Monthly Archives: Май 2015

Минтақаи Рашт: талошу ҷаҳд мебояд

Кӯдакон… ва мақомот -Бо вуҷуди ин, мо наметавонем аз вазъият пурра қаноатманд бошем, -иброз намуд Т.Маҳмадова. — Вазъ дар муассисаҳои томактабии навоҳии минтақа бағоят нигаронкунанда аст. Аз ҷумла, дар зарфи чанд соли охир теъдоди кӯдакистонҳо дар ин навоҳӣ зиёд нашудааст. Дар муқоиса бо дигар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Варзоб, Ваҳдат ва Роғун — 40 кӯдакистон бо фарогирии ... Read More »

Сангҳои осмонӣ: ҳақиқат ва хурофот

(Ё ин қадар хурофотзадагӣ аз куҷост?) Инсоният аз замоне, ки ба мушоҳидаҳои кайҳоншиносӣ оғоз кард, назди худ пеш аз ҳама ду суоле гузошт, ки то имрӯз ба ин саволҳо касе ҷавоби қонеъкунанда надодааст. Аввал, «Оё ӯ (Инсон) дар олами коиноти беинтиҳо танҳо аст?» ва дигарӣ: «Олами коинот чӣ тавр пайдо шудааст?». Оид ба ин масъалаҳо фикру андешаҳо ва назарияву фарзияҳои ... Read More »

Саҳми оила дар давраи аттестатсияи хатм

Аттестатсия воситаест, ки  сифати кори таълимро баланд мебардорад, масъулияти омӯзгоронро меафзояд, назорати давлатиро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бештар менамояд, хонандагонро хеле серташвишу масъулиятшинос мегардонад.Саҳми оила дар ин давраи басо ҳассосу ҳалкунанда барои тақдири ояндаи фарзандон бештар эҳсос карда мешавад. Дар давраи тайёрӣ ба аттестатсияи хатму гузариш ва бомуваффақият супоридани имтиҳонҳо мавқеи оила хеле калон аст. То гузаштани аттестатсияи ин ё ... Read More »

Нони хуштамъ аз зувола вобаста

Чанд сол аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амал менамояд ва он бархе аз волидони ба кори таълиму тарбияи фарзанд бетаваҷҷуҳ ва бепарворо ҳушдор дод. Ба таври маълум, кӯдак нахустин тарбия, омӯзиши алифбо, қадамҳои аввалинро дар оила амалӣ менамояд. Ва ҳамон гунае, ки бо ҳаёти кӯдакӣ ворид шуд, ҳамон тавр ба ҳаёти ... Read More »

Санъати тарбия

Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба масоили тарбияи насли наврас аҳамияти аввалиндараҷа  медиҳад.  Исботи ин ақида аз он гувоҳӣ медиҳад, ки давлати соҳибистиқлоли дар Тоҷикистон соли 2005 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» қабул гардид. Аз талаботҳои қонун бар меояд, ки мо бояд насли имрӯз ва фардоро ба суннатҳои воло ва бо мероси бузурги ниёгонамон ҳарчи бештар ... Read More »

Сарвати маънавии миллат

Луғат ва луғатнигорӣ аз бахшҳои муҳимтарини илми забоншиносист. Дороӣ ва тавоноии ҳар забон маҳз дар таркиби луғавии он инъикос меёбад. Аз ин ҷост, ки донишварон ва забоншиносони варзида  барои офаридани луғатномаву фарҳангҳо кӯшишҳои зиёду заҳматҳои фаровон ба харҷ додаанд.  Луғатнигорӣ (фарҳангнигорӣ) дар забони модарии мо таърихи дерин ва ғанӣ дорад. Яке аз қадимтарин луғатҳои тафсирии забони тоҷикӣ «Луғати фурс» ном ... Read More »

Сабқати 270 хонандаи лаёқатманд

Дар гимназияи №53 ба номи Муҳаббат Маҳмудоваи ноҳияи Исмоили Сомонӣ конференсияи 6-уми илмӣ-эҷодии мактаббачагони шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар он зиёда аз 270 нафар хонандаи лаёқатманди муассисаҳои таълимии чор ноҳия иштирок доштанд. Роҳбари ҷамъияти илмӣ-эҷодии хонандагони гимназияи №53 ба номи Муҳаббат Маҳмудова Тӯрақул Ҷумъаев дар  расми оғоз ба хонандагон муваффақиятҳо орзу намуд. Роҳбари ҷамъияти илмӣ-эҷодии мактаббачагони шаҳри Душанбе, номзади илмҳои ... Read More »

Кашф ва дастгирии истеъдодҳо

Тани зинда воло ба варзандагист, Ки варзандагӣ мояи зиндагист. Воқеан, варзиш қосиди сулҳ, маҳаки асосии тарзи ҳаёти солим ва яке аз омилҳои шуҳратёр намудани давлату миллат мебошад. Варзиш барои инсон чун обу ҳаво зарур аст,  машғул шудан ба он боиси солимии рӯҳу равон ва ҷисми инсон  мегардад. Хушбахтона, дар Тоҷикистони азизи мо ба соҳаи варзиш эътибори хоса дода мешавад  ва ... Read More »

Дӯстӣ хушбахтӣ орад бар ҳама

Олимони барҷастаи соҳаи педагогика борҳо бо далелҳои муътамад собит сохтанд, ки таълиму тарбия муҳимтарин омилҳои инсонсоз буда, бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд, якдигарро пурра мекунанд ва самармандии фаъолияти омӯзгоронро таъмин менамоянд. Дар масъалаи ба бартарияте шомил будани ин ду омил нисбат ба якдигар низ байни педагогҳои маъруф  баъзе баҳсу муколамаҳо ба миёни омадаанд. Зумрае бар он назаранд, ки таълиму тарбия ... Read More »

Бо пайраҳаи падар

Зиндагӣ ширину лаззатбахш ва зебою гуворост. Аммо гаҳе тираю талх шуда, аз оғӯши он таноби умри инсон гусаста мегардаду дили саршори пурмеҳру муҳаббат ва ормонҳои зиндагӣ аз тапидан боз мемонад. Дили пайвандон реш-реш мегардад. Соле пеш дар дараи Варзоб мошине ба садама дучор шуда, ба дарё афтид ва сабаби ҳалокати се нафар олими номдори тоҷик, профессорон Абдуқаҳҳор Турсунов, Облоқул Сангинов, ... Read More »

Ташаккули фалсафаи сулҳи тоҷикон

Дар замонҳои пешин байни қавмҳои гуногуни эронитабор низоъҳои мухталиф сар мезаданд ва онҳо бо таъсири фарҳанги баланди аҷдодонамон охируламр бо сулҳу салоҳ меанҷомиданд. Таърих гувоҳ аст, ки аксарияти низоъҳое, ки миёни мардуми эронинажод сурат гирифта буданд, бо дахолати шахсиятҳои фарҳангӣ  бартараф гардидаанд. Муҳтавои ҳарфи мо нишон додани манбаъҳои ташаккули фалсафаи сулҳ дар Тоҷикистон мебошад. Боиси қаноатмандӣ  ва ифтихор аст, ки ... Read More »

Ҷавонон – неруи созанда

Ҷавонони мо неруи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Эмомалӣ  Раҳмон Ҳанӯз ҳам вохӯрии ду сол қабл аз ин рухдодаи Президенти мамлакат Эмомалӣ  Раҳмон дар рӯзи ҷавонони ҷумҳуриамон (дар Кохи Борбад) аз хотирам фаромӯш нагардидааст. Зимни он кулли паҳлуҳои рӯзгор ва фаъолияти ҷавонон аз тарафи Роҳбари давлат мавриди баррасӣ  қарор ёфта буд. Ҷавононро ... Read More »

Натиҷаҳо умедбахшанд

15 – 16 – уми майи соли ҷорӣ  дар коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсуфоваи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон даври хотимавии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ  барпо гардид. Дар ифтитоҳи чорабинӣ  муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ  Бозоралӣ  Одинаев изҳор дошт, ки барои дарёфти истеъдодҳои асил Вазорати маориф ва илм ҳанӯз аз аввали соли ҷорӣ  ба коллективҳои муассисаҳои ... Read More »

Иқдоми наку

(Мулоҳизаҳо оид ба таъсиси Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионӣ  (КОА)-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯшишҳои пайваста ва сиёсати  давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун  зина ба зина мустаҳкам мегардад. Тавре аз суханрониҳои Президенти мамлакат дар чорабиниҳои сатҳҳои гуногун бармеояд, он кас инкишофи илму маорифро яке аз омилҳои ... Read More »

«Чап»-у «Рост»-и технологияҳои информатсионӣ

Дар охири асри 20 ва аввали асри 21 технологияҳои иттилоотӣ  бо суръат тараққӣ  ёфта, ҳама соҳаи ҳаёти имрӯзаро ба куллӣ  дигаргун сохтанд. Рушди ин соҳа ба ҷомеаи ҷаҳонӣ  таъсири манфӣ  низ расонид, масалан, сиёсат, авиатсия, иқтисодиёт, маориф ва илм, мудофиа, тандурустӣ … Яке аз соҳаҳои муҳим дар ҷомеаи имрӯза, ки инкишофёбии технологияҳои иттилоотӣ  аз он вобастагӣ  дорад, соҳаи сиёсат ва ... Read More »

Дил, ки сӯзад…

Имрӯз дар ҷомеаи мо масъалаи асосӣ  ва аввалиндараҷа тарбияи ахлоқии насли наврас ба шумор меравад. Чунон ки тайи ду-се соли охир ҳамагон аз ин боб бисёр мегӯему менависем, ҳанӯз дар раванди татбиқи амалии Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷониби мақомоти ҳукумати маҳаллӣ , садорати шуъбаҳои милиса ва падару модарон дар ҳамбастагӣ  бо устодону омӯзгорони ... Read More »

Фарзанди нек — боғи падар

Қонуни Ҷумҳуриии Тоҷикис-тон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» имконият фароҳам меорад, ки насли солим тарбият ёбад. Чӣ  тавре ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ҳангоми қабули  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» изҳор доштанд, фарзанд меваи умр аст. Калонсолон ҳеҷ гоҳ набояд аз таълиму тарбияти фарзанд канораҷӯӣ  кунанд. Солҳои охир ... Read More »

Қарсак аз ду даст

Масъулияти падару модар дар  фаъолияти мутахассисони ҷавон аҳамияти хос дорад. Ин масъала дар коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ  муддати 3 сол мешавад, ки мавриди амалишавист. Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки ҳамасола дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимии олӣ  ва миёнаи касбӣ  мавриди баррасӣ  қарор мегирад, ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба ҷойи ... Read More »