Monthly Archives: Октябрь 2015

Раванди ободкорӣ ва рушду пешрафти водии зарнисор

Суханронии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 3000-солагии маданияти Ҳисор           27.10.2015, ноҳияи Ҳисор Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ то ба имрӯз арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурифтихори гузаштаи халқи куҳанбунёдамон, эҳё намудани оину анъанаҳои неки миллӣ, тарғиби осори ниёгон ва ҳифзи ёдгориҳои моддиву маънавии миллати азизамон яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. ... Read More »

Боздид аз қалъаи Ҳисор

Зимни иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳ-мон бо корҳои анҷомёфта ва ҷараёни барқарорсозии симои таърихии Қалъаи Ҳисор низ бевосита шинос шуд. Дар саҳни назди қалъа Пешвои созандаю бунёдкор ва ободгару ваҳдатовари миллат Эмомалӣ Раҳмонро мардуми Ҳисори Шодмон ва аҳли илму фарҳанги кишвар бо тантанаҳои бошукӯҳи идона истиқбол гирифтанд. Тавре зикр гардид, Қалъаи Ҳисор муҳимтарин иншооти ин ҷашни таърихӣ ... Read More »

Ифтитоҳи варзишгоҳ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ҳамзамон варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҳисорро ифтитоҳ намуд. Дар назди варзишгоҳ Сарвари давлатро сокинони ноҳия ва варзишгарон самимона истиқбол гирифтанд. Тавре иттилоъ дода шуд, варзишгоҳ дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст буда, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст. Корҳои сохтмонӣ тибқи лоиҳа асосан аз тарафи ширкату мутахассисони ватанӣ ба сомон расонида ... Read More »

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм

Дар ҷаласаи  Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки дар китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид,  дар баробари масъалаҳои вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои обу энергетика, роҳу нақлиёт, тиҷорат, ҳамкории наздисарҳадӣ ва масъалаҳои вобаста ба марзи  байнидавлатӣ, инчунин, масъалаҳо дар  соҳаи маориф низ  баррасӣ шуданд. Дар робита бо ин мо суҳбат доштем бо муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии ... Read More »

Бинои нави шуъбаи маорифи Ҳисор

Дар доираи  ҷашни 3000-солагии Ҳисори шодмон як қатор иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.  Аз ҷумла, 26 октябр бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Ҳисор, ки ба тарзи нави замонавӣ сохта шудааст, барои истифода супорида шуд. Дар расми ифтитоҳи он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Марҳабо Ҷабборӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ва раиси ноҳияи Ҳисор Усмоналӣ Раҳмонзода ширкат варзиданд. ... Read More »

Моделсозии макроиқтисодӣ

Ҳафтаи гузашта бо ташаббуси Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва дастгирии Лоиҳаи «Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ: Лот1»-и Иттиҳоди Аврупо дар кохи Наврӯз конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Аз сиёсат ба таҷрибаи таҳқиқи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар замони муосири иттилоотӣ» баргузор гардид. Дар он олимону муҳаққиқон ва коршиносони хориҷӣ ва маҳаллии бахшҳои гуногуни иқтисод ва молия иштирок ... Read More »

Владимир Путин ба олимаи тоҷик медал тақдим кард

Президенти Россия Владимир Путин ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримоваро бо медали «Пушкин» сарфароз гардонд. Дар фармон гуфта мешавад, ки шаҳрвандони хориҷӣ барои ҳиссаи сазоворашон дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия, рушди иртиботи иқтисодӣ, ҳифз ва маъруфияти забони русӣ ва фарҳанги мардуми рус дар хориҷ бо ҷоизаҳои давлатии Россия қадрдонӣ мешаванд. Ҳамчунин, бо ордени “Дӯстӣ” шаш шаҳрванди ... Read More »

Маркази нав дар Тоҷикобод

Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод Маркази рушди зеҳнӣ ва дастгирии истеъдодҳо  таъсис дода шуд. Ҳадафи он дарёфти наврасону ҷавонони лаёқатманд ва боистеъдод мебошад. Сардор-тренер-тютери марказ Қосим Сайидаминов аввалин вохӯриҳояшро дар доираи нақшаи корӣ бо хонандагони синфи ёздаҳи литсейи хонандагони болаёқат, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1, коллеҷҳои омӯзгорию ... Read More »

Навобод ба мактаби нав эҳтиёҷ дорад

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Восеъро ҳазорон нафар хонандагон хатм кардаанд. Имрӯз муассисаи мазкур дар ҳолати ногувор, яъне ҳолати садамавӣ қарор дошта, хонандагон дар синфхонаҳои фарсудаву вайрона таълим мегиранд. Мактаб дар қисми поёни деҳаи Навобод соли 1960 бо хишти лойӣ (хом)  барои 260 нафар хонанда сохта шуда, 55 сол боз дар истифода қарор дорад. Дар ҳавлии мактаб боғи калон ... Read More »

Созмонҳои талабагӣ беҳбудӣ мехоҳанд

Созмони талабагӣ гарчанде ташкилоти ҷамъиятӣ, ихтиёрӣ ва сермиллати мактаббачагон ба ҳисоб равад, низомнома ва оинномаи худро дорад. Низомномаи он 26-уми феврали соли 1999 таҳти рақами 215 дар мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст ва соли 2005 бошад, ба он тағйироту иловаҳо ворид гардид. Дар тӯли 15 соли фаъолияти худ Созмони талабагии ҷумҳурӣ  дорои парчам, рамзу нишонҳо ... Read More »

Талошҳои довталабон ва пирӯзии як нафар

(Гузориш аз озмуни минтақавии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2015») Рӯзи аввал: Аз ҳисоботи эҷодӣ то муаррифии нақшаи яксоатаи дарси тарбиявӣ Чун анъана имсол низ озмуни навбатии минтақавии «Омӯзгори сол» бо иштироки довталабон аз шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи чорабинии мазкур намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшо Нарзуллоев сухан ронда, ба омӯзгорон – иштирокчиёни сабқат барору комёбиҳо ... Read More »

Ҷаҳонбинии илмӣ – алтернативаи хурофот

(Аввалаш дар шумораи гузашта) Ақл ва имон бо якдигар дар он маъно мухолифат намекунанд, ки онҳо дар намудҳои мухталифи фаъолият, аммо на дар ҳамон як замина, корбурд доранд. Тафаккури устуравиро чунин ашхос замоне ба кор мебаранд, ки мушкилоти мушаххаси маиширо ҳаллу фасл мекунанд ва ба хидмати тафаккури мантиқӣ замоне рӯй меоваранд, ки ҳаллу фасли мушкилоти абстрактию назарӣ лозим аст, масалан, ... Read More »

Ҳамкориҳо барор меоранд

Интихоби касб фаъолияти мураккабу масъулноктарин иқдом дар зиндагӣ буда, мақсади он такомули шавқу ҳаваси хонандагон мувофиқи лаёқати онҳо ва талаботи ҷамъият нисбат ба касбҳои гуногун мебошад. Ин фаъолият бояд мувофиқи нақшаи пешакӣ кор карда баромада шуда, анҷом дода шавад. Нақшаи кории касбинтихобкунии мактабҳо аз шинос кардани омӯзгорон бо эҳтиёҷот ба коргар, таъмин намудани хатмкунандагони мактаб мувофиқи нақшаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти ... Read More »

«Тирамоҳи заррин» ҷамъбаст гардид

Бахшида ба иди Меҳргон  24-уми октябри соли ҷорӣ дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои  таҳсилоти иловагӣ озмуни ҷумҳуриявии «Тирамоҳи заррин» баргузор гардид. Дар он аз тамоми манотиқи кишвар довталабон иштирок намуданд.  Озмун аз рӯи 3 шарт: —  ташкили намоишгоҳ, саволу ҷавоб (викторина) аз фанҳои табиатшиносӣ (биология, экология) ва иншои рисолаву реферат дар мавзӯи муҳити зист ва экология гузаронида шуд. Мақсад аз баргузории ... Read More »

Масъулиятшиносӣ — хоси роҳбари синф

Яке аз шартҳои асосии баланд бардоштани сифати фаъолияти омӯзгорӣ дар таълиму тарбия аз усулҳои самаранок ва технологияҳои муосир истифода бурдан мебошад. Педагоги машҳур В.А. Сухомлинский гуфта буд: «Ман ба роҳбарони синфҳо ҳасад мебарам, чунки онҳо доимо бо бачагонанд». То он даме ки омӯзгор ё роҳбари синф дӯст, ғамхор, маслиҳатгар, устоди сахтгир ва шахси наздики хонандагон нагардад, ӯро омӯзгор ё роҳбари ... Read More »

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд…

(Ба ифтихори 75 – умин солгарди доктори илмҳои физикаю математика,  профессор Темур Собиров) Яке аз шахсиятҳои наҷиб, устоди некуноми зиндаёд, риёзидони тавоно, доктори илмҳои физикаю математика, собиқ мудири кафедраи алгебра ва геометрияи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Воронежи ФР, профессор Темур Собиров буд, ки бо хислату фазилатҳои инсонияш дар дилу дидаи мардум ҷой гирифта, хотироти некаш миёни дӯстону ҳамкасбон гирди забонҳост. Бо ... Read More »

Ҳаққи ҳалоли қаҳрамон

9 октябри соли 2015 риштаи умри собиқадори соҳаи маориф, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Ҳабиба Каримова канда шуд. Ҳабиба Каримова 5 сентябри соли 1923 дар деҳаи Пӯлодони ноҳияи Конибодом, дар оилаи зиёӣ чашм ба дунёи ҳастӣ кушода буд. Падару модар ва  дигар ақрабояш аз аҳли савод, соҳибкитоб  ва соҳибмактаб будаанд. Шунидани чунин хабари нороҳаткунанда, ки воқеан, дарднок аст, касро ба андеша водор ... Read More »

Ғолиб-мактаби №1

Дар шаҳри Роғун бо иштироки муассисаҳои таълимии шаҳр ва Маркази эҷодии кӯдакону наврасони назди шуъбаи маорифи шаҳр ҳамоиши мактаббачагону наврасон таҳти унвони «Тирамоҳи заррин» баргузор гардид. Мудири шуъбаи маорифи шаҳр Худойназар Салимов иброз дошт, ки барномаи чорабинии мазкурро намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, сохтани гербарийҳо аз рустаниҳои маҳал, истеҳсоли доруҳо аз гиёҳҳои қаламрави Роғуншаҳр ва викторина ташкил медиҳад. Натиҷаи озмун нишон дод, ... Read More »