Monthly Archives: Март 2015

Зиёиён равшангарони ҳаётанд

Суханронии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат, 19.03.2015, шаҳри Душанбе Ҳамватанони азиз! Муҳтарам намояндагони аҳли зиёи мамлакат! Бо як ҷаҳон фараҳу шодмонӣ фарорасии Соли нави аҷдодӣ — Наврӯзи оламафрӯзро ба шумо ҳозирини арҷманд ва ба кулли мардуми куҳандиёри азиз, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи онҳое, ки ин ҷашни байналмилалиро таҷлил менамоянд, самимона шодбош гуфта, ба ҳамаатон хонаи ... Read More »

Ҳама рӯзгори ту Наврӯз бод!

Тоҷикон бо адабиёту фарҳанги бостониву ғановатманди хеш дар саросари ҷаҳон шуҳратёранд. Бисёр анъанаҳои ин халқи тамаддунпарвар решаҳои амиқи таърихӣ доранд ва бо тинати поку орзуву омол ва ҳадафҳои неку башардӯстонаи эшон иртиботманданд. Дар ин миён фархундаҷашни Наврӯз ҷойгоҳи ифтихориву вижаеро дорост ва он чун рӯзи оғози офариниш, рӯзи хилқати олам, рӯзи пирӯзии равшанӣ бар торикӣ, рӯзи фарҷоми сармову даррасидани гармо, ... Read More »

Муроҷиатномаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

оид ба пешгирии амалҳои номатлуб дар раванди имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – 2015 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон довталабон, падару модарони онҳо ва тамоми алоқамандони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро огоҳ менамояд, ки ба монанди соли гузашта тамоми раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои мазкур ба таври шаффоф ва одилона ба роҳ монда шуда, дониш ва маҳорату малакаи довталабон воқеӣ (объективона) арзёбӣ карда мешавад. ... Read More »

Як ҷузъи ҷашни Наврӯз

Варзиши муосир бештар хусусияти иҷтимоӣ намуда, нимфунксионалӣ ва бисёрченакӣ пайдо мекунад. Варзиш дорои имкони ҳаллу фасли масъалаҳои доираи ниҳоят васеъдошта мебошад; пурқувват намудани саломатии аҳолӣ, аз таъсироти  номатлуб эмин нигоҳ доштани  ҷавонон, қаноатманд намудани  талабот ба хизматрасонии тамошобин, ҳавасмандии моддӣ, ҳифзи  шарафи Ватан, ташаккул додани   ватанпарастӣ ва ҳоказо. Ҷашни  Наврӯз  ба афсудани шавқу  ҳаваси  ба  варзиш  мусоидат кард. Талаботи  мардум ... Read More »

Суннати салом-салом дар Наврӯз

Наврӯз аз рӯйи сарчашмаҳо таърихи сеҳазорсола дошта, аз ҷашну маросимҳои қадим Меҳргону Сада, Баҳманмоҳу Тиргон  дида, дар байни мардуми ориётабор  мақому мартабаи волотарро соҳиб гаштааст. Имрӯз эронитаборон онро чун ибтидои сол бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Махсусан, Наврӯзи Бадахшон бо вижагиҳои расму ойинҳои хоси худ аз дигарон тафовутҳои зиёде дорад. Мардуми шуғнонзамин онро Хидирайёму Наврӯз мегӯянд. Аз ин маълум ... Read More »

Номномаи  ҳампайкарҳо  (дугоникҳо)

Номномаҳои мунташираи чиҳил соли ахир дар Тоҷикистон (хоҳ аз мураттибони тоҷик ва хоҳ бозчопи номномаҳои эронӣ ба хати кириллик) асосан номҳои мардона ва занонаро дарбар гирифтаанд. Ин маҷмӯаҳо барои аз номҳои ношоиставу бемаънӣ пок намудани захираи номҳои тоҷикӣ хидмати арзанда карданд. Вале, ба назари инҷониб, ҳамаи ин китобҳо як камбуд доранд. Мураттибони муҳтарам номгузорӣ ба ҳампайкарҳо (дугоник, сегоник, чоргоник)-ро фаромӯш ... Read More »

Раҳнамои зиндагӣ

Бо дарназардошти аҳамияти масъала, мувофиқи мақсад аст, ки  дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ курсҳои махсуси таълими маърифат ва одоби оиладорӣ ба роҳ монда шавад. Эмомалӣ Раҳмон Мардуми соҳибтамаддуни  Шарқ дар бунёди оила дорои  одобу ахлоқи махсуси  миллист. Ҷозибаву неруи тарбиявии расму одатҳои шарқиамон  он қадар пурқувват аст, ки онҳоро донистану ба онҳо амал кардан ҷавонони дар остонаи ҳаёти оилавӣ ... Read More »

Сабақи таърих ва тарбияи ватандӯстӣ

Имсол ба Ғалабаи халқи Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 70 сол пур мешавад. Ҳар қадар ин санаи фараҳбахш аз мо дур шуда, дар умқи таърих макон мегирад, ҳамон қадар ҷаҳони пуртазод пурихтилофтар мегардад. Аз пароканда гардидани давлати абарқудрати Шӯравӣ, ки парчамдори асосии Ғалаба буд, истифода карда, давлате онро ба худ нисбат медиҳад, давлати дигаре инкор мекунад ё музаффариятҳои онро хати ... Read More »

Наврӯз дар донишгоҳ

Дар остонаи баҳори оламафрӯз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ яке аз аввалинҳо шуда дар байни муассисаҳои олии таълимии дигари кишвар, иди Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил кард. Носирҷон Салимзода, ректори донишгоҳ меҳмонони маҳфил сафирони Украинаву Афғонистон, намояндагони сафоратҳои Русия, Туркманистон, Чину Эрон ва кулли иштирокдоронро хайрамақдам гуфта, ба маросим ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.  Шоири халқии Тоҷикистон Аскар ... Read More »

Илтиҷо аз Наврӯз, муддао аз Наврӯз

Биё, Наврӯз, дунёро дигар кун, Силоҳи ғуссаро зеру забар кун. Табиат ҷашни шоҳаншаҳӣ дорад, Тамоми рӯи оламро хабар кун!   Биё, Наврӯз, наврӯзи ҷаҳонӣ, Халоиқро бубахшо шодмонӣ. Ба кулли оламиён ҳадяат бод Саодатмандию сулҳу амонӣ.   Биё, Наврӯз-ҳусни зиндагонӣ, Нишотовартарин ҷашни ҷаҳонӣ! Аҳуроӣ зи баски хилқати туст, Ҷаҳон то ҳаст, ҷовидон бимонӣ!   Биё, Наврӯз! Ҷон бахшо ҷаҳонро, Муаттар кун ... Read More »

Нахи хасрав

Он айёми дури бачагиямро хира-хира дар ёд дорам. Бачагии олуда дар фазои гаҳ тира, гаҳ офтобию гаҳ печидаву махлут дар олами сояҳо, гаҳ мамлӯ аз рангрезиҳои тирукамонҳои баҳорӣ, гаҳ хису таршуда зери боронҳои гарм… Аслан бачагие баҳороғӯшу тавъам бо пуштаҳои сабзгуни офтобӣ, бо шапаракҳои боғию ёбоӣ, накҳатбор аз роиҳаву атри садбаргу савсанҳо ва афтода дар думболи бузу гӯсфандон ва гову ... Read More »

Маҷлисҳои синфӣ ҳамкорӣ бо оила

Яке аз воситаҳои ҳамкории муаллим бо волидайн гузаронидани маҷлисҳои синфии падару модарон мебошад. Маҷлиси падару модарон ҳамчун шакли мубодила бояд масъалаҳоеро муҳокима ва ҳал намояд, ки волидонро ба изтироб меоварад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳамон маҷлиси синфӣ натиҷаи хуб медиҳад, ки дар шаклҳои гуногун- маҷлиси ташкили падару модарон, маҷлис-мубоҳиса, маҷлиси ҷамъбасти рейтинг баргузор мешаванд, ки дар онҳо волидон бо ҳамроҳии ... Read More »

Сарчашмаи хуби илмӣ

Аз таҷлили 80-солагии Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи АТТ ва дастрас гаштани китоби «Донишномаи Пажӯҳишгоҳи рушди маориф» (Душанбе, 2013) вақти зиёд нагузашта, бо саъю кӯшиши донишмандони соҳа дар ин бобат таҳқиқоти нав анҷом дода, гӯшаҳои номакшуфи он ифшо гаштанд ва зарурияти таҳияи асару маълумотномаҳои нав ба миён омадааст. Дар ин бора ва сабабҳои дигари айнии таҳияи тазкираи «Олимони педагоги тоҷик» яке аз ... Read More »

Хобгоҳи нав сохта мешавад

6 марти соли ҷорӣ дар шаҳраки донишҷӯён, воқеъ дар маҳаллаи Буни Ҳисорак бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои хобгоҳи нуҳошёна санги асос гузошта шуд. Хобгоҳи мазкур дар шафати хобгоҳи рақами 6-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо се блок қомат афрохта, барои 427 донишҷӯи ин даргоҳи маърифат пешбинӣ шудааст. Тавре зикр гардид, ин хобгоҳ соли оянда бо харҷи 51 ... Read More »

Модар офаридгор ва сарчашмаи зиндагист

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар, 6.03.2015, шаҳри Душанбе Модарони меҳрубон, бонувони муҳтарам ва хоҳарони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Дар оғози фасли баҳор фаро расидани Рӯзи модар – ин ҷашни барои ҳамаи мо бисёр азизро ба кулли сокинони диёрамон, бахусус, модарону бонувон ва духтарони Ватани маҳбубамон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву ... Read More »

Муборак бод Наврӯзи ҷаҳонӣ!

Якшанбе (писар): Агар Наврӯз дар якшанбе ояд, Ба назми ин сухан фикре биёяд. Зимистон тангу сармо саҳл бошад, Ба сарҳо кай ситези ҷаҳл бошад. Шавад борони бисёре баҳорон, Шавад тағйири пунба, ғалла арзон. Валекин мевааш бисёр гардад, Баҳори хуб, пур анбор гардад. Душанбе (писар): Агар душанбе ояд рӯзи Наврӯз, Ба некиҳои ғалла чашмро дӯз. Зимистон хушку сармо сахт ояд, Зимистон ... Read More »

Шиорҳо ҳуснафзои наврӯзгоҳанд

Наврӯзи оламафрӯз дар мекӯбад, нафаси тозаву рӯҳбахши он эҳсос мешавад. Ҳамагон ба ҳаракат меоянд, «бедор» мешаванд ва ба истиқболи сазовори ин ҷашни куҳанбунёду ҷавонипарвар мекӯшанд; хона меороянд, гирду атрофро тоза мекунанд, либосҳои нав ба тан мекашанд ва муҳити хешро намуди идона мебахшанд. Таҳияи шиору овезаҳо ва бо онҳо оростани кӯчаву хиёбону майдонҳо ва саҳни идораву муассисаҳо аз ҷумлаи анъанаҳои шоиставу ... Read More »

Наврӯзи аввалин

Матбуоти тоҷик аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон ба ҷашни Наврӯз бетараф набудааст. Дар ин бора дар таҳқиқотҳои алоҳидаи донишмандон сухан рафтааст. Ин ҷо ба таври намуна мақолае, ки дар шумораи 6 марти соли 1925, №25, саҳ. 4-и «Овози тоҷик» чоп шудааст, пешниҳод мегардад (айнан). Мақола аз он ҷиҳат дорои аҳамият аст, ки дар он аввалин маротиба Наврӯз ҷашни ... Read More »