Monthly Archives: Декабрь 2015

Парастории ятимону маъюбон рисолати волост

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мактаби байналмилалии Президентӣ ҳангоми вохӯрӣ бо тарбиятгирандагони мактаб — интернатҳо Фарзандони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати Соли нави мелодии 2016-ум, ки баъди ду рӯз фаро мерасад, самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ ва хониши хубу аъло орзу менамоям. Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ба ятимону маъюбон ва бепарасторону ... Read More »

Кумаки Президент ба 12 ҳазор кӯдаки ятиму бепарастор ва маъюб

29 декабри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии Мактаби байналмилалии Президентӣ бо хонандагони ятим ва маъюби 9 мактаб — интернати шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Шаҳринав, Ҳисор, Рӯдакӣ, инчунин мактаб — интернатҳои чор ноҳияи шаҳри Душанбе мулоқот намуда, дар арафаи соли нави мелодӣ ба онҳо кумаки моддӣ расонд. Қабл аз оғози чорабинӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ... Read More »

Туҳфа ба 9 мактаб-интернат

Чун анъана имсол низ дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ Вазорати маориф ва илм ба тарбиятгирандагони як қатор мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ туҳфаҳои идона тақдим намуд, ки яке аз он мактаб-интернати нобиноёни ноҳияи Ҳисор мебошад. Муовини вазири маориф ва илм Ф.Исмонов бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президент К.Солиев ба тарбиятгирандагон туҳфаҳои солинавиро, ки аз сарулибоси зимистона ва шириниҳо иборат буд, аз номи ... Read More »

Шеваи нави тадрис

Ғолибони озмун дар байни устодони макотиби олӣ баҳри таъсиси захираҳои таҳсилоти фарогир, ки тӯли ду моҳ идома дошт, муайян гардиданд. Озмун дар доираи лоиҳаи «Рушд ва инкишофи захираҳои таҳсилоти фарогир» бо истифодаи технологияҳои навтарини муосир, методика ва сохтори омӯзиши фосилавӣ, ки бо мусоидати Созмони ҷамъиятии Маркази ТҒҲ ТИК ва дастгирии молиявии шуъбаи байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода», Фонди ҳамоҳангсоз дар Тоҷикистон, ... Read More »

«Бозори меҳнат»

24-уми декабри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми кишвар семинарии илмӣ-омӯзишӣ дар мавзӯи «Бозори меҳнат» бо иштироки муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, намояндагони вазорату кумита ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва муовинони ректор оид ба таълими муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доир гардид.  Муовини вазири маориф ва илм Б.Одинаев қайд кард, ки бо дастгирии ... Read More »

Ватан гуфтам, Ватан гуфтам!

Хотироти талху ширин Замоне ки насли мо пас аз хатми мактаби миёна ва соҳиби унвони пурифтихори донишҷӯ шуда, бо қалбҳое саршор аз умеду орзу ба сӯи оянда қадам мегузошт, душманони дохилӣ ва берунӣ Тоҷикистони тозаистиқлолро ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Тоҷикистони  ҷавон бар асари ин даргириҳо зулмотеро мемонд ва дар чеҳраи  мардумаш афсурдагӣ ва яъсу ноумедӣ  бармало эҳсос мегардид. Бо ... Read More »

Истиқлолият: нашрия ва хонанда

Истиқлолият дар ҳаёти мардуми кишвар дигаргунии куллӣ ворид кард, бахусус, дар ҳаёти маънавии эшон нақши созгоре гузошт. Ҳоло аз ин нигоҳ ба фаъолияти нашрияҳои соҳа дар замони истиқлол таваҷҷуҳ мекунем. Айни ҳол Вазорати маориф ва илм муассиси як ҳафтанома –«Омӯзгор» ва се маҷалла- «Маърифати омӯзгор», «Маорифи Тоҷикистон» ва «Русский язык и литература в школах Таджикистана» буда, чанде аз  зерсохторҳои он ... Read More »

Соли 2016 — Соли ҳамдуна

Аз рӯйи тақвими солшумории мардуми Машриқзамин соли 2016  соли ҳамдуна (маймун) аст. Инак, чанд лаҳзае аз ҳаёти ин ҷонварро бароятон қисса мекунем. Соҳибхонамаймун Маймуни  зоти орангутанги Боғи ҳайвоноти Токиои Ҷопон исбот намуд, ки аз уҳдаи тозагии манзили истиқоматиаш мебарояд. Кормандони боғ мушоҳида намудаанд, ки ин маймун (бо лақаби «ҷӯгӣ»)  ҳар дафъаи тоза намудани қафасаш бо ҷиддият ҳар як амали фаррошонро ... Read More »

Фарҳанги рамзҳо ва моҳияти Соли нав

Дар наздикии чароғаки роҳнамо зане бо халтаҳои пурбор нақлиёти мусофиркашро нигоҳ дошт. Бо азоби сахте савор шуд. Тахмин баъди як истгоҳ рафтан яке аз нақлиёт пиёда шудан хост. Чун ин зан дами дар нишаста, роҳи баромадро бо ин ҳама бори зиёдаш баста буд, он мусофир ночор аз болои сумкаҳои калони ӯ гузашту фаромад. -Дар борхалтаат чӣ дорӣ? — пурсид яке ... Read More »

Маориф дар соли 2015

Соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии кишвар яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятнок, пояи муҳимтарини давлатдории миллӣ, омили таъминкунандаи рушди устувори давлат ва шарти асосии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ Ҳарчанд сол аз сол вазъи таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кадрҳои соҳибихтисос беҳтар гардида бошад ҳам, то ҳол мушкилоти бартараф кардани норасоии омӯзгорон дар якчанд шаҳру ... Read More »

Бе ғалат ҳаргиз набошад ҳеҷ хат

Хат ва зебо навиштан ҳанӯз аз давраҳои қадим дар байни ниёгони мо мақоми хосеро доро буд. Хушнависӣ, яъне, хаттотӣ ҳунар буд. Баъзе намояндагони адабиёти форсу тоҷик бо ҳунари хаттотӣ рӯз мегузарониданд. Онҳо бо хати зебо китобҳои зиёдеро рӯйнавис карда, музди муайяне ба даст меоварданд. Вале, мутаассифона, имрӯз дар бисёре аз муассисаҳои таълимии кишварамон ба ии масъала чандон эътибори ҷиддӣ намедиҳанд. ... Read More »

Таълими салоҳиятнок чиро тақозо мекунад?

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба  меъёрҳои байналмилалӣ  ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилоти миллии кишвар ва ҷорӣ намудани низоми муосири таҳсилот тадбирҳои мушаххас ва судманд андешида шуда истодаанд, ки дар навбати худ ин гузариш яке аз талабот ва нақшаҳои амалии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 мебошад.  Дар ин ҳуҷҷати муҳими соҳа қайд карда шудааст: ... Read More »

Мефизояд зӯри бозу аз адаб

Мусоҳибаи рӯзноманигор Абдурауф Муродӣ бо ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов, доктори илмҳои педагогӣ Шодӣ Сафаров — Муаллими муҳтарам, басо бамаврид ва мувофиқ хоҳад буд, агар суҳбатамонро перомуни муҳимтарин ҳаводиси варзишӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов бо тавсифи мухтасари моҳияту аҳамияти варзиш ва рушди он ҳусни оғоз бубахшем. — Ман ҳам бо шумо ҳамфикрам. Варзиш ... Read More »

Дар роҳи ҷустуҷӯ Салом, хонандаи азизи ҳафтаномаи «Омӯзгор»! Дуруд ба устодону омӯзгорони серғайрату меҳнатқарини шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ! Қаламатон бурро ва навиштаҳоятон пурмуҳтаво бод, муаллифони доимии нашрия! Соле, ки сипарӣ гашт, метавон гуфт барои устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии кишварамон соли вижа маҳсуб меёфт. Алалхусус, омӯзгорон, муаллифони сухансанҷу каломорои нашрия, ки дар мавзӯоти гуногун иншои мақолаҳоро ба роҳ мондаанд, дар ... Read More »

Таваҷҷуҳ бошад…

Таълиму тарбия кори ниҳоят душвор ва масъулиятнок аст. Тарбияро аз рӯзи аввали ба дунё омадани тифл оғоз намудан мебояд. Дар шароити имрӯзаи бозоргонӣ аксар волидон барои машғулиятҳо бо фарзандон вақти хеле кам доранд. Ҳама умед аз он мекунанд, ки тарбияи хуби кӯдакони синни томактабӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва мураббиёни хушзавқу хушсалиқа вобаста аст. Албатта, танҳо кӯдакистон тамоми масоили таълиму тарбияро ... Read More »

Пешвои миллат ва озодии баён

Дар таърихи башарият шахсиятҳое ҳастанд, корномаву фаъолияташон дар марҳалаи муайяни таърихӣ дар сарнавишти миллату давлаташон ва ҳатто инсоният бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Ва ин фарзонагони башарият ҳам дар самти сиёсат, ҳам илму фарҳанг бо азхудгузаштанҳо, бо назару диди фарох амал кардаанд. Дар қатори чунин фарзонагон, барҳақ, Пешвои миллати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи сазовор доранд. Ибтидои истиқлол барои миллати ... Read More »

Саррофи илми полимерҳо

Сад дареғ, ки зери ин хоки сард хуфтагони бешуморе ҳастанд, ки зиндагиномаи пандомӯзи онҳо барои наслҳои инсоният пайваста хидмат мекунад. Мутаассифона, умр ба ин гуна мардони Худо бештар бевафо будааст. Яке аз чунин нафарон, донишманди маъруфи соҳаи кимиё, шодравон Маҳкамов Қаюм Маҳкамович мебошад, ки умри худро дар роҳи пажӯҳиши улуми кимиё сарф карда, барои наслҳои ояндаи худ мероси назаррас боқӣ ... Read More »

Маориф дар вилояти Суғд

Мактабҳои таҳсилоти умумӣ – 914 адад буда, 482325 нафар хонанда доранд, шумораи духтарон 235005 нафар аст. *** 4 мактаби ибтидоӣ ба мактаби асосӣ ва 29 мактаби асосӣ ба муассисаи таҳсилоти миёна табдил дода шудааст. Дар вилоят 34000 омӯзгор ба тарбияю таълим машғуланд. *** 789 нафар омӯзгорони ҷавон ба кор оғоз карданд. Ба кор ҳозир шудани мутахассисни ҷавон дар шаҳру ноҳияҳои ... Read More »