барои ворид ба оғӯши хирадгустари дабистонҳо шудан омодагӣ мегиранд. Мо басо сипосгузору қаноатманд ҳастем, ки дар ин муддат дар муассисаи мазкур барои фарзандонамон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд. Мудири муассиса Сарварой Усмонова, ... Read More »

«Тоҷикони водии Хуф»

Танҳо пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дину оин, мазҳаб ва маросимҳои суннатӣ аз нав эҳё гардиданд ва дар давоми 25 соли истиқлолияти кишвар миллати тоҷик дар талоши ҳувият ва эҳёи арзишҳои суннатии худ ҷидду ҷаҳд дорад. Бояд қайд кард, ки дар муаррифӣ намудани тоҷикон ҳамчун миллати куҳанбунёду тамаддунсози сарзамини Осиёи Марказӣ хизмати олимони шарқшиноси рус ниҳоят ... Read More »

Саёҳат ба кохи маърифат

Ман хонандаи доимии шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷкистон ҳастам. Кори ин шуъба ва дар маҷмӯъ, фаъолияти КМТ тарзе ба роҳ монда шудааст, ки кас бароҳат ҳам китоб хонда метавонад, ҳам аз воситаҳои чопии электронӣ бемалол истифода мебарад. Воқеан ҳам, китобхона барои инсони китобхону китобдӯст беҳтарин маъвост. Дар охири моҳи апрел (пеш аз таҷлили Рӯзи сайёҳон) дар шуъбаи хизматрасонии махсуси ... Read More »