Monthly Archives: Январь 2016

Зиҳӣ, ҷонфидои миллат!

Дар ҳошияи шеъри «Пешвои миллат» Ба тасвиб расидани санади муҳими таърихӣ – Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории халқи куҳанбунёдамон  воқеаи фараҳбахш ва сутуданист, зеро ин қонун мақому манзалати шахсияти фавқулода сиёсӣ, ходими шаҳири ҷамъиятӣ, бунёдгузори сулҳу ваҳдат ва давлати миллии Тоҷикон  Эмомалӣ Раҳмонро ҳимоя ... Read More »

Дастовардҳои назаррас

Дар нишасти матбуотии сардории раёсати маорифи вилояти Суғд О.Каримзода оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти маорифчиёни вилоят дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016 сухан рафт. Дар рафти саволу ҷавоби озод масоили муҳими соҳа, аз ҷумла, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, вазъи кунунии таълими забонҳои хориҷӣ, таҳсили дастпарварони мактабҳои вилоят дар мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ, ҷалби омӯзгорони болаёқат аз ... Read More »

12 медал дар 1 моҳ

Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон моҳи равон Олимпиадаи байналхалқии Жаутиковӣ аз фанҳои физика, математика ва технологияи информатсионӣ баргузор гардид, ки дар  он 34 хонандаи тоҷик иштирок намуда, сазовори 6 медали биринҷӣ гардиданд. Тавре директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо У.Сафаров иброз дошт, хонандагони мо пас аз баргузории олимпиадаи фаннӣ дар мусобиқаи варзишӣ низ иштироки фаъолона намуда, дар байни намояндагони ... Read More »

«Мураббии соли Тоҷикистон-2015» муайян гардид

Рӯзҳои 21-23  январи  соли 2016 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва дар кӯдакистони 17, ноҳияи Сино марҳилаи ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии  «Мураббии соли Тоҷикистон-2015» доир гардид.  Дар озмун 5 нафар ғолибони даври вилоятии озмуни «Мураббии сол»-Атаева Садоқат (ширхоргоҳ — кӯдакистони №9-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд), Олифтаева Гулчеҳра (ширхоргоҳ-кӯдакистони №5-и шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон), Ғуломалиева Сабзина ... Read More »

Ҳамкории ду кишвар дар соҳаи маориф

18-уми январи соли ҷорӣ вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Б.Одинаев бо директори Донишкадаи Ачаряи Ҷумҳурии Ҳидустон Вишеш Чандрашекар доир гардид. Донишгоҳи Ачаря тӯли 25 сол мешавад, ки дар шаҳри Банголаи Ҷумҳурии Ҳиндустон фаъолият дорад ва дар он аз 65 кишвари ҷаҳон зиёда аз 12 000 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Муовини вазири маориф ва илм Б.Одинаев қайд намуд, ... Read More »

Идомаи сохтмони мактабҳо

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои вазири маориф ва илм гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илм бо роҳбарии сардори раёсати сохтмони асосӣ А.Зарифов аз рафти сохтмони иншооти соҳаи маориф дар ноҳияи Восеъ ва Темурмалик дидан намуд. Бояд қайд кард, ки айни ҳол сохтмони 5 синфхонаи иловагӣ барои 125 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №15-и ноҳияи Восеъ идома дошта, он ... Read More »

Технологияҳои иттилоотӣ дар дарс

Дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки: «Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани ... Read More »

Ба воситаи ДИИШ ба биҳишт?

Бераҳмию ҷаҳолат чӣ тавр дар мағзҳои кӯрдилони ҷангҷӯ реша давонда, ҷаҳонро ба вартаи нооромӣ мувоҷеҳ месозад? Воқеаву ҳодисоти солҳои охир дар Шарқи Наздик ва бархе аз мамолики Африқо, ки бо вусъати ҷангҳои хонабарандоз ва қатлу кушторҳои бераҳмонаи одамони бегуноҳ,  шурӯъ аз тифлону кӯда-кон, наврасону ҷавонон, духтарону бонувон то мардону пирони солманд ҷаҳонро ба нооромию инсонҳои фазилатманду соҳибхирадро ба нигаронӣ мувоҷеҳ ... Read More »

7 монеаи 5-гона

Озмун як навъ чорабиниест, ки дар он натиҷагирӣ аз фаъолияти самти муайяншуда дар симои чанд нафар сурат мегирад. Яъне, дар озмун мутаносибан беҳтаринҳо роҳ меёбанд. Озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки ҳар сол баргузор мешавад. Ин озмун даврҳои муайянро дар бар  мегирад: мактабӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ (ниҳоӣ). Мутмаинем, ки даври мактабӣ дар аксар мактабҳо  ташкил намешавад, ҳатто ... Read More »

Асарҳои бадеӣ камёбанд

Вақте ки мо ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ омадему ба китобхонаи он ворид гардидем, рӯз аз нисф гузашта буд, вале толорҳои «ганҷина»-и донишгоҳ моломоли муҳассилин буданд. Ба ҷуз донишҷӯёни бахши рӯзона, муҳассилини бахши ғоибонаи донишгоҳ низ дар китобхона сарчашмаю адабиёти пешниҳодкардаи устодону омӯзгоронро меомӯзанд. Бо ҳидояту роҳнамоии корманди масъули шуъбаи таъминот ва коркарди китоб Зебуниссо Латифова, ки ... Read More »

Донишҷӯён дар вақти сессия мутолиа мекунанд?

Ҳоло донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар дар таътили зимистона қарор доранд. Оё донишҷӯён дар таътил китобҳои бадеӣ мутолиа мекунанд? Интизориҳои устодон аз мутолиаи донишҷӯён чӣ гуна аст? Зариф Наимов, номзади илмҳои педагогӣ, устоди ДМТ дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки дар ҳар як сессия ба донишҷӯён рӯйхати иловагӣ дода мешавад ва ҳангоми супоридани имтиҳон мутолиа кардан  ё накардани донишҷӯ маълум ... Read More »

Барномае, ки 106% иҷро гардид

Посухҳои директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Киромуддин Назаров ба саволҳои хабарнигори ҳафтаномаи «Омӯзгор» — Муаллими муҳтарам, соли гузашта муҳлати татбиқи яке аз дастурҳои муҳиму марҳилавӣ дар соҳаи маориф – «Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» ба итмом расид. Суҳбати мо ба ҳамин муносибат баргузор мешавад ва ... Read More »

Ба як шахс 5 дарахт лозим аст, то…

Дар солҳои охир, хушбахтона, ба масъалаҳои тарбияи экологии хонандагон аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад, чунки ба инкишофи ҳаматарафаи кӯдак на танҳо муносибатҳои инсонӣ, балки муҳити зист низ таъсири зиёд мерасонад. Аз ин рӯ, мо омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ барои баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон дар дарсҳои табиатшиносӣ ва соатҳои тарбиявӣ асосҳои экологияро меомӯзем. Мақсади мо тарбияи насли наврас ба ҳадафи риояи меъёрҳои ... Read More »

Талабот ба мутахассисон меафзояд

Зарурати такмили ихтисос барои кормандони соҳаҳои мухталиф дар замони ҷаҳонишавӣ, рушди илму техника ва навгониҳои воситаҳои коммуникатсионӣ падидаи нав набуда, балки як раванди босуботи омодагии доимии мутахассис дар баланд бардоштани савияи дониши касбӣ мебошад. Ҳатто, садсолаҳои пешин бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва такмили ихтисос кишварҳои дар сатҳи рушд қарордошта ба кишварҳои рушдёфта мутахассисонро сафарбар менамуданд, то ки малака ва ... Read More »

Ҳадаф: дарси пурсамар

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва натиҷабахшии раванди он таҳияи стандартҳои фанниро ба роҳ мондааст. Озмоиши он дар якчанд муассисаи таълимии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд низ  идома дорад. Ба озмоиши мазкур чанде аз омӯзгорони синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳр низ ҷалб шудаанд. Дар стандартҳои фанни забони модарии синфҳои ибтидоӣ, ки ... Read More »

Ватандорӣ аз тарбия вобаста

Маълум, ки Ватан баҳри ҳар як инсон азизу муқаддас мебошад. Ватан  хонаи умеди мо ва макони дилрабою азизест, ки моро дар оғӯши худ ҷой дода, модарвор мепарварад. Тавре ки устод Лоиқ Шералӣ фармудааст: Ватан сар мешавад аз гаҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Меҳру муҳаббати самимӣ нисбат ба Ватанро омӯзгор бояд дар дили кучаки хонандагон ҷой дода тавонад. Фаъолияти ... Read More »

Омӯзиши забонҳо — тақозои замон

Забономӯзӣ аз фазилатҳои неки инсонӣ маҳсуб ёфта, инсоният асрҳост, ки ба мубодилаи афкор ниёзманд аст. Билхоса, имрӯз, ки сиёсати  ҷаҳонишавӣ  саросари ҷаҳонро фаро гирифтааст, тақозо менамояд, ки миллатҳои гуногун бо забони кишварҳои олам бо ҳамдигар дар тамос ва мубодилаи афкор бошанд. Дар нимаи дуюми қарни ХХ  иддае аз олимони забоншинос кӯшиш ба харҷ  дода буданд, ки забони сунъии эсперанторо чун ... Read More »

Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016 Ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаи вазири маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидро “Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016” муҳокима намуда, қ а р о р   ... Read More »