Monthly Archives: Апрель 2015

Бунёдкориҳо дар Кангурт

23 апрели соли равон дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои сеошёнаи маркази таълимӣ ва хизматрасонии Меҳри Модар ба истифода дода шуд, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Анвар Қурбонов бунёд ёфтааст. Маркази таълимию хизматрасонӣ дорои таълимгоҳи калонсолон бо синфхонаҳои омӯзиши барномаҳои муосири компютерӣ, забономӯзӣ, омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ мебошад. Дар коргоҳи дӯзандагӣ асосан ... Read More »

Қаноатмандӣ аз натиҷаҳои озмун

25-26 –уми апрели соли ҷорӣ дар мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе  олимпиадаи номии ҷумҳуриявӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, таърих, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, забонҳои русию англисӣ, химия, физика, биология ва математика  баргузор гардид. Дар он 277  довталаб аз вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Дарёфти истеъдодҳо Ба гуфти омӯзгори ... Read More »

Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст

Бо ташаббуси Шӯрои директорони  муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ Спартакиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ оид ба гӯштингирӣ, волейбол, шоҳмот, шашка, давидан ба масофаи 3 ҳазор метр барои дарёфти Ҷоми Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи касбии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 70 – солагии Ғалаба дар ҶБВ  барпо гардид. ... Read More »

Сарояндаи корномаи далерон

Моҳи октябри  соли  2014 дар вохӯрии  навбатии кишварҳои узви аҳдномаи Шанхай (ШОС),  ки дар шаҳри Душанбе  баргузор гардид, Президенти Россия Владимир Путин ба  сарони кишварҳои аъзои  ин  ташкилоти бонуфузи  байналмилалӣ  пешниҳод  намуд, ки  тантанаи ҷашни 70 — солагии ғалаба  дар  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ  дар  пойтахти Россия  шаҳри Москва  қайд карда  шавад. Ин  пешниҳод  аз ҷониби кишварҳои узв якдилона  пазируфта  шуд. ... Read More »

Толиби илмро адаб бояд

Шиносномаи ҳар шахс одоби ӯст, ки тавассути гуфтору рафтору муносибаташ бо атрофиён таҷассум меёбад. Одаме шарафманд аст, ки одоби ҳамида дорад. Оне, ки аз хулқу атвори нек дур аст, манфур аст ва гирифтори нафрати ҳамагон. Нақши адаб дар таъйини мақому мартабаи инсон то ба дараҷаест, ки маҳз он тафовути одамро аз ҳама мавҷудоти дигар муайян месозад ва ин маъниро шоири  ... Read More »

Дарси кушод ва аҳамияти он

Дарси кушод яке аз намудҳои асосии омӯзиш  ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам мебошад. Он имкон медиҳад, ки кори омӯзгорони беҳтарин ва мураббияҳо бевосита мушоҳидаву баррасӣ ва таҷрибаи судманди онҳо густариш бахшида шавад. Дарси кушод бояд аз ҷониби омӯзгорони  таҷрибадор, роҳ-бари таълимгоҳ, муовинони вай, кормандоне, ки аз таҷрибаи кори  онҳо омӯзгорон ва мураббиён фаъолияти кориашонро сайқал медиҳанд, таҳлил гардад. Дарси кушодро ... Read More »

Ҳунарманду бодонишу бонажод

Бузургони миллат дар андӯхтани донишу хирад ва рушди маърифат талошҳо варзидаанд. Рӯдакиву Синову Фирдавсиву Берунӣ, Форобиву Розиву Хайёму Саъдӣ, Носири Хусраву Ҷалолиддини Балхӣ, Аҳмади Марвазиву Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ва садҳо гузаштагони илму адаби тоҷик нақши муассир дар рушду такомули илми тоҷик, аз ҷумла, соҳаи илмҳои дақиқ гузоштаанд ва пояи устувори андешаи миллиро мустаҳкам сохтаанд. Маҳз бо нигориши ин бузургон нигоҳи мардуми ... Read More »

Вохӯрӣ бо Кавен Аллен

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ ва муҳокимаи роҳҳои ҳамкорӣ дар самти таълим дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ вохӯрии муовини аввали вазир Р.Мирбобоев бо роҳбари намояндагии раёсати Комиссияи Олии СММ оид ба паноҳандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Кевин Аллен баргузор гардид. К.Аллен зимни суҳбат иброз дошт, ки Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми халқиятҳое, ... Read More »

Мақсад — вусъати ҳамкориҳо

Бо мақсади рушди ҳамкориҳо, вусъати табодули таҷриба ва бо ҳадафи ба таҳсил фиристодани донишҷӯёни тоҷик ба Донишгоҳи Аврупоии Лефке 17-уми апрели соли 2015 вохӯрии вазири маориф ва илм Нуриддин Саид бо ректори донишгоҳ, ҷаноби Мехмет Алӣ Юкселем баргузор гардид. Зимни нишаст вазири маориф ва илм Нуриддин Саид вобаста ба таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар хориҷи кишвар маълумоти мухтасар дода, аз ҷумла, ... Read More »

30000 мутахассис дар муддати 70 сол

«Нақши Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар тайёр намудани мутахассисон», — чунин ном дошт конфронси ҷумҳуриявӣ, ки бахшида ба 70-солагии донишгоҳи мазкур 17-18 апрели соли равон баргузор гардид. Дар кори он устодону олимон аз тамоми муассисаҳои олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ муовини аввали вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳматулло Мирбобоев иброз дошт, ки ... Read More »

Таҷлили Рӯзи илм

17-уми апрели соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик, ки ҳамасола дар якшанбеи сеюми моҳи апрел қайд карда мешавад, конференсияи илмӣ бо иштироки ходимону кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф, Маркази таълимию методӣ, муовинони ректор оид ба илми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. ... Read More »

Чаро хонандагон омода набуданд?

18-19 апрели  соли равон  дар мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе   олимпиадаи   даставии ҷумҳуриявии  хонандагон ва мактабҳои Президентӣ баргузор гардид. Дар он 196 нафар хонанда аз рӯйи фанҳои  биология, математика, технологияи информатсионӣ,  физика ва химия  донишу маҳорати худро санҷиданд. Бояд қайд намуд, ки аз фанҳои номбурда  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейю гимназияҳо ва мактаб-интернатҳои  Президентӣ дар алоҳидагӣ ширкат варзиданд. Дар ... Read More »

Оилаи солим – муҷиби солимии ҷомеа

Ташкили оила, ки он ба сифати хурдтарин ниҳод дар ҷомеа шинохта шудааст, аз падару модарон ва ҳар шаҳрванд хоҳони он аст, ки дар шеваи тадбири он пурмасъулият ва огоҳона дар муомилаву муносибат бошанд. Таъсири рафтор  бештар аз таъсири гуфтор аст. Ин маъно ифодагари он аст, ки инсон бо рафтору кирдори шоистаи хеш таъсири бештареро дар оила ва ҷомеа мегузорад.  Ҳамин ... Read More »

Мечарах

Ман тахминан панҷсола будам. Камубеш воқеаҳои солҳои ҷанги Шӯравӣ бо  Олмон дар хотирам ҳаст. Вале оид ба дар деҳаи Хоҷачилдиёри боло кушодани «Арчазавод» ба ман қиблагоҳам ва бародари бузургам шодравон Ҳоҷӣ Шариф нақл карданд. Арчазаводро соли 1942 кушодаанд ва он то соли 1946 фаъолият доштааст. Ҳадафи кушодани завод гирифтани равғани арча будааст. Ин равған ҳамчун дору барои табобати ҷароҳати дар ... Read More »

Модар — нахустомӯзгори фарзанд

Чанде пеш мулоқоти масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо донишҷӯдухтароне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, доир гардид. Дар мулоқот, аз ҷумла, 72 нафар духтаре, ки тибқи квотаи Президентӣ дар ихтисосҳои гуногун таҳсил мекунанд, намояндагони мактабҳои олӣ, Кумитаҳои занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ ширкат намуданд. Раиси ноҳияи ... Read More »

Забондонӣ фазилати олист

Фазлу  дониш дар  ҳама давру  замон қадри  инсонро баланд мекунад. Аз ин рӯ, адибону  шоирони  бузург дар ҳаққи  дониш суханҳои  омӯзанда  гуфтаанд. Агар Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ «Зи дониш  шавад  кори  гетӣ  ба  соз», гуфта  бошанд, устод  Фирдавсӣ онро  воситаи дарёфтани  ризқу рӯзӣ ва  дарк  кардани  олам  донистааст: Як роҳи  таҷрибашудаи  андӯхтани дониш  омӯхтани  забонҳои хориҷӣ  мебошад. Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳам  ... Read More »

Заминро эҳтиёт кунед!

Замин хонаи умумии тамоми башарият мебошад. Аз ин сабаб мо бояд заминро тозаю озода нигоҳ дошта, ба наслҳои оянда, тавре ки пайдо шудааст, ҳамон тавр боқӣ гузорем. Бо ин мақсад, дар тамоми дунё ҳар сол «Рӯзи замин»-ро ҷашн мегиранд. Ҳар як ид таърихи худро дорад. Пайдоиши иди «Рӯзи Замин» чунин аст: 22 апрели соли 1970 бахшида ба зодрӯзи Д.Стерлинга Мортон, ... Read More »

Таваҷҷуҳ ба забони русӣ

Шурӯъ аз моҳи сентябри соли равон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ба хонандагон як соат бештар аз фанни забони русӣ дарс дода мешавад.  Зулфия  Сафарова, сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин бора иброз дошт: — Соли 2004 “Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон барои солҳои ... Read More »