Monthly Archives: Сентябрь 2015

Кӯшиши беҳуда халқеро ба кулфат ғута дод

Инак, амалиёти мусаллаҳонаи зидди  генерали  балвогар Ҳоҷӣ  Ҳалим Назарзода бомуваффақият ба анҷом расид. Бештари шаҳрвандони кишвар ба чунин ҷинояти сангину нангин  даст задани Ҳоҷӣ  Ҳалим дар ҳайрат монданд. Ва ҳарҷо шоҳиди муҳокимаи амали ноҷавонмардонаи ин генерали хоин мегардем. Хушбахтона амалиёти неруҳои низоми кишвар бомуваффақият анҷом ёфта, дар рафти он беш аз 150 нафар балвогарон боздошт ва Ҳоҷӣ Ҳалиму  Эшони Ҷунайдулло,  ... Read More »

Хубу аъло таҳсил намоед,намунаи ибрати дигарон бошед

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Ҳисор     22.09.2015 Омӯзгорон, падару модарон ва хонандагони арҷманд! Ҳозирини гиромӣ! Имрӯз аз баракати соҳибистиқлолии кишварамон, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми шарифамон ва дар натиҷаи заҳмати созандаву ободгаронаи халқамон барои фарзандони лаёқатманди водии Ҳисор мактаби Президентӣ расман ифтитоҳ гардид. Расман ифтитоҳ шудани мактаби Президентӣ барои хонандагони лаёқатманд ... Read More »

Ифтитоҳи мактабҳои нав дар шаҳри Турсунзода

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 18 сентябри соли равон ба шаҳри Турсунзода сафар кард. Зимни сафар Президенти мамлакат дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи шаҳр бо буридани лентаи рамзӣ бинои зебои дуошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро мавриди истифода қарор дод. Сарвари давлатро дар саҳни ҳавлӣ хонандагон бо барномаи рангин истиқбол гирифтанд. Ҳаҷми маблағи сарфшуда 9 миллиону 785 ҳазор сомониро ташкил ... Read More »

Кори мустақилона – гарави дониш

Барномаи таълими фанни риёзӣ дар коллеҷи энергетикӣ дар асоси барномаи донишгоҳҳои олии техникӣ тартиб дода шудааст. Вақте ки донишҷӯён ба коллеҷ дохил мешаванд, аз курси якум ба омӯзиши фанни риёзии олӣ шурӯъ мекунанд. Аз ин рӯ, системаи таълимашон якбора тағйир меёбад, дар аввал мумкин аст дар азхудкунии дарсҳо ба душворӣ рӯ ба рӯ шаванд. Барои ҳамин, ба мо, омӯзгорони фанҳои ... Read More »

Диктанти математикӣ

Диктанти математикӣ яке аз намудҳои кори мустақилона мебошад. Хонандагон аз рӯйи диктаи муаллим ифода, муодила, баробарӣ ва  нобаробариҳоро менависанд ва хондани онҳоро ёд мегиранд. Муаллим супоришҳои диктанти математикиро пешакӣ дар нақшаи кории худ қайд мекунад. Диктанти математикӣ ду намуд мешавад, ки онҳоро шартан хаттӣ ва даҳонакӣ меномем. Ҳангоми гузаронидани диктанти математикӣ матн аз тарафи муаллим дикта карда мешавад. Дар рафти ... Read More »

Дар ҷодаи татбиқи истиқлолияти энергетикӣ

Соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар кулли давлатҳои дунё   яке аз зинаҳои асосӣ ва афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Ин муассисаҳо вобаста ба талаботи бозори меҳнат мутахассисони соҳаҳои гуногунро омода месозанд. Дар ин замина коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ низ истисно нест, балки  он яке аз пурқувваттарин базаи моддӣ, ягона коллеҷи бонуфуз оид ба соҳаи барқ на танҳо дар миқёси ... Read More »

Баррасии проблемаҳои таълими ҳамгиро

Ҳафтаи гузашта дар толори ҷаласаҳои   Академияи таҳсилоти Тоҷикистон конфронси илмӣ дар мавзӯи «Ҷаҳонишавии таҳсилот ва проблемаҳои таълими ҳамгиро дар низоми маорифи Тоҷикистон» баргузор гардид. Конфронсро Президенти АТТ, профессор Ғуломқодир Бобизода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки раванди роҳандозии таълими ҳамгиро тайи 10-15 соли охир дар муассисаҳои таълимии кишвар натиҷаи дилхоҳ ба бор овардааст. Ба қавли номбурда, аз нуқтаи назари илмӣ усули ... Read More »

Фазои иттилоотии ягона

16 – 19 сентябри соли ҷорӣ аввалин маротиба дар шаҳри Душанбе 5-умин Фестивали телевизионии байналмилалии «ТЕФИ-Иттиҳод-2015» баргузор гардид. Дар он намояндагони телевизионҳои ИДМ, аз ҷумла, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Молдова, Россия, Тоҷикистон, ӯзбекистон ва Украина иштирок намуданд. Дар маросими кушодашавии он муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назира Амирбекзода ва Президенти Академияи телевизиони ... Read More »

Агар як зарраро баргирӣ аз ҷой…

Нардбони осмон аст ин калом, Ҳар кӣ з-ин дар меравад, ояд ба бом. Не ба боми чарх, к-ӯ аҳзар бувад, Бал ба боме, к-аз фалак бартар бувад. Шод бош, эй Балху эй фарзанди Балх, Эй меҳин фарзанди бемонанди Балх. Шод бош, эй Куния, эй хоки ишқ, К-аз ту тобад офтоби поки ишқ. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз бузургтарин суханварони адабиёти форсу ... Read More »

Дастурҳо намерасанд

(Чаро мушкилоти муассисаҳои томактабии ҷумҳурӣ аз назарҳо дур мондааст?) Суҳбат бо мудири бахши таҳсилоти томактабии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Вазорати маориф ва илми ҶТ Мавлуда Атаева — Муаллимаи азиз, лутфан мегуфтед, ки бахши таҳсилоти томактабӣ ҷиҳати татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016” чӣ корҳои мушаххасеро анҷом додааст? — Нахуст аз тарафи кормандон вобаста ... Read More »

Дар роҳи гузаштан ба низоми баҳогузории нав

Оё мо ба низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ омодаем? — чунин аст муҳтавои сӯҳбати мухбирони ҳафтанома бо мудири шуъбаи таҳсилоти миёнаи умумии Пажӯҳишгоҳи рушди  маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Давлатназар Имомназаров — Ба фикри шумо, гузариш ба низом ва меъёрҳои бисёрхола (10,12,20,…100)-и баҳодиҳӣ ба дониш, маҳорат ва малакаи хонандагон дар шароити кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ногузир аст? —  Бале, аввалан ҷараёни ислоҳоти мақсадноку пайгиронаи ... Read More »

Розиқ Содиқов: Доварӣ дар озмунҳо осон нест, зеро…

Дар ҷумҳурӣ ноҳияҳои кӯҳсор кам нестанд ва онҳо вобаста ба муҳит, имконият ва бурду бохташон тақрибан яксонанд. Шӯрообод аз ҷумлаи чунин ноҳияҳост. Он дар тарбияи насли ҷавон бо шогирдони муваффақаш эътироф гаштааст. Дар ин самт суҳбате доштем бо  мудири шуъбаи маорифи ноҳия Розиқ Содиқов. -Мусаллам аст, ки маориф дар ҷомеа чун самти калидӣ нақши алоҳида дорад. Дар ноҳияи Шӯрообод муносибат ... Read More »

Садои тир дари сафоратро баст

Акси садои хиёнатҳои наҳзатӣ Морбачае заҳрамон зад, ки худ калон кардем Ҳодисаи фоҷиабори 4-уми сентябрро барои мардуми тоҷик набояд ғайричашмдошт, тасодуфӣ , балои осмонӣ  пазируфт. Ҳаргиз ин тавр нест. Мардуми тоҷик муддати 24 соли истиқлолият дар хонаи худ морбача калон кард. Қисман онро хӯронд. Пӯшонд. Ба воя расонд. Нозу   эркагиашро таҳаммул кард. Гарчанде хуб медонист ва медонад, ки ин ҳизб ... Read More »

Изофанависӣ ошкор шуд

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҷҳҳои дар мақолаи нашрияи «Омӯзгор»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2015, №24, зери унвони «Сангеро беҷо накардаанд» вобаста ба иншооти «Лоиҳаи сохтмони бинои иловагии мактаби таҳсилоти умумии асосии №12 дар деҳаи Фатҳободи ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод» дарҷшударо мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор дод. Муайян ... Read More »

Сухани ороста бо далел дигар аст

(Андешаҳо дар атрофи мазмуну муҳтавои навиштаҳои омӯзгорон) Тӯли ду моҳи охир ба идораи ҳафтаномаи «Омӯзгор» номаҳои зиёди шумо, устодону омӯзгорони азиз, ворид гардиданд,  ки муҳта-вои онҳоро афкору андешаҳои мухталиф перомуни роҳҳои пешбурду самаровари таълиму тарбия, истифодаи усулу шеваҳои муассиру ҷадиди тадрис, тарбия ва ахлоқи хонандагон, ибрози нуқтаи назари муаллифон доир ба пешгирии ҷавонон аз роҳҳои хавфу хатарзое, амсоли ифротгароӣ, терроризму ... Read More »

Кӣ чӣ тавр тайёрӣ дидааст?

Ба гуфти коршиносони соҳаи обу ҳавошиносӣ имкони хунук ва сербориш омадани зимистони солҳои 2015-2016 аз эҳтимол дур нест, чунки тобистони имсола нисбатан гармтар омад.  Дар робита ба омодагиҳо ба зимистони дар пешистода бо чанде аз мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ ҳамсуҳбат шудем. Файзулло Наҷмиддинов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод:—Барои зимистонгузаронии муассисаҳои таълимии ноҳия бояд тибқи нақша 925 ... Read More »

Андухтаҳо ба кор ояд

Пас аз соҳибистиқлолӣ ҷашнворҳои зиёде таҷлил мегарданд, ки воқеан, хушбахтии миллати куҳанбунёди тоҷик аст. Ин иқдоми бузургест дар пайи посдориву гиромидошти миллату давлат аз ҷониби Президенти кишвар, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Дар ин росто, соли ҷорӣ 700-солагии шоир, мутафаккир ва орифи Машриқзамин  Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 70-умин солгарди таъсиси яке аз донишгоҳҳои бонуфузи ҷумҳурӣ — Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ... Read More »

Як соати дарси забон

Намунаи дарси кушод аз фанни забони модарӣ дар синфи 9 Мавзӯъ:  Зарурати  таълими ҷумлаҳои мураккаб дар нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ. Мақсади дарс: Санҷиши дониши хонандагон доир ба                                    мустаҳкамкунии мавзӯъҳои гузашта, фаъолгардонии хонандагон дар давоми дарс, инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии  хонандагон, шарҳи  луғатҳо. Усули дарс: гурӯҳбандӣ,  саволу ҷавоб,  суҳбат Таҷҳизот:  лавҳаҳо оид ба  забон, аъзои ҷумла, ҷумлаҳои мураккаб, буклетҳо, варақчаҳо,  ... Read More »