Monthly Archives: Ноябрь 2015

Рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва давлатдории миллӣ

Паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ 23.11.2015 Ҳамватанони азиз! Фардо дар саросари кишвари азизамон Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ, давлатдории миллӣ ва мояи ифтихору сарбаландии хурду бузурги мамлакат таҷлил мегардад. Ба муносибати ин ҷашни мубораки миллӣ кулли сокинони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро табрик гуфта, орзуманди он ҳастам, ки парчами давлати мо ҳамчун ... Read More »

Парафшонии Парчами миллӣ

24 ноябр дар саросари кишварамон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ва шукӯҳи хоса таҷлил шуд. Бахусус, пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе дар ин рӯз қабои идона ба бар намуд. Дар тамоми иншооту муассисаҳои давлатӣ, биноҳои баландошёна, идораву муассисаҳо, кӯчаву хиёбонҳои пойтахт Парчами давлатӣ насб гардида буд. Аз субҳ сокинони пойтахт, донишҷӯёну мактаббачагон дар кӯчаҳои пойтахт барои роҳпаймоии идона ... Read More »

Нишони ифтихори аҳли кишвар

Иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идона ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ 24 ноябри соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идона ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки дар Наврӯзгоҳи пойтахт доир гардид, иштирок ва суханронӣ кард. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳозирин ва тамоми мардуми кишварро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ... Read More »

Муаррифии дониш ва истеъдод

Дар муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе  бахшида ба солгарди Парчами миллӣ чорабинӣ таҳти унвони «Намоиши донишу ҳунар» баргузор гашт. Маҳфилро сарвари литсей Насимҷон Туманов ҳусни ифтитоҳ бахшида,  идомаи суханро ба муовини вазири маориф ва илм Фатҳиддин Исмонов вогузошт. Сипас, меҳмонон аз намоишгоҳ дидан карданд, ки хеле ҷолибу диданӣ буд. Хонандагон бо 97 лоиҳа ва  дар ... Read More »

Камбудиҳо бояд бартараф шаванд

(Гузориши муфассал аз ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб) Ҳафтаи гузашта дар маҷлисгоҳи Мактаби президентии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми кишвар, ки ба вазъи сифати таълиму тарбия дар гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бахшида шуда буд, баргузор гардид. Дар он вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовини ... Read More »

Рушди маорифи тоҷик дар даврони Истиқлолият

Бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии фонди “Диалоги АвруОсиё” дар Китобхонаи  миллии Тоҷикистон  бо иштироки масъулини Вазорати маориф ва илм, ректорону директорон, профессорону омӯзгорон ва муҳаққиқону донишмандони  муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, намояндагони васоити ахбори омма таҳти унвони “Рушди маорифи тоҷик дар даврони истиқлолият” ва муаррифии китоби “Маориф — гарави пешравии ҷомеа” конфронси ҷумҳуриявии илмӣ доир гардид. Муовини аввали вазири ... Read More »

Эътирофи худӣ ва ҷаҳониён

Падари шодравонам, маҷрӯҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, гурӯҳи 2 (Ҳисом Муҳиддинов) як-ду   бор ба Данғара сафар карда хошок оварданд. Аз нақли миннатдории падари бузургвор бароям амиқ мешуд, ки дар иҷрои корашон касе мадад расонидааст ва дуояш мекарданду мегуфтанд, ки килои ҷавро 50 — тинӣ (дирам), коҳи тахтшударо (пресс)  80 -тинӣ доданд, аммо боз 50 литр бензинро ройгон кумакам карданд. Ба бригадир ... Read More »

Рӯшон: Суҳбати деринтизор

(Идомаи бардоштҳо) Истиқболи рӯшониҳо низ аз гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илм, аз ҷумла, муаллифони китобҳои дарсӣ хеле самимӣ буд. Раиси ноҳия Х.Худоёров бо шукргузорӣ аз фазои осоиштаи кишвар зикр кард, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бори аввал чунин вохӯрӣ бо омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баргузор мегардад. Муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Тоҷинисо Маҳмадова қайд кард, ки вохӯрии ... Read More »

Касб омӯз, то зиндагии шоиста дошта бошӣ!

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи талаботи “Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020” ислоҳоти соҳаи маорифро дар самти таълими касбӣ фаъолона идома дода, ба масъалаҳои дастрасии гурӯҳи ҷомеа, хусусан, ҷавонон ва занони деҳот ба омӯзиши касбӣ ва рушди малакаю маҳорат бо мақсади кам кардани шумораи бекорон ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.Чунки зиёд будани неруҳои корӣ ва ... Read More »

Худназоратӣ

(ё санҷиши) муассисаҳои таълимӣ — омили рушди сифати таълим Дар Маркази такмили ихтисоси муаллимони шаҳри Душанбе (ҳоло филиали ДҶТИКСМ дар шаҳри Душанбе) кормандони кабинети таълимию методӣ ва роҳбарикунандаи марказ дар ҳамкорӣ бо шунавандагони курсҳои роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳр солҳои 2013, 2014 дар бахши омӯзиши машварати августии директорони муассисаҳои таълимии шаҳр таҳти рубрикаи умумии «Таҷрибаи пешқадами педагогиро меомӯзем» семинар гузаронида шуд. ... Read More »

Ҳамбастагӣ — омили муваффақият

Яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи маориф, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он таваҷҷуҳ зоҳир мекунад, фарогирии кӯдакони синни томактабӣ ба муассисаҳои таълимист. Аҳли кормандони педагогии кӯдакистони мо низ бо қаноатмандӣ аз ин муносибат фаъолияти худро мутобиқ ба талаби замон роҳандозӣ мекунанд. Кормандони мо дар давоми сол шаклҳои гуногуни кор бо волидонро ташкил намуда, барои рушди ҳаёту фаъолияти кӯдакон то андозае ... Read More »

Осим Каримзода: Рисолати мо парчами

маърифатро боло бардоштан аст Муаллим, омӯзгор, устод — инҳо вожаҳоеанд, ки барои ҳар яки мо азизу муқаддас мебошанд. Зеро ҳар он чи ки мо дар ҷомеа мавқеъ ва мақом пайдо кардем, маҳз самараи заҳмати устодон маҳсуб мешавад. Дар ин замина суҳбате анҷом додем бо сардори раёсати маорифи вилояти Суғд, доктори илмҳои таърих, профессор Осим Каримзода атрофи бурд ва бохти маорифчиёни ... Read More »

Низоми кредитӣ — асоси комёбӣ

Дар шароити иҷтимоӣ — иқтисодии  муосир масъалаҳои ташаккули низоми нави муносибатҳо байни  муассисаҳои таълимӣ ва корфармоён, идораҳои давлатӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ  ҳарчи бештар мегардад. Таҷдиди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон бе рушди ташкилотҳои шарикии иҷтимоӣ амалӣ карда намешавад. Вазифаи асосии низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ қонеъ намудани талаботи соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат дар тайёр намудани кадрҳои соҳибкасб мебошад. Коллеҷи ... Read More »

Ҷавони ҳафтодсола

Инсон ба ҳама кор қодир аст. Бино ба таъкиди олимон, имконоти инсон беҳудуданд ва мақоми воло дорад ӯ. «Бартар аз гардун мақоми одам аст», — гуфта буд алломаи Машриқзамин Иқболи Лоҳурӣ. Ва ҳар инсони фаъолу бохирад мекӯшад, ки дар зиндагӣ дар арсаи накукорӣ аз имконоти хеш ҳар чӣ бештар ва ба қадри тавон истифода барад. Барои ин гуна афрод «зиндагӣ ... Read More »

Ҳаводори илми тоҷику табиати Тоҷикистон

Сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи агрофизикаи  Академияи илмҳои кишоварзии Федератсия Россия  Виктор Александрович Драгавтсев дар оилаи олими намоёни соҳаи боғдорӣ  Александр Драгавтсев 18 октябри соли 1935 дар шаҳри Сочи ба дунё омадааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Виктор Александрович бо ҳамроҳии волидайн ва хоҳари хурдсолаш ба шаҳри Алмаато ҳиҷрат намудаанд. Пас аз хатми Донишкадаи кишоварзии Қазоқистон Виктор Александрович солҳои 1960-1964 дар  Пажӯҳишгоҳи ... Read More »

Ҳама парвардаи як шохсорем!

Кайҳо боз мехостам перомуни фаъолияти Марямбонуи Фарғонӣ дар ҷодаи худшиносии миллӣ андешаҳоямро рӯйи коғаз биёварам. Вале ҳар вақт коре пеш меомаду ин нияти хайр ақиб меафтод. Ҳоло ман, ки 83 сол дораму бознишастаам, доир ба сарнавишти тоҷикони бурун аз марзи Тоҷикистон, ояндаи мактабу маорифи ҳамзабононам зиёд тафаккур мекунам. Меандешам, ки дигар ба фардо гузоштан нашояд, ҳарчӣ дар дил ҳаст, бояд ... Read More »

Зебо Аминова -«Омӯзгори сол»

Даври ҷамъбастии озмуни “Омӯзгори сол” дар вилояти Суғд бо ширкати 6 нафар ғолиби даври аввали вилоятӣ: Хусрав Усмонов, омӯзгори мактаби №90-и шаҳри Панҷакент, Нилуфар Аҳмадҷонова, омӯзгори гимназияи №1-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, Зебо Аминова, омӯзгори литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Муяссар Қориева, омӯзгори мактаби №54-и ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров, Заррина Баротова, омӯзгори литсейи №1-и шаҳри Конибодом ... Read More »

 «Шафақ 2015» ҷамъбаст гардид

Дар пойгоҳи Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи Суғд бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои оммавӣ-мудофиавӣ ва таблиғоти корҳои ҳарбӣ-ватанпарастӣ байни ҷавонону наврасон, омода будан ба дифои Ватан, тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи дӯстиву рафоқат, матонат, зиракӣ, садоқат ба Ватану миллат мусобиқаи  вилоятии ҳарбӣ-варзишии «Шафақ 2015» баргузор гардид. Дар озмун  дастаи мактаббачагон аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б.Ғафуров, Қайроққум, Спитамен, Ашт, ... Read More »