Monthly Archives: Июль 2015

Мактаби замонавӣ дар шаҳри Роғун

Ҳафтаи гузашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим, мулоқот бо фаъолони шаҳр, шиносоӣ бо рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат зимни сафарҳои қаблӣ додашуда, боздид аз маҳалли барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Роғун ба шаҳри Роғун ташриф овард. Сафари кории Сардори давлат дар шаҳри Роғун нахуст аз иштирок ... Read More »

Дастоварди хонандагон

4 — 16-уми июли соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тайланд олимпиадаи байналхалқӣ аз фанни математика баргузор гардид. Дар он аз 104 давлати дунё 580 нафар хонанда ширкат варзиданд. Шарафи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар олимпиадаи мазкур 6 нафар хонандаи лаёқатманд ҳимоя намуданд.  Дар ин озмуни бонуфуз Фаррух Каримов –хонандаи синфи 11-и литсей—интернати муштараки тоҷикӣ-туркии шаҳри Душанбе медали биринҷӣ ва Камолиддин Кличев –хонандаи синфи ... Read More »

Тоҷикистон дар ҷойи аввал

Аз 10 то 17-уми июли соли ҷорӣ дар Донишгоҳи МИСиС-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика баргузор гардид. Дар он довталабон аз 6 давлати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд. Дар олимпиадаи мазкур хонандагони литсейи назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати шаҳри Душанбе, литсейи №1-и шаҳри Душанбе, литсейи №1-и шаҳри Истаравшан, литсейи назди филиали ... Read More »

Меваи шаҳдрези ғолибият

13-14 июли соли равон охирин талоши истеъдодҳо дар соли хониши имсола  бо иштироки довталабони аттестати аъло бо медали тилло ва нуқра, аттестати аъло бо медали тилло ва нуқраи равияҳои ҷамъиятӣ – гуманитарӣ ва табиӣ — риёзӣ дар толори Вазорати маориф ва илм барпо гардид. Дар он 167 нафар довталаб аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳуҷҷат ... Read More »

Густариши ҳамкорҳои байналмилалӣ

14 июли соли равон нишасти матбуотии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон — Россия доир гардид. Зимни суханронӣ ректори донишгоҳ Нуралӣ Салихов иброз намуд, ки Донишгоҳи славянии Тоҷикистон — Россия  бо 75 донишгоҳи хориҷӣ шартнома дорад. Дар давраи ҳисоботӣ 9 созишнома бо донишгоҳҳои Кипр, Русия, Кореяи Ҷанубӣ ва Япония баста шудааст. Инчунин, дар ин давра лоиҳаҳои барномаҳои омӯзишии байналхалқӣ амалӣ гардиданд ва Донишгоҳи ... Read More »

Фаъолтарин татбиқгоҳи низоми кредитӣ

Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо суханронии  ректори донишгоҳ, профессор Муминҷон Шарифов оғоз ёфт. Мавсуф муҳимтарин ҷанбаҳои фаъолияти таълимгоҳро дар давоми нимсолаи дуюми соли таҳсили 2014-2015  тавсиф бахшид ва аз ҷумла, иттилоъ дод, ки дар донишгоҳ  маркази  тестӣ  ва дар  назди  ҳар  як факулта синфхонаҳои компютерӣ амал мекунанд ва  онҳо бо 260 адад компютери замонавӣ ҷиҳозонида шудаанд. Компютерҳо ... Read More »

Технологияи муосир ва дарси биология

Хонандагон дар вақти омӯзиши фанни биология ба масъалаи пайдоиши ҳаёт, алоқамандӣ ва тафовути табиати зинда ва ғайри зинда, қонуниятҳои умумие,ки дар табиат амал мекунад, пайдоиши одам ва мавқеи он дар табиатшиносӣ маълумот пайдо мекунанд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, такя намудан танҳо ба китоби дарсӣ ва ё фаҳмонидани мавзӯи наву пурсиши вазифаи хонагӣ хонандаи имрӯзаи моро қонеъ гардонида наметавонад, ӯ аз ин ... Read More »

Барномаро омӯзонем ё китоби дарсиро?

Оғози соли равон тибқи нақшаи кории дафтари методии шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент дар маҷлисгоҳи шуъбаи маориф машварати омӯзгорони фанни математика баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 120 нафар омӯзгори фанни математикаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосӣ ширкат варзиданд. Барномаи машварат бо назардошти Қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 27.02.2010, №89 Дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ ... Read More »

Сухани обнорасида

Вақтҳои охир дар хусуси душворфаҳмии забони матбуот ва ғалатҳои он шикоятҳо зиёд ба гӯш мерасанд. Воқеан, шикояти мардум ҷон дорад, ки инро чанд сабаб аст. Баъзе қаламкашон шояд барои намоиш додани бузургию забондонии худ бошад, ба ҷойи истифодаи шаклҳои маъмулу оммафаҳми калимаҳо муродифҳои бегона ё номаъмулу душворфаҳми онҳоро ба кор мебаранд. Калимаҳои табъид, эъдом, рӯбон, инфилятся, демокросӣ, мунъим, халабон, терак, ... Read More »

Алифбо сисола шуд

Оё дар ин рӯзгор шахсе ёфт мешавад, ки боре ҳам китоби Алифборо ба даст нагирифта бошад? Аз мусаввараҳои рангину дилнишинаш ба ваҷд наомада бошад? Албатта, кам андар кам ёфт мегарданд чунин нафарон. Дидани ин китоб ва ҳатто, шунидан дар борааш моро ба олами рангини кӯдакӣ раҳнамун месозад. Ҳарфҳо, ҳиҷоҳоро бо ҳам ҷанг андохта хондан лаззате дошт беандоза. Ангор, қуллаи кӯҳи ... Read More »

Магӯ чизе, ки дар дониш нағунҷад

Ба қалам омадани ин тақризро мақолае, ки таҳти унвони «Феълҳои ғайритасрифӣ» дар ҳафтавори «Омӯзгор» аз  таърихи 3 июли соли 2015  чоп шуда буд, тақозо намуд.  Метавонистем ин тақризро нанависем, вале оқибати он моро ба ин иқдом водор сохт. Зеро бештари омӯзгорони забони тоҷикии  макотиби олӣ ва миёна, инчунин донишҷӯёну хонандагон «бозёфтҳои»  муаллифи ин мақола С.Шербоевро тоза шуморида, онро азбар менамоянд, ... Read More »

То мард сухан нагуфта бошад…

Мусоҳиба бо мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҳисор Назрӣ Асадзода — Ҳисори Шодмон дар арафаи таҷлили ҷашни бузург, 3000-солагӣ қарор дорад. Бо талошҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ЮНЕСКО, яке аз ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳон, ҷашнгирии Ҳисори қадимро ба нақша даровард. Муҳтарам Асадзода, шумо солиёни дароз дар мақомоти гуногуни ҳукумати ноҳия ифои вазифа намуда истодаед. Инчунин, узви комиссияи тадорукотии ҷашн маҳсуб меёбед. Аз ... Read More »

12 зимистону 12 баҳор

— Дилам на ба ту ва на ба мардумат намесӯзад, — ба сӯйи дари кабинеташ равон шуда хитоб кард раис, — ва як ба қафо, ба ҷониби Мирзомиддин нигоҳ афканд: — Ин мардум рӯша сиёҳ мекунад. Аз ҳама дорову бадавлатанд. Мегӯянд, ки як камбағала куштаанд, 50 ман гӯшту равған додааст. Рав, рав, хез, марш! Ва Раис ба маркази ноҳия рафту ... Read More »

Бунёдкорӣ мардумро муттаҳид месозад

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими супурдани унвони «Профессори фахрӣ»-и Донишгоҳи давлатии нафту техникаи Уфа, Федератсияи Россия,      8 июли соли 2015 Муҳтарам Рамил Назифович, профессорон, омӯзгорон, аспирантон ва донишҷӯёни муҳтарам. Дӯстони азиз! Бароям ифтихори бузург аст, ки «Профессори фахрӣ»-и яке аз донишгоҳҳои асосии Россия дар амри тарбияи кадрҳо барои чунин соҳаи стратегӣ,  чун истихроҷу  коркарди нафт- Донишгоҳи давлатии ... Read More »

Машварат ба хотири омӯзиш

Чанд рӯз пеш Вазорати маориф ва илм семинар-машварати омӯзишии мудирони шуъбаҳои маориф ва директорони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявиро доир кард. Дар он вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид, муовинони вазир Тоҷинисо Маҳмадова ва Бозоралӣ Одинаев иштирок карданд. Дар семинар, инчунин, намояндагони як қатор вазорату идораҳо иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар оғоз Нуриддин Саид бо қаноатмандӣ аз фаъолияти аҳли маорифи кишвар сухан ... Read More »

Ҷидду ҷаҳди якҷоя лозим

Бо мақсади таъмини алоқаи доимӣ бо падару модарон кумитаҳои умумимактабӣ  ва синфии  падару модарон ташкил карда мешавад. Ҳарчанд таълиму тарбия бештар ба оила вобастагӣ дорад, сарчашмаи асосии тарбия мактаб аст. Ҳазорон чашми шогирдон бо умеди ибрат ба сӯи омӯзгор. Дар симои  ӯ маслиҳатчии ғамхор ва роҳбалади ҳаётии худро мебинанд онҳо. Дар мактаб асоси ахлоқи маънавӣ ва тарбияи меҳнатӣ  гузошта мешавад. ... Read More »

Ғамхори фарзанд

Вақте фарзанд ба дунё меояд, бо ҳазорон орзуву умед ӯро ба хонадон ворид месозем. Бо гулдаставу шодиву сурур аз таваллудхона мебарорем. Ҳатто имрӯзҳо баъзеҳо бо мусиқӣ ва мошинҳои ороишдода (чӣ тавре ки дар туйҳо мекунанд) ба гирифтани фарзандашон ба таваллудхона ҳозир мешаванд. Дар интихоби номи муносиб ба ӯ, ки дар бузургсолиаш аз он норозӣ набошад, чӣ қадар бо андеша маслиҳату ... Read More »

Таълими имло ва мушкилоти китоби дарсӣ

Калимаи «имло» дар забоншиносии муосири тоҷик маҷмӯи қоидаҳои навиштор аст. Имлои забони тоҷикӣ аз қоидаҳои дуруст навиштани овозҳо, калимаҳо ва қисми маънодори онҳо, якҷоя, ҷудо ва ё бо нимтире (дефис) навиштани вожаҳо, кӯчонидани қисми калима аз як сатр ба сатри дигар, навишти дурусти ҳиссаҳои нутқ, истифода аз ҳарфҳои калон ва хурд дар навишти калимаҳо иборат аст. Бояд донист, ки калима ... Read More »