Monthly Archives: Март 2016

Ифтитоҳи Маркази саломатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ

15 марти соли ҷорӣ дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Маркази саломатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ оғози расмӣ бахшид. Зимни шиносоӣ бо шароити Маркази саломатӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ наздики 9 миллион сомонӣ ... Read More »

Таҷлили Рӯзи матбуот

11-уми март ҳамасола дар кишвари мо ҳамчун Рӯзи матбуот, иди касбии рӯзноманигорон таҷлил мегардад. Имсол ба ин муносибат Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, нашрияҳои «Ҷумҳурият» ва «Садои мардум» як зумра собиқадорону соҳибқаламони журналистикаро бо мукофотҳои гуногун сарафроз намуданд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории пурсамару бардавом бо муассисаҳои соҳаи маориф, инъикоси масъалаҳои мубрами соҳа дар матбуот, ... Read More »

Роҳи Абрешим

5-9 марти соли равон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон олимпиадаи байналмилалии «Роҳи Абрешим» аз фанни математика доир шуд. Дар  он 12 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда,  4 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ҳамчунин, бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» дар як вақт барои хонандагони мактабҳои кишвар  шароит фароҳам оварда шуд, ки аз тариқи ... Read More »

Пешвои Тоҷикистон ба узвияти “Панели сатҳи баланди ҷаҳон роҷеъ ба об” интихоб ва пазируфта шуд

Тибқи номаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ Ҷим Ёнг Ким Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба узвияти “Панели сатҳи баланд роҷеъ ба об” интихоб ва пазируфта шуд. Ёдовар мешавем, ки қарор дар бораи таъсиси панели мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои аъзои СММ ... Read More »

Рӯзи дарҳои кушода дар ДДТТ

Бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ барои рушди сифати таълим дар мактабҳои олии кишвар  15 миллион доллар ҷудо гардида, маблағи мазкур ҳамчун лоиҳа аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад. Ба хотири муаррифии лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини ... Read More »

Тағйиру иловаҳо – тақозои замон

Соли равон дар саросари кишвари маҳбубамон 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад ва ин барои ҳар як сокини мамлакат ҳодисаи муҳими таърихист. Дар давоми чаҳоряк аср Ватани азизи мо таҳти  роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила рушд ёфту пешт рафт ва шуҳрату эътибори ҷаҳонӣ пайдо кард. Пас аз соҳибистиқлол гаштан кишвари моро лозим ... Read More »

Наврӯз дар паҳнои сиёсат

Чун Тоҷикистон Истиқ-лолияти давлатӣ ба даст овард, Созмони Милали Муттаҳид (СММ) онро ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр ба узвият пазируфт ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон мамлакате бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ карду аз ҷониби беш аз 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта шуд. Тоҷикистон ба шарофати Сарвари соҳибхиради хеш Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ худ мавқею обрӯ ва нуфузу эътибор ... Read More »

Паём ва маорифи кишвар

Масъалаҳои рушди маориф ва илми ҷумҳурӣ як бахши муҳими Паёми Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медиҳад. Дастовардҳои дар замони соҳибистиқлолӣ ноилшудаи маорифчиёни ҷумҳуриро ягон кас инкор карда наметавонад. Мо вобаста ба имкон ва шароит дар ин соҳа корҳои зиёдеро анҷом додем. Дар баробари ин тараққиёти замона дар пешорӯи мо масъалаҳои зиёди ҳалшавандаро мегузорад, ки онҳоро сарфи назар кардан ... Read More »

Паём — роҳнамои халқу миллат

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни аксар суханрониҳояшон оид ба баланд бардоштани сатҳи дониши ҷавонон, ба илму дониш ҷалб кардани онҳо,  омӯхтани забонҳои русию англисӣ гаштаю баргашта таъкид мекунанд. Ин масъала дар Паёми имсола низ таъкид шуд. Имрӯзҳо мо шоҳиди он ҳастем, ки аксари толибилмони макотиби олӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бештар ба хондан рӯ ... Read More »

Нақши омӯзгор дар тарбияи насли наврас

Имрӯз дар замони пурҳаводиси олами ҳастӣ назди омӯзгор вазифаи асосӣ аз он иборат аст, ки барои ннкишофи тафаккури кӯдак, ташаккули рӯҳиву равонии он, дарки зебоӣ, донистани технологияи муосир, омӯхтани хулқу атвори баланди инсонӣ, гуманизм дарки зебоӣ, нафрат ба хиёнат, ба беадолатӣ, ба амалҳои ғайриинсонӣ водор доранд: Дар сурати пайдо шудани савол аз ҷониби хонанда, махсусан, дар масъалаҳое, ки имрӯз доғи ... Read More »

Қоидаҳои қабули хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили  2016-2017

1.        Ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (литсейҳои касбии техникӣ) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаае, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, ба шакли таҳсили рӯзона, шахсони синнашон то 30-сола қабул карда мешаванд. Шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, ки ҳуҷҷати баробарэътирофии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ доранд, ба муассисаҳои таълимӣ дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ қабул карда мешаванд. ... Read More »

Мушкилоти таълими суруд ва мусиқӣ

Таълими фанни суруд ва мусиқӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тибқи Нақшаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои синфҳои 1-6 ҳафтае 1 соат (34 соат дар як соли таҳсил) муайян карда шудааст. Воқеият бозгӯи он аст, ки дар қисми зиёди раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ воҳиди кории мушовири соҳавӣ оид ба ин фан корбаст нашудааст, ки ин яке ... Read More »

Байтбарак – омили инкишофи нутқ

Омӯзиши адабиёт дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ танҳо бо машғулиятҳое, ки дар синф мегузаранд, маҳдуд намегардад. Берун аз синф, берун аз муассиса низ доир ба адабиёт кори бисёре анҷом дода мешавад. Корҳои беруназсинфӣ, аз ҷумла, хониши беруназсинф (яъне, хондани китобҳои бадеӣ) машғулияти маҳфилҳо, шабнишиниҳо, мушоҳидаи табиат, тамошои филмҳо ва намоишномаҳо баҳсу мунозира, конференсия ва бозиҳои адабӣ дар тарбияи ахлоқию эстетикии ... Read More »

Такмили ихтисос ниёз ба ҳамбастагӣ дорад

Баланд намудани сифати таҳсилот бе такмил додани малакаву маҳорат ва ихтисоси омӯзгорону кормандони соҳаи маориф ва омӯзонидани нозукиҳои ихтисосҳои гуногун, методикаи таълими фанҳо ва роҳу усулҳои навини таълим ғайриимкон аст. Омӯзгор ҳамчун татбиқкунандаи сиёсати иҷтимоии давлат дар баланд бардоштани сифати таҳсилот бояд донандаи усулҳои  навини таълиму тарбия бошад. Зеро собит шудааст, ки омӯзгори аз нозукиҳои касби худ бохабар ва дар ... Read More »

Фаъолияти пурсамари марказ

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ фаъолияти пурсамар дорад. Марказ дорои 5 синфхона мебошад. Омӯзгорони ботаҷриба дар асоси озмун қабул гардида, ба хонандагон аз фанхои математика, физика, химия, биология, забони русию англисӣ  ва дигар фанҳои таълимӣ дарс мегӯянд. Натиҷаи кори хуби кормандони марказ аст, ки 6 нафар хонанда муассисаҳои таълимии миёнаи умумии ... Read More »

Бунёди мактабҳо дар ноҳияи Панҷ

Дар оғози таҳсили соли 2015-2016 дар маҳаллаи Кӯҳдомани Ҷамоати деҳоти «Озодагон»-и ноҳияи Панҷ муассисаи нави таҳсилоти умумии асосии рақами 50 дарҳои худро ба рӯи толибилмон кушод. Бинои муассисаи нави таълимӣ барои 240 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст. Дар сохтмони  бинои муассисаи таълимӣ, ки арзиши он 360 ҳазор сомониро дар бар мегирад, сокинони маҳаллаи номбурда, аз ҷумла, шахси саховатпешаву ҳимматбаланд ва маърифатдӯст ... Read More »

Наврӯз ва оину анъанаҳои он

Наврӯз дар солҳои соҳибистиқлолии миллии кишварамон шукӯҳу шаҳомати бештар пайдо кардааст. Имсол шашумин ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон ва қисме аз минтақаҳои олам ботантана ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз ҳамчун иди фархундаву фараҳбахше, ки табиат аз хоби тӯлонӣ бархоста, сарсабзу гулафшону муаттар мегардад, чеҳраи сероби дилрабояшро ба ҷилва оварда, ба дилҳо эҳсоси умеду хуррамӣ, ба машом тозагию накҳати сабзаю майса, гулу ... Read More »

Наврӯз расиду шоду хуррам гаштем

Наврӯз яке аз қадимтарини ҷашнҳои ориёист ва бунёдгузораш ба ривояте Ҷамшед мебошад. Ин ҷашн дар моҳи аввали баҳор, ки фарвардин ном дорад, фаро мерасад. Дар ин рӯз офтоб ба хати устуво рост меояд ва шабу рӯз баробар мешаванд. Таҷлили Наврӯзро ниёгони мо далели саршавии киштукор, эҳёи табиату олами наботот, ҷавонии дунёи куҳан медонистанд. Аз ин лиҳоз, Наврӯз бо зиндагии мардум, ... Read More »