Monthly Archives: Апрель 2016

Теъдоди лаёқатмандон меафзояд

Гузориш аз олимпиадаи даставии хонандагон 16-17 апрели  соли ҷорӣ дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Ҳисор олимпиадаи даставии хонандагон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забонҳои англисиву русӣ, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, таърих, химия, физика, биология, математика ва технологияи информатсионӣ байни дастаҳои мактабҳои Президентӣ ва дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар расми ... Read More »

Бунёдгузори артиши миллӣ

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Оре, ҳифзи Ватан, дастовардҳои истиқлолият ва сулҳу осоиш вазифаи муқаддас ва шарафи бузург аст. Ва ин вазифаҳои муҳимро мо – мардуми Тоҷикистон, вақте сарбаландона иҷро карда метавонем, ки аввалан ба моҳияти истиқлол, арзишҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд сарфаҳм равем ва ... Read More »

«СASA-1000» чӣ манфиат дорад?

Лоиҳаи  «СASA-1000» яке аз лоиҳаҳои  бузургтарини муштараки  Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон буда, барои кишварҳои ширкатдор як қатор  манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ хоҳад овард. Ин лоиҳа норасоии неруи барқро коҳиш дода,  дар  корҳои тиҷоратии кишварҳои шарик манфиат ва ҷойҳои нави кориро ба вуҷуд хоҳад овард. «СASA-1000» якумин лоиҳаи минтақавӣ ба ҳисоб рафта, Осиёи Марказиро бо Осиёи Ҷанубӣ пайваст месозад. ... Read More »

Рӯзи илми тоҷик таҷлил шуд

Дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он Рӯзи илми тоҷик таҷлил гардид. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид иброз дошт, ки ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи апрел дар кишвари мо Рӯзи илми тоҷик қайд карда мешавад. Ин падида зодаи даврони ... Read More »

Зарурати воқеӣ

Муҳимтарин санадҳо, дастурҳо ва қонунҳои умумибашарӣ ҳамеша тағйирпазиранд ва ин дигаргуниҳо вобаста ба ивазшавӣ, рушду такмили вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа, ки ин нуктаро ағлаби ҷомеашиносон ва донишмандони гузашта ва кунунӣ таъкид карданд. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун оғози қонунҳои дигар дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум нақши муассире дорад,  ки дар таҳкиму густариши дигар қонунҳо, дастурҳо ва ... Read More »

Истиқлолият ва рушди Бадахшон

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз минтақаҳои рушдёфтаи фарҳангию иқтисодӣ буда, дар пешрафту тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи бузургу мондагор дорад. Ҳанӯз аз замонҳои гузашта ва қарнҳои мозӣ ин сарзамин бо сангҳои қиматбаҳо ва маъданҳои ба гунаи комилу пурра кашфношуда, хусусан бо лаъли оламшумули худ дар тамоми ҷаҳон нуфузу обрӯ пайдо карда буд. Давлатдорони олам, шоҳони ғосиб бо ҳуҷуму лашкаркашиҳои пай ... Read More »

Номаи сипос

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир  менамоянд. Боиси хушнудист, ки чунин таваҷҷуҳро аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ  пайваста эҳсос менамоем. Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 313 муассисаи таълимӣ фаъолият доранд. Раванди бунёдкорӣ дар соҳаи маорифи ... Read More »

Терроризму экстремизмро маҳкум менамоем!

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ вохӯрии кормандони прокуратура, раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд ва Шӯрои уламои дини вилоят бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид. Мулоқот ба мавзӯъҳои мубрами рӯз: пешгирии шомилшавии ноболиғону ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ҳизбу созмонҳои террористиву экстремистӣ, тақлид ба маданият ва тарзи либоспӯшии ба фарҳанги мо бегона ва ба ин васила тарбия ... Read More »

Минтақаи Кӯлоб: Фаъолияти кӯдакистонҳо беҳбуд мехоҳад

Бо мақсади дар кадом сатҳ амалӣ гардидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.10.2011, № 467 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолияти муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Тавре муовини сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Э.Саидамиров иброз дошт: — То имрӯз 33 адад муассисаи ... Read More »

Воситаи муҳими такмили фаъолияти омӯзгор

Мо, омӯзгорон,  дар тарбияи насли наврас аз мақолаҳои методие, ки дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» чоп мешаванд, бисёр истифода мебарем, аз ҷумла, аз мақолаҳои методии яке аз нигорандагони фаъоли «Омӯзгор», номзади илмҳои педагогӣ Ҳурлиқо Қаюмова. Мақолаҳои ӯ аз қабили “Дарси муосир масъулиятталаб аст” ,“Такмили таълим дар дарс”,“Корҳои методӣ дар муассисаи таълимӣ”, “Такмили маҳорати педагогӣ”, “Дар таълиму тарбияи педагогӣ масъулияти бештар мебояд”,“ Муҳити ... Read More »

Усулҳои дидактикии таълим

Дар толори маҷлисҳои Донишгоҳи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Истифодаи усулҳои дидактикии таълим дар такмили ихтисос» баргузор гардид. Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ ректори МД ДҶТИБКСМ Х.Қурбонзода ифтитоҳ намуда, дар хусуси мавзӯи матраҳшаванда мухтасаран маълумот дод. Сипас, муовини ректори донишкадаи мазкур, Шосафар Акобиров дар мавзӯи «Мазмун, мундариҷа ва мавқеи фанни география дар таълим (ҷанбаҳои ... Read More »

Ҳамеша бо Ватан будам

Устод Мирзо Турсунзода зиндагии басо ҳикматбору пурҳаводисе ба сар бурда, тамоми ҳастии хеш, меҳру муҳаббаташро ба халқи азизаш бахшид ва ҳамеша дар талоши  ҳифзи манфиатҳои миллӣ (албатта, вобаста ба имконоти замонаш) буд. ӯ тоҷиконро дар паҳнои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кард. Устод тавассути каломи бадеъ ба ҳимояву тарғиби сулҳ дар саросари олам бархост ва аз манфиатҳои ... Read More »

Волидонам нахустустодони мананд

Ман борҳо бо ин омӯзгори маърифатманду соҳибистеъдод суҳбат доштам. Суҳбати гарму самимӣ ва таъсиргузоре дорад ӯ. Дар ҳар мавзӯе сухан оғоз бикунед, таноби суханро аёну ноаён ба мавзӯи мактабу маориф мекашад. Ва дар ин мавзӯъ бо ихлосу меҳри саршор сухан мегӯяд. Ифтихор аз он дорад, ки омӯзгор аст ва масъулияти фардои  насли наврасро ба дӯш дорад. Ба андешаи ӯ, омӯзгорӣ ... Read More »

Имконият барои довталабон

Аз якуми марти соли равон бақайдгирии довталабон ба муассисаҳои олии кишвар оғоз ёфтааст. Тавре котиби матбуотии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ситорабону Назарова иброз дошт, ба хотири дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва зиёд будани навбат дар нуқтаҳои бақайдгирии  марказ муҳ-лати қабули довталабон боз 15 рӯзи дигар тамдид шуд ва акнун то 30-юми апрели соли ҷорӣ давом хоҳад ёфт. ... Read More »

Зиракии сиёсӣ аз дарки дурусти ҳодисаҳо ҳосил мешавад

Шинохти содаву фаҳмои терроризму экстремизм Бояд иқрор шуд, ки ба мубориза алайҳи терроризму экстремизмро ҳар нафаре аз равзанаи гуногун шарҳу тавзеҳ медиҳад ва дар шинохти аслии он то ҳанӯз аҳли башар хулосаи дақиқу амиқи худро ҳосил накардааст. Ҳамчунин, терроризму экстремизмро дарди мазҳабӣ ва василаи муборизаву қасоси пайравони як дину эътиқод медонанд, бархурди фарҳанги насрониву исломӣ баҳогузорӣ карда мешавад ва ин ... Read More »

Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2016 Ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаи вазири маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидро “Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи  аввали соли 2016” муҳокима намуда, қарор кард: 1. Маърӯзаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин ... Read More »

Камбудиҳо бартараф мешаванд

Раёсати маорифи вилояти Суғд мақолаи “Омӯзгор” дар Спитамен”  (№ 46 аз 13 ноябри соли 2015), инчунин,  посухи  хабарнигори  нашрия Абдурауф Муродиро  таҳти унвони “Китоб хондан даркор”, ки дар шумораи № 49, аз 4 декабри соли 2015 дар ҳафтанома  ба нашр расидааст, мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дод. Бояд гуфт, ки чоп шудани  мақолаҳои мазкур аз таваҷҷуҳ ва дилсӯзии муаллифи он ба ... Read More »

Кабинети методӣ – пешбарандаи раванди таълим

Дар Мактаби хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тибқи лоиҳаи «Хониши босифат – ЮСАИД» дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  семинар-машварати ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Кабинети методӣ – пешбарандаи раванди таълим» баргузор гардид. Директори Маркази ҷумҳуриявии методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Ёрмуҳаммадзода перомуни нақши кабинети методӣ дар раванди таълим фикру ... Read More »