Monthly Archives: Август 2015

Зи дониш бувад зиндагиро фурӯғ

Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ба ифтихори оғози соли нави таҳсили 2015-2016 Дӯстони арҷманд! Устодон, шогирдон ва падару модарони азиз! Фарорасии соли нави таҳсилро бароятон самимона табрику таҳният мегӯям. Дар нахустрӯзи моҳи сентябр дарҳои гулистони дониш аз нав ба рӯи шогирдону фарзандони мо, ки ояндасозони Ватани маҳбубамон мебошанд, боз мешаванд ва онҳо бо неруи тозаву ... Read More »

Арзёбии дониш

Ҳафтаи гузашта дар толори  ҷаласаҳои меҳмонхонаи  «Ҳаят» дар шаҳри Душанбе конференсияи дурӯзаи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ислоҳоти арзёбии дониши хонандагон, афзалият, мушкилот ва зарурати татбиқи амалиии он» баргузор гардид. Дар он намояндагони дастгоҳи Президенти ҷумҳурӣ, Ҳукумати  кишвар, созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарияти Вазорати маориф ва илми мамлакат, кормандони зерсохторҳои тобеи вазорат, мудирону сардорони  раёсати маорифи шаҳру навоҳӣ иштирок  доштанд. Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ ... Read More »

Таълиму тарбия тавъаманд

Мутаассифона, аксари волидон дар тарбияи фарзанд саҳлангорӣ карда, ин корро бештар ба зиммаи омӯзгорон вогузор менамоянд. Ҳол он ки оила муҳимтарин омили инкишофи кӯдак аст. Оила, муҳити зисти барои кӯдак муносиб буда, хислат, қобилияти эҷодкорию созандагии ӯро равнақ медиҳад. Хислату рафтори фарзандон аз хислату рафтор, гуфтору муносибати калонсолони оила оғоз мегирад. Бинобар ин, дар муносибат ба хурдсолон дар оила эҳтиёткору ... Read More »

Истироҳат неру мебахшад

Дар минтақаи Кӯлоб ба истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон ҳамасола диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дар фароғатгоҳҳо бештар кӯдакони ятиму бепарастор аз оилаҳои камбизоат  ва хонандагони болаёқат ҷалб гардидаанд. Директори лагери фароғатӣ – таълимии «Офтобак»-и назди муассисаи таълимии №11-и ноҳияи Восеъ Б. Аҳмадова дар суҳбат ба мо иброз дошт, ки дар истироҳатгоҳ 85 нафар хонанда аз синфҳои тайёрӣ то синфи 7 фаро ... Read More »

Сурудаҳои наврасон бояд садо диҳанд

(Муроҷиат ба Кумитаи телевизион ва радио) Банда  хатмкардаи ДДСТ ба номи Мирзо Турсунзода ва ДДОТ ба номи С. Айнӣ мебошам. Аз касби хеш ифтихор дорам. Айни замон ду фарзандам-Фарзона ва Бунафша касби маро интихоб намудаанд. Зиндагӣ бе мусиқӣ ҳеҷ маъною моҳияте надорад. Имрӯзҳо ба омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ  барои таълими фанни суруд ва мусиқӣ адабиёт ва дастури методӣ хело кам ба ... Read More »

Ба мактаби садамавӣ кӣ кумак мерасонад?

Бинои муассисаи таҳсилоти умумии асосии деҳаи Ҳафтруди ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Бо мудири шуъбаи  маорифи шаҳри Панҷакент Маъруф Каримов ба ин деҳаи баландкӯҳ омада аз ҷараёни омодагӣ ба соли нави таҳсил шинос шудем. Аз нақли омӯзгорон маълум шуд, ки имрӯз дабистон бо проблемаҳои зиёд рӯ ба рӯ шудааст, ки чакидани синфхонаҳо аз ҷумлаи онҳост. ... Read More »

Умари Хайём кӣ буд: Шоир ё риёзидон?

Аввалин бор Умари Хайём ҳамчун шоир ба хонандагони Аврупо соли 1700 (дар китоби «Таърихи қадимаи дини эрониён») зикр шудааст. Соли 1742 Умари Хайём ҳамчун риёзидон аз тарафи Ж. Меерман ба аврупоиён муаррифӣ гардид. Дар замони Умари Хайём ҳамаи китобҳо бо забони арабӣ навишта мешуданд. Аммо рубоиёташ, ки дар вақти танҳоияш бо забони форсӣ навишта мешуданд, тавассути дӯстонаш ба дигарон дастрас ... Read More »

Китоб ва тарбияи инсони комил

Ба назар мерасад, ки масъалаи хониши берун аз синф дар синфҳои ибтидоӣ қайҳо ҳалли худро ёфтааст. Аммо ин тавр нест. Дар бисёр мавридҳо омӯзгорон вазифаҳои хониши синфӣ ва берун аз синфро як медонанд, ки хатост. Ҳар як тарзу воситаи донишҳосилкунӣ, ки барои талабагон пешниҳод карда мешавад, як мақсади муайян дорад. Агар вазифаҳои хониши берун аз синф ба талабагон ёд додани ... Read More »

Ганҷ магир, китоб гир

Китоб аслиҳаи тавоно ва бузургтарин муъҷизаест аз кулли муъҷизоти олам,  ки ба инсон рӯҳу ҳаловат бахшида, даричаи дунёи маърифатро ба рӯи ӯ боз мекунад. Китоби асил метавонад, дар маҷрои зиндагӣ одамро раҳнамои тавонову беминнат бошад. Китобро эҳтиёт ва эҳтиром бояд намуд, зеро вай қодир аст, ки моро дар мазраи зиндагӣ аз ҳама гуна мушкилот наҷот бахшад. Бузургмардони илму адаби мо ... Read More »

Нашри нави «Алифбо»

Муассисаи нашриявии «Маориф» — и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри нави китоби дарсии «Алифбо» — ро пешниҳод намуд, ки онро соли 2015 ҶДММ «Полиграф Групп» ба табъ расондааст. Муддати 30 сол аст, ки ин китоби дӯстдоштаи кӯдакону омӯзгорону падару модарон дар хизмати маорифи халқи азизамон қарор дорад. Ва дар давоми ин солҳо ба ин китоб баъзе тағйирот ворид ... Read More »

Аз қадами кучак то ҷаҳиши бузург

(нигоҳе ба таърихи донишгоҳ) Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз муассисаҳои таълимии олии касбие мебошад, ки 70 сол боз чун офтоби дурахшон дар осмони илму маърифати кишвар нурафшонӣ менамояд. Нақши ин боргоҳи маърифат дар тарбия, ташаккул ва ба камол расонидани мутахассисон, бахусус, омӯзгорони ҷавони вилояти Хатлон басо бузург аст. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар роҳи иҷрои сиёсати маърифатпарваронаи ... Read More »

Тафсири Қонун дар  бораи асъор

Ба муносибати 15-солагии ба муомилот бароварда шудани асъори миллӣ-сомонӣ Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Тоҷикистон китоберо бо номи «Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор»  аз чоп баровард. Дар саҳифаи аввали китоб суханони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда шудааст: «Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ... Read More »

«Фарҳанги русӣ ба тоҷикии истилоҳоти ҳуқуқ»

Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби арзишманди доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Раҳимзода Маҳмад Забирро таҳти унвони «Фарҳанги русӣ ба тоҷикии истилоҳоти ҳуқуқ» ба нашр расонд. Луғати мазкур зиёда аз 1000 калима ва истилоҳоти  ҳуқуқиро  дар бар мегирад. Солҳои охир оид ба эҷоди фарҳангу луғатҳои истилоҳоти ҳуқуқӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуда, соли 2006 «Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ» аз тарафи гурӯҳи муаллифон ... Read More »

Ифтихори водии Зарафшон

(Суҳбати хабарнигори ҳафтаномаи «Омӯзгор» бо ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Муаззам Ансорӣ) — Донишкадаи шумо зодаи Истиқлоли кишвар аст. Аз ин хотир, нахуст мехоҳем андешаҳои шуморо оид ба нақши соҳибистиқлолии мамлакат дар арзи ҳастӣ намудани ин муассиса, нахустин муассисаи тахсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар водии Зарафшон бифаҳмем. — Соҳибистиқлолии кишвар ба рушди соҳаҳои мухталифи хочагии халқ, аз ҷумла, ... Read More »

Меҳрафрӯзи «тиллоӣ»

Ҳанӯз панҷсола буд, ки бо китоб гаравид, ба ин сарчашмаи дониш меҳр баст, яъне, хеле барвақт – дар кӯдакӣ бозичаро бо китоб иваз кард. Вақте ки соли 2004 ба мактаб – ба синфи якум омад, пас аз итмоми дарси нахустини соли нави таҳсил устоди аввалинаш, омӯзгори варзида Абдуманнон Аҳмадов дар хонаи омӯзгорон бо ифтихор ва хеле қаноатмандона эълон кард: — ... Read More »

Ҳамдами дӯстон ва устоди табибу кимиёгарон

Илму дониш ва маърифат нури эзидист, ки маҳз тавассути он метавон дунё ва Офаридгорро шинохт. Ва маҳз тавассути он метавон ҷаҳони торику пурғавғо ва пуршӯру шари инсонҳоро мунаввар сохт. Зи дарди нуктасанҷӣ ҳар ки огоҳ аст, медонад, Ки маънӣ дар дил аввал хун шавад, он гаҳ сухан гардад. Доктори илмҳои кимиё, профессор  Юлдош Ҳоҷибоев тамоми фаъолияти илмиашро  барои инкишофи илм ... Read More »

Деворҳои мактаб фурӯ мераванд

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19, воқеъ дар деҳаи  Меҳнати ҷамоати 20 — солагии Истиқлол, яке аз куҳантарин биноҳои  қаламрави  ноҳияи Қубодиён маҳсуб ёфта, соли 1951 бо тариқи ҳашар сохта шудааст. Шурӯъ аз соли хониши сипаригардида, мактаб дар қатори муассисаҳои садамавии ноҳия номнавис гардидааст. Рӯзе, ки мо ба мактаб омадем, директори он Улфатой Абдураҳимова  дар ҷои кор ҳузур надошт.  Муовини ... Read More »

Чанд даъво ба як бино

Дар ноҳияи Шаҳритус  литсейи хонандагони болаёқат фаъолият дорад. Бо мутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия Маҳмадӣ Ҷӯрабоев аз ин литсей дидан кардем. Қаблан ин мутахассис ва низ мудири шуъбаи маориф К.Очилдиев литсейи мазкурро ба мо хеле таъриф карданд. Аммо маълум шуд, ки дар асл литсей  ҳолати риққатовар дорад.  Таъмири яке аз муассисаҳои «номӣ»- и шуъбаи маорифи ноҳия аз «исмоилдавон» ҳам бадтар аст. ... Read More »