Monthly Archives: Июнь 2015

Ҳамзабонӣ хешиву пайвандӣ аст…

Бо мақсади баррасии ҳамкориҳо ҷиҳати таҷлили 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17 июни соли ҷорӣ вохӯрии вазири маориф ва илм Нуриддин Саид бо раиси остони Ҳамадони Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷаноби Муҳаммадносир Некбахт, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, вакилони Шӯрои исломӣ Амир Хуҷаста Атоулло ва Шурои Исломӣ Субҳони Сабур, ... Read More »

Саодати миллат- аз Ваҳдат

Осудагию оромӣ, тинҷию амонӣ, шукуфоиву сарсабзӣ, ободониву фаровонӣ, рушди бомароми иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар, беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум, сол ба сол паст шудани сатҳи камбизоатӣ, таъмини амнияти миллӣ, тақвияти рукнҳои давлатдорӣ, дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳо, таҳкими мавқеи давлат дар арсаи байналмилалӣ, риоя ва иҷрои Конститутсия ва қонунҳо, яъне волоияти қонун ва ба ин васила ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, ... Read More »

Ваҳдати миллӣ ва манофеъи миллӣ

Мафҳуми манофеъи миллӣ дар сиёсат-шиносии кишварҳои собиқи Шӯравӣ тавассути адабиёти сиёсатшиносии англисизабон аз Ғарб асосан баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ворид гардидааст. Дар аксар адабиёти сиёсӣ таърифи манофеъи миллӣ чунин зикр шудааст: Манфиати миллӣ –шинохти огоҳонаи ниёзи давлат, ки муайянкунандаи муносибати иқтисодӣ, геополитикии  он дар замони муайян, бо назардошти арзишҳои таърихию фарҳангӣ, зарурияти ҳифзи амнияти аҳолӣ аз хатарҳои берунӣ ва ... Read More »

Роҳи пурпечутоб,вале саодатбахш

Сабаб: буҳрони маънавӣ?! Инсони саодатманд ҳам-вора саъй бар он менамояд, ки баҳри ҳифзи ормонҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангию таърихии халқи хеш талошу пайкор ва лозим ояд, ҷонбозиҳо кунад. Барои ин гуна ашхос пораи хоки Ватан беҳтару болотар аз ҳама гуна ганҷи рӯйи олам аст. Ин афроди ҳушманд ва фазилатоину фидокор дар назди хеш ҳадафҳои неку созанда гузошта, рисолату ҳастии хешро ... Read More »

Машварат манфиатовар аст

Тибқи нақшаи баргузории вохӯрии муаллифони китобҳои дарсӣ бо омӯзгорони фаъоли шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд рӯзҳои охири моҳи май дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Ҷ.Расулов вохӯрии муаллифони китобҳои дарсӣ бо омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, таърих ва ҳуқуқ доир гардид, ки дар он К.Исоев–директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ, Ш. Исрофилниё – директори Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ... Read More »

Дониш дар меҳвари касб

Кӯшиш ва ғайрат намудан  кафолати аз худ кардани  ҳама гуна дониш аст. Ҳамаи инсонҳо неруманданд ва неруи онҳо  мисли оташи фурӯзон аст. Онро агар мақсаднок истифода набарӣ (масалан, барои донишомӯзӣ),  пас, ҳатман бедарак сарф мешавад ва суде ба даст намеояд. Яъне, пеш аз ҳама,  бовар ва азму ирода барои донишомӯзӣ зарур аст. Ҳар инсон дар ин роҳ имкони муваффақ шудан ... Read More »

320 нафар дар оғӯши “Чайка”

17 майи соли равон даври  якуми фаъолияти истироҳатгоҳи кӯдакону наврасон «Чайка» — и Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар маросими ифтитоҳи он сардори раёсати илм ва маърифати дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷинисо Маҳмадова, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Салимзода Шерхон Одина ва раиси Кумитаи иттифоқи касабаи ... Read More »

Вазъи мактабҳо дар ҷиргатол

Дар ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми кишвар дар ноҳияи Нуробод, аз ҷумла, вазъи биноҳои муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияҳои минтақаи Рашт мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Мусоҳиби мо бо мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷиргатол Пирмаҳмад Абдусатторов. -Муҳтарам мудир, дар  ҷаласаи сайёри мушовара ин дафъа ҳам атрофи мактабҳои куҳансохт, махсусан, мактабҳои садамавӣ гуфтугӯи ҷиддӣ шуд. Вале дар ҷамъбасти натиҷаҳои семоҳаи ... Read More »

Фарзанд — меваи умр

Олимони равоншинос бар онанд, ки тарбияи фарзанд аз кӯдакӣ шурӯъ мешавад. Яке аз вазифаҳои муқаддаси модар ин аст, ки барои тавлиди тифли солим талош варзад. Ин орзуву ормони падару модар дар сурате амалӣ мегардад, ки  худи онҳо тани солим, одобу рафтори шоиста дошта бошанд. Дар ин робита, бо иқдоми Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 «Соли оила» эълон гардид. ... Read More »

Самараи омӯзиш

Камила Шаҳидова – хонандаи синфи 9-и мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе. Камила Шаҳидова дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии   №2-и шаҳри Душанбе соли 2006 таҳсилро дар синфи якум оғоз менамояд. Тариқи озмун соли 2012 ба мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе қабул мешавад. Аз оғози хониш ҳамчун хонандаи болаёқат, хушзавқу боистеъдод худро нишон дода, дар корҳои ҷамъиятиву беруназсинфӣ фаъолона ширкат меварзад. Дар ... Read More »

Ҳамоиши муҳташами аҳли сухан

Ҳафтаи оянда (30 июн) адибони тоҷик анҷумани навбатии худро баргузор менамоянд. Ин ҳодисаи марҳилавӣ хоҳад буд дар ҳаёту фаъолияти аҳли адаби кишвар. Мавриди таъкид аст, ки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон соли 1934 таъсис ёфтааст ва нахустраиси он адиби номвару ҷасур Абулқосим Лоҳутӣ интихоб гардидааст. Ин ниҳоди бонуфузи адабӣ аз оғоз аҳли қалами ҷумҳурии тозатаъсиси тоҷиконро гирд оварда, барои рушди истеъдод ва ... Read More »

Охирин рақси дед Миша

ӯро дар деҳа хурду калон, пиру ҷавон ҳамин тавр ном мебурданд: Дед Миша. Дед Миша иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Баъди ғалаба ду соли дигар дар барқарору ободсозии шаҳрҳои валангори Русия ҳиссагузорӣ намуд. Вақте ки ба деҳа омад, қариб ӯро нашинохта буданд. Бо забони модарӣ канда-канда ва ҳар лаҳза калимаҳои русиро ба он омехта гап мезад. ӯ солҳои зиёд чун ... Read More »

Муроҷиатномаи

кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонони кишвар Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бовар ҳосил намуд, ки ҷонибдорони бо ном «Давлати исломии Ироқу Шом» ба ғайр аз қатли насли инсоният, харобии масҷиду мадорис, бадбахтиву касодии зиндагӣ, фурӯхтан ва ғулом намудани занону кӯдакон ва дар умум аз байн бурдани халқияту миллат ва давлатҳои исломӣ ба аҳли башар дигар чизе дода наметавонанд. ... Read More »

Ҳадаф ислоҳи камбудиҳост

Дар доираи нақшаи баргузории вохӯриҳои муаллифони китобҳои дарсӣ бо омӯзгорони фаъоли шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд 27-уми майи соли ҷорӣ вохӯрии муаллифони китобҳои дарсии физика ва математика бо омӯзгорони фаъоли вилоят баргузор гардид. Дар нишаст мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд С.Ҷалолов, директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илм К.Исоев, ... Read More »

Таъсиси факултаи муштарак

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон густаришбахшии ҳамкориҳои илмӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, омӯзишӣ ва фарҳангиро бо давлатҳои хориҷӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ мешуморад. ДМТ бо макотиби олии Россия, Озарбойҷон, Эрон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Чин, ИМА, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои дигар ҳамкориҳои судманд дорад. Дар ин росто ҳамкориҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва маориф бо макотиби олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои Ҷумҳурии Белорус бо ... Read More »

Самараи омӯзиш

1-7-уми июни соли ҷорӣ дар Донишкадаи забон ва адабиёти руси ба номи А.С.Пушкини шаҳри Москва XII — умин олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои забон ва адабиёти рус, кишваршиносӣ, таърихи Россия доир гардид, ки дар он 8 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии Тоҷикистон низ ширкат варзида, соҳиби ду медали тиллло ва 6 медали биринҷӣ гардиданд. Бояд қайд кард, ки мактабиёни Тоҷикистон дар шаш ... Read More »

Модули таълимӣ аз фанни забони лотинӣ

Забони лотинӣ дар соҳаи тиб нақши муҳим мебозад. Бе донистани забони англисӣ фаъолият дар муассисаи тиббӣ ғайриимкон аст. Ба ин хотир, мо тасмим гирифтем намунае аз машғулияти модулиро аз ин фан ба донишҷӯёни муассисаҳои тиббӣ пешниҳод намоем. Мавзӯъ: Сифатҳои гурӯҳи 2. Намунаи машғулият: амалӣ. Навъи машғулият: омехта. Мақсадҳои машғулият: Таълимӣ: шинос намудани донишҷӯён бо сифатҳои гурӯҳи 2; омӯзиши  сифатҳо; афзудани ... Read More »

Таҳсили 11 — солаи духтарон ҳатмӣ бошад

Агар дар як синф, зери як сақфу паси  як миз нишаста дарс хондани духтару писарҳо, аз як тараф таҷрибаи талқини баробарҳуқуқии онҳо аз ҳар нигоҳе бошад, ин амр ҷанбаҳои дигаре ҳам дорад. Эҳсоси масъулияти гуфтор дар муқобили ҷинси худ, риояти одоби нишасту хез, сару либос, таҳкими ҳисси бародарию хоҳарӣ ё дӯстии амиқ барои то охири умр… – инҳо ҳама манфиатҳое ... Read More »