Monthly Archives: Февраль 2016

Паёми телевизионии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 23 — юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ

Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ! Ҳамватанони азиз! Бисту се сол аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ — ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлоламон ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистонро бо устувориву фидокорӣ иҷро карда истодааст. Ба муносибати ин санаи фархунда тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро самимона табрик гуфта, ба кулли ҳомиёни содиқи марзу буми ... Read More »

Паём ва вазифаҳои нав

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарҳу тавзеҳи лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор шаҳру ноҳияҳо вохӯрию мулоқотҳои гурӯҳи кории вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо омӯзгорону кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ доир гардида истодааст. Чунончи, ... Read More »

Нишастҳои матбуотӣ: муаммо ва пешомадҳо

Дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нишастҳои матбуотӣ: муаммо ва пешомадҳо» мизи мудаввар доир гардид. Дар он раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода, муовини ректори ДМТ оид ба илм Сафармамад Сафармамадов, устодони факултаи журналистикаи ДМТ ва доираи васеи рӯзноманигорон иштирок намуданд. С.Сафармамадов нақши ВАО-ро дар беҳбуд бахшидани фаъолияти муассисаву корхонаҳо мусбат арзёбӣ кард. Сипас, З. Исмоилзода иброз дошт, ... Read More »

Бартарӣ ба маҳсулоти ватанӣ

Ҳамасола дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурнамои муҳимтарин самтҳои соҳаҳои гуногуни кишвар таҳлил ва баррасӣ мешаванд. Аз ин рӯ, ҳар як нуктае, ки дар Паём садо медиҳад, ниёз ба омӯзишу баррасии ҳамаҷониба дорад. Як нуктаи муҳими Паёми имсолаи Пешвои миллат таваҷҷуҳ ба истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ба кишвари содиротӣ табдил додани Ҷумҳурии ... Read More »

Террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ба ташвиш овардааст. Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи ҳодисаҳоеанд, ки барои амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунанд. Айни замон гурӯҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳизбуллоҳ», «Ал-қоида», «Боко Ҳарам», «Толибон» ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ ва истифода аз дини мубини ... Read More »

Хиттаи сабзи Наврӯз

Наврӯз ҷашни бедории табиат, омили зебоиву фараҳмандӣ, рамзи рӯшноиву сарсабзист. Он хилқати наку дорад ва ҳамагонро ба равшанзамириву хушрафторӣҳидоят мекунад. Наврӯз ҷаҳонро аз қабзаи торикӣ раҳоӣ бахшида, ба дасти рӯшноӣ месупорад. Аз ин ҷост, ки бо фарорасии ин фархундаҷашн шоир бо ҷӯши эҳсос ва бо ҳастии моломол аз шодиву сурур нидо дармедиҳад: «Ҷаҳон аз боди наврӯзӣҷавон шуд, Аҷаб зебо ки ... Read More »

Монеаҳои татбиқи барнома

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №233 Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣқабул ва барои иҷро пешниҳод гардид. Ҳадафи роҳандозии барномаи мазкур иборат буд аз таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои таълимӣ ва илмиву таҳқиқотии муосир бо мақсади муҳайё кардани шароити мусоид барои ... Read More »

Сохтмони мактаб кай сар мешавад?

Муассисаи таълимии №25-и ноҳияи Файзобод аз даврони Шӯравӣ мерос монда, дар ҳолати садамавӣқарор дорад. Синфхонаҳо танг буда, ба шароити имрӯза ҷавобгӯй нест. Сол то сол теъдоди хонандагон зиёд мегардад. Рӯзи ба муассиса омадани мо, хонандагон, дар курсиҳои синфхонаҳо 3-4 — нафарӣ нишаста буданд, ки ин ҳолат ба дарсазхудкунии онҳо  таъсири манфӣ мерасонад. Дар муассисаи таълимии номбурда зиёда аз 600 нафар ... Read More »

Шавла не,  «салидол»

(Аз ёддошти падар) Дар ҷанг чӣ воқеаҳое рух намедиҳанд. Паҳлуи ғаму андуҳ, маргу фоҷеъа, қаҳрамонию ҷонбозӣ лаҳзаҳое низ мавҷуданд, ки ҳаёти фронтиро  лабрез аз хандаю фароғат, хушию дилгармӣ мекунанд. Чунин як ҳодисаи  аҷиб бо падари ман Ҷумъа Алӣ ва чанд нафар дӯстони ҳамяроқашон дар ҷараёни ин ҷанги хонумонсӯз рух дода буд, ки баъзан он ҳодисаро бо табассум ба хотир оварда ... Read More »

Каломе беҳтар аз Модар — Ватан нест!

Бахшида  ба Рӯзи Артиши миллӣ дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе ҳамоиши идонаи устодон ва донишҷӯён ва намояндагони ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар суханрониҳои муовини вазири мудофиаи ҶТ, полковник Асрор Лоиқзода ва муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ... Read More »

Ҳамкорӣ омили комёбист

Дар ҷомеа нафароне ҳастанд, ки бо хизматҳои арзанда ва заҳмату талош мавқеи сазовор доранд. Яке аз онҳо омӯзгори варзида Анварбек Аҳмедов мебошад. ӯ соли 1974 ба ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, онро соли 1979 бо ихтисоси муаллими физика ва меҳнат хатм намуд. Баъди хатми донишгоҳ дар чандин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таълиму тарбияи хонандагон машғул шуда,  аз ... Read More »

«Фарзандон»-и имтиёздори Президент

Ё чанд сухан дар хусуси квотаи Президентӣ ва паҳлуҳои ин имтиёз Давоми панҷ соли охир тибқи квотаи Президентӣ 5 877 нафар муассисаҳои олии кишваро хатм кардаанд, ки аз ин теъдод 3039 нафар духтар ва 2838 нафар писар мебошанд. Сафарбой Самадов,  сармутахассиси раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии  Вазорати маориф ва илм мегӯяд, ки сол то сол теъдоди квотаҳои Президентӣ зиёд  ... Read More »

Нуқтаҳои бақайдгирӣ тасдиқ шуд

Ба диққати алоқамандони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) 2016 расонида мешавад, ки рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур тасдиқ гардид. Тибқи рӯйхати мазкур, ки дар асоси таҳлили шумораи умумии хатмкунандагон вобаста аз шаҳру ноҳияҳо дар соли 2016 ва барои таъмини дастрасии хоҳишмандон таҳия гардидааст, барои аз қайд гузаштани довталабон дар 26 шаҳру ноҳияи интихобии ҷумҳурӣ 28 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ... Read More »

Пурсед, ҷавоб медиҳем

Ба идораи ҳафтаномаи «Омӯзгор» аз номи мудири кабинети методии шуъбаи морифи шаҳри Турсунзода З.Саидов чанд саволи зер пешниҳод шудааст: 1. Воҳиди кории мушовири кабинети методӣ бояд чанд сомонӣ бошад? 2. Агар мушовир дар ҳаҷми 1,5 воҳиди корӣ кор кунад, дар табели кории ӯ чанд соати корӣ навишта мешавад? 3. Оё дар табели кории мушовир соати корӣ нишон дода мешавад? 4. ... Read More »

Устоҳои таълими истеҳсолӣ аз такмили ихтисос мегузаранд?

Ҳафтаи аввали моҳи соли ҷорӣ бо иштироки муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Б.Одинаев ва кулли директорони муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи касбӣҳамоише барпо гардида, аз мушкилоти соҳа сухан рафта буд. Дар 65 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ аз рӯйи 155 ихтисос касбу ҳунар омӯзонда мешавад, аммо ҳангоми сафарҳои эҷодӣ кас ба якрангии кори баъзе аз ин муассисаҳо дучор гардида, аз беҳавсалагии ... Read More »

Бозиҳои дидактикӣ дар дарси забони англисӣ

Яке аз роҳҳои шавқовару пурмаҳсул дар дарси забони англисӣ доир намудани бозиҳои дидактикӣ мебошад. Якчанд намуди бозиҳои дидактикиро, ки гузарониданашон басо ҷолиб ва муфид аст, пешкаши хонандагон менамоем. Бозии «Puzzle» (муаммо, чистон) Ин бозӣ имконт медиҳад, ки омӯзгорон то кадом андоза аз тарафи шогирдон аз худ кардани алифборо муайян намоянд. Тарзи гузаронидани он: хонандагонро ба гурӯҳҳо ҷудо мекунем (ба чанд ... Read More »

НБО-и Роғун ва арзишҳои экологӣ

Дар адабиёти классикию муосири тоҷик нақши об дар ҳаёти инсон бо тамоми паҳлуҳояш инъикос ёфтааст. Мо аз ташреҳи ин масъала худдорӣ намуда, фақат нақши публитсистикаи тоҷикро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз он ҷумла, оқилона истифодабарии манбаъҳои обӣ дар мисоли НБО-и «Роғун» мавриди таҳлилу тафсир қарор медиҳем. Гарчанде дар матбуоти дохилимарзию бурунмарзӣ нисбат ба бунёди ин неругоҳ баҳсу муколамаҳои зиёде ҷараён ... Read More »

Китобхони беҳтарин

Чанде пеш бо ташаббуси шуъбаи  маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш дар мактаби №1-и ноҳия озмуни «Китобхони беҳтарин» баргузор гардид. Озмун аз ҷониби Лоиҳаи «Хониши босифат» бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалии «USAID» ва «Наҷоти кӯдакон» дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар озмун 46 нафар хонандаи синфҳои 2-4-и муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуданд. Озмун аз ... Read More »