Monthly Archives: Февраль 2015

1 марти соли 2015

интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ Интихоботи навбатӣ бояд ба омили муттаҳидкунандаи халқи Тоҷикистон, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати милливу сарҷамъии мардуми кишвар, ба болоравии эътибору обрӯи давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ мубаддал гардад. Ман бори дигар хотирнишон менамоям, ки ҳамаи мо барои фардои давлату миллат, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, хулоса, барои ояндаи ... Read More »

Ифтихори Тоҷикистон

Дар донишгоҳе, ки Ленин ва Толстой хондаанд Муносибатҳои фарҳангии Тотористону Осиёи Миёна таърихи тӯлонӣ ва омӯзанда дорад. Муҳим он аст, ки омӯзиши таърих, фарҳанг,  забонҳои мардуми  Шарқ маҳз аз ҳамин маркази илмиву таълимии қисмати шарқии Россия-Донишгоҳи Қазон шурӯъ шудааст. Ин таълимгоҳ баъди Донишгоҳи давлатии Маскав аз қадимтарин мактабҳои олии Россия ба ҳисоб меравад. Расо 210 сол пеш (моҳи феврали соли ... Read More »

Фаъолияти доманадори донишкада

Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар заминаи консепсия ва барномаҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015», «Барномаи  рушди фаъолияти китобдорӣ барои солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» нақшаи чорабиниҳо омода намуда, тибқи онҳо амал мекунад. Ректори донишкада, профессор Д. Латифов аз хусуси фаъолияти муассиса ба мухбири ҳафтанома ҳотами ... Read More »

Гиёҳҳои шифобахши кишвар

21 феврали соли ҷорӣ дар литсейи рақами 2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе  дар мавзӯи «Гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон» конфронс баргузор гардид. Дар он директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илми кишвар Х.Холназаров, мудири  шуъбаи табиатшиносони ҷавони  МҶМТИ  М. Наврӯзшоева, мушовири  шуъбаи туризм ва экологияи МҶМТИ  Рустам Қаландаров, роҳбари маҳфили «Гиёҳшиносӣ» -и шаҳри Ваҳдат Абдусалоҳиддин Воҳидов ва ... Read More »

Таҳсил дар хориҷи кишвар

22 феврали соли равон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ имтиҳони қабули довталабон ба донишгоҳҳои Федератсияи Россия баргузор гардид. Дар он аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе 800 нафар хонанда барои дарёфти бурсияҳои  донишгоҳҳои Федератсияи Россия иштирок намуданд.   Озмун аз рӯйи 4 кластер:  кластери якум-фанҳои гуманитарӣ, кластери дуюм-фанҳои иқтисодӣ, кластери сеюм-фанҳои техникӣ ва кластери чорум –тиббӣ гузаронида ... Read More »

Тарбияи ватандӯстӣ

20 феврали соли равон дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи вар-зишӣ — ҳарбӣ бахшида ба 22-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар  баргузор гардид. Дар он 5- даста аз шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти ило-вагӣ Холмаҳмад Холназаров дар расми ифтитоҳи мусобиқа иброз дошт, ки  мусобиқаи мазкур бо ҳадафи  баланд ... Read More »

Маориф — ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ

Аз нигоҳи илми фарҳангшиносӣ соҳаи таълиму тарбият ё ба истилоҳ маориф дар низоми фарҳангии ҷомеа нақши муҳимро иҷро мекунад. Аз ин ҷост, ки Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд: «Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди босуботи соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ тамоми тадбирҳо зеринро амалӣ мекунад». Зеро аз як ... Read More »

Нуктасанҷу нуктафаҳму нуктадон бошем

(хулосаи мактубҳои омӯзгорон) Тайи ду моҳи охир ба идораи нашрияи «Омӯзгор» аз номи алоқамандони  он мактубҳои зиёде ворид гардиданд, ки воқеан ҳам муҷиби қаноатмандии мо гардиданд. Ба назар чунин мерасад, ки сафи хонандагону мухлисони ҳафтанома рӯз то рӯз зиёд мешавад. Эшон дар мавзӯъҳои гуногун матолиби ҳадафманду хондание ба мо ирсол мекунанд. Аслан ғояю муҳтавои таълифоти устодону омӯзгоронро мавзӯоти ҳамешагии соҳаи ... Read More »

Деҳи ман – як пораи хоки Ватан

Ватан муқаддасгоҳи ҳамагон аст. Афлотуни хирадсолор таъкид карда, ки «Алоқае дар дунё шадидтар аз меҳр ба Ватан нест». Ватан нангу номус, ифтихору шараф ва сари болои ҳар фард бувад. Камоли ҷавонмардист ҳимояту бузургдошти Ватан ва ҳамеша арзи сипос аз ҳастии он кардану пайваста баҳри ободониву шукуфоиаш кӯшидан. Фарзандони содиқи Ватан барои посдориву ҳифзи шарафи он, ҳатто, ҷони хешро дареғ надоштаанд. ... Read More »

Тундгароӣ, ифротгароӣ, даҳшатафканӣ ва роҳҳои мубориза бо онҳо

Яке аз масъалаҳои  ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди радикализм (тундгароӣ),  ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ (терроризм) ба ҳисоб меравад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Аксаран ин амалҳо  зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динии бебунёд сурат мегиранд. Хусусиятҳои радикализм ва афзудани шумораи одамони ба ин гурӯҳҳои  номатлуб шомилшуда бо роҳи  ҷалби пинҳонӣ ... Read More »

1 марти соли 2015

Интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ Интихоботи навбатӣ бояд ба омили муттаҳидкунандаи халқи Тоҷикистон, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати милливу сарҷамъии мардуми кишвар, ба болоравии эътибору обрӯи давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ мубаддал гардад. Ман бори дигар хотирнишон менамоям, ки ҳамаи мо барои фардои давлату миллат, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, хулоса, барои ояндаи ... Read More »

Ҳар нафас ҳушёр будан боядо!

(дар боби маърифати ҳарбию ватандӯстӣ) Хизмати ҳарбӣ, ки имтиҳони ҷавонмардӣ ба ҳисоб меравад, барои ҷавонон як имтиёзест, ки ҷавонмардии худро исбот намоянд ва бо ин восита беҳтарин неъмат — Модар-Ватанро ҳифз намуда, аз қувваҳои аҳриманӣ наҷот бидиҳанд. Талабгорони ин имтиҳон имрӯз рӯ ба афзоиш доранд, ки боиси таҳсину офарин аст. Ҷараёнҳое, ки солҳои охир дар кишвари мо арзи вуҷуд кардаанд,  ... Read More »

Каломи илҳомбахш

Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлисӣ Олӣ як барномаи мушаххаси инкишофу тараққиёти иқтисодиёт, сиёсат, маориф ва фарҳангро мемонад. Ин санади раҳнамо дар назди ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ вазифаҳои ҷиддӣ гузошт. Дар Паём соҳаи маорифро ҳамчун самти асосии сиёсати иҷтимоии давлат тавсиф шудааст.  Омӯзгор чун меҳвари  асосии соҳаи маориф дар тарбияи насли наврас, сатҳу сифати дониши шогирдон нақши бориз дорад. Тарбияи ... Read More »

Ҳифзи табиат – вазифаи ҳамагон

Табиат ин хонаи инсон, манбаи зиндагии ӯст. Инсон қадри худ, бахту саодати худро маҳз аз саховати табиат меёбад. ӯ аз аввалин рӯзҳои арзи ҳастӣ кардани худ бо табиат алоқаи мустаҳкам пайдо мекунад ва сарватҳои онро чун манбаи зиндагӣ истифода мебарад. Мо ҳар қадар ки бо табиат дилбастагӣ дошта бошем, онро ҳифз ва захираҳояшро афзун гардонем, саховати он нисбат ба мо ... Read More »

Эҷодкорӣ дар дарс

Ба таври ҷолибу шавқовар ва аёнӣ баргузор намудани дарсҳо дар синфҳои ибтидоӣ аз муҳимтарин омилҳои комёбии омӯзгор аст. Хонандагони хурдсол ба якрангиву қолабгароӣ ва гуфтори умумиву бетаъсир ҳаргиз рағбат надоранд. Аз ин рӯ, омӯзгори синфҳои ибтидоиро мебояд, ки ба ҳар як дарсаш хеле ҷиддӣ омодагӣ бигирад, эҷодкорона рафтор намояд. Ин ҷо мо вобаста ба таҷрибаамон чанд лаҳзаи як дарси забони ... Read More »

Риёзиёт фанни шавқовар аст

Бисёр воқеъ мегардад, ки вобаста ба масъалаи «кадом фанҳо асосианд ё бештар муҳиму зарурианд» баҳс меороянду ҳақталошӣ мекунанд. Ин баҳси маъмул ва хеле бардавом аст ва мутаассифона, ба хонандагони мактабҳо низ сироят кардааст. Албатта, ҳар хонанда фанни дӯстдоштаи худро дорад, вале дӯст доштани фанне гапи дигар асту ин ё он фанро бартар донистан чизи дигар. Набояд фаннеро дӯст доштани хонанда ... Read More »

Умре дар такопӯ

Акбари Саттор… ӯро аҳли қаламкаши кишвар ва хонандагони  рӯзномаю маҷаллаҳо ба хубӣ мешиносанд. Акбаре, ки нахустин шуда дар солҳои навадуми қарни гузашта рӯзномаи хусусии «Дайджест пресс» — ро таъсис дод ва мардумро, ки газетахониро ба ҳукми фаромӯшӣ гузошта буданд, рӯзномахон кард. Шахсоне ҳам буданд, ки аз ин ҷарида ғизои маънавӣ бардошта, боз ба ӯ санг ҳам мезаданд: — Аз дигар ... Read More »

Ҳар кӣ моро ёд кард, эзид мар — ӯро ёр бод…

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ Мир Сайид Алии ҳамадонӣ ин марди орифу фозил ҳангоми сафарҳои зиёда аз бистсолаи худ борҳо аз қаламрави Хатлону Балху Бадахшон убур намуда, ба мардуми ин диёр ихлосу эҳтироми хоса доштааст. Беҳуда нест, ки манзили охират ва мақбараи ин абармард аз рӯйи васияташ дар шаҳри Кӯлоб қомат афрохта, имрӯз зиёратгоҳи хосу ом ва иродатмандони сершумораш гаштааст. Эмомалӣ ... Read More »