Monthly Archives: Январь 2015

Паёми Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе, 23.01.2015 Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ бо дарназардошти муайян кардани самтҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳои дурнамои соли 2015 ва таъкиди афзалиятҳо барои давраи миёнамуҳлат дар оғози сол пешниҳод мегардад. Тавре ки борҳо таъкид карда будам, ... Read More »

Илҳомбахши фаъолият

Паёми навбатии Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии кишвар омӯхта, хушнуд аз онам, ки Роҳбари давлат имсол ҳам дар қатори дигар соҳаҳо ба соҳаи тақдирсози ҷомеа – мактабу маориф таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Зиёд гардидани маоши кормандони соҳаи буҷетӣ (аз моҳи сентябр) далели равшан аст ба ин гуфтаҳо. Мо, ҳамзамон, ҷонибдори он фикр ҳастем, ки Сарвари давлат таваҷҷуҳи волидонро ... Read More »

Фаъолияти густурдаи донишкада

— Дар нимсолаи дуюми соли 2014, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ашӯрбой Солиев, — донишкада барои шаш ихтисоси нав дар зинаи таҳсилоти бакалавр, 7 ихтисос дар докторантура ва барои пешбурди фаъолияти парки техникӣ  иҷозатнома (литсензия) – и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб гардид. Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ барои ... Read More »

Ёди некашон дар дил

Моҳи сентябри соли гузашта, дар толори Қасри иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ Пленуми ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон баргузор гардида буд. Пленум дар дастури рӯзи худ дар баробари дигар масъалаҳои рӯзмарраи фаъолияти ташкилоту созмонҳои ибтидоии онҳо дар маҳалҳо, мавзӯи ҷашнгирии 70-солагии Ғалабаи оламшумули таърихӣ бар Германияи фашистиро  низ баррасӣ мекард. Иштирокчиёни Пленум, ки намояндагони тамоми шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишвар буданд, зимни ... Read More »

Дарси одамият – 3

(Меҳнат василаи ба мақсад расидан ва пирӯзиҳои маънавии насли наврас аст) Замони Шӯравӣ шиорҳои маъмуле вуҷуд дошт: «Меҳнат шараф аст», «То ранҷ набарӣ, ганҷ ба даст наорӣ», «Ҳама барои як кас, як кас барои ҳама», «Меҳнат сари баланд ва рӯсурхии ҳар яки мост» ва ғайра ҳамарӯза дар корхонаю муассиса  ва заводу фабрикаҳо ва мактабҳо истифода ва тибқи он гуфтаҳо нақшаву ... Read More »

«Баҳисобгирии бухгалтерӣ дар соҳаи кишоварзӣ»

Ба Истиқлолияти давлатӣ ва мустақилияти комил расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бузургдошти арзишҳои миллӣ ва таҳкими худогоҳию хештаншиносии аҳли миллат заминаи мусоид фароҳам овард. Ҳамзамон, зарурате ба миён омад, ки вобаста ба қонуниятҳои давлатдории миллӣ ва бузургдошти забони давлатӣ дар соҳаҳои илму маориф корҳои зиёде сомон бахшида шаванд. Ба забони тоҷикӣ таълиф ва нашр намудани китобу дастурҳои таълимӣ барои мактабҳои олии ... Read More »

Дастовардҳои таълимгоҳ -Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа дорои 2 факулта (улуми исломӣ ва филологияи Шарқ) буда, дар он   1940 нафар донишҷӯ дар шуъбаи рӯзона ва ғоибона таҳсил менамоянд.  Соли ҷорӣ ҳамаи ихтисосҳои донишкада аз низоми таълими анъанавӣ ба системаи таълимоти кредитӣ гузаронда шуданд,- зикр намуд  муовини ректор оид ба таълими донишкада  Лутфулло Сафаров  зимни нишасти матбуотӣ, ки ... Read More »

Комёбиҳо бештаранд

Дар нишасти матбуотии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ректори донишкада,  профессор Диловар Қодиров оид ба фаъолияти таълимию илмӣ, тарбиявӣ ва равобити хориҷии донишкада маълумот  дод. Чунон ки ректор гуфт, бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани раванди таълим ва ҷиҳати таъмини сифати таҳсилот дар соли 2014 тағйироти назаррас ба амал омаданд.Аз ҷумлаи чунин навгонӣ вобаста дар шароит ба донишкада ба таври илова ... Read More »

Ободкориҳо идома доранд

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ду факулта санъати тасвирӣ ва дизайн ва кафедраи умумидонишкадавии «Фанҳои гуманитарӣ» фаъолият доранд. Бино ба иттилои ректори ин муассиса Ҷамшед Ғанизода, дар оянда ташкил кардани боз ду кафедра ва устохонаҳои мухталифи  тахассусӣ дар назар аст. Дар донишкада шуъбаи тайёрӣ ва маркази бачагонаи рассомӣ (барои хонандагони синфҳои 4 – 11) тариқи шартнома ташкил ... Read More »

Соли ҳисоботӣ барои молия

-Натиҷаҳои ҷамъбасти рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат нишон медиҳанд, ки дар соли 2014 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба афзоиши воқеии 6,7 дарсад ба 45,6 млрд сомонӣ ё 12,5 фоиз ба ҳисоби номиналӣ зиёд шудааст, -гуфт дар нишасти матбуотии Вазорати молияи ҷумҳурӣ муовини вазири молия Шуҳрат Соҳибов. Муовини вазир ба рӯзно-манигорони дохиливу хориҷие, ки дар нишаст ҳузур доштанд, дар хусуси гардиши савдои ... Read More »

Таҳлили дақиқ ва маслиҳатҳои муфид

Дар толори ДҶТИБКСМ семинар-машварати омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсати вилоят ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии кишвар иштирок намуданд. Семинар таҳти роҳбарии муовини вазири маориф ва илми кишвар Тоҷинисо Маҳмадова сурат гирифт. Сифати таҳсилот: бурду бохт Тоҷинисо Маҳмадова дар ибтидо доир ба вазъи таълиму тарбия ва мушкилоти ҷойдошта дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ андешаронӣ карда, диққати ҳозиринро барои ... Read More »

Дар қатори беҳтаринҳо

Аз 10 то 17 январи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон  олимпиадаи 11-уми байналхалқии Жаутиков  аз фанҳои математика, физика  ва технологияи информатсионӣ баргузор гардид. Дар он аз 15 давлат 57 даста, аз ҷумла, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 29  хонанда  иштирок намуданд. Дар ин бора ба мо директори Маркази ҷумҳуриявии кор бо мактаббачагони болаёқати назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирҷон Гадоев ... Read More »

ДТТ дар радифи беҳтаринҳо

-Мувофиқи ҷадвали рейтинги Агентии байналмилалии «Интерфакс» аз декабри соли 2013 Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ягона таълимгоҳи кишвар мебошад, ки аз лиҳози навгониҳо ба рӯйхати 200 муассисаи олии касбии беҳтарини ИДМ шомил гардидааст, -зикр намуд ректори донишгоҳ Нуралӣ Шоев зимни нишасти матбуотӣ. Зикр шуд, ки  дар сохтори донишгоҳ шуъбаи навтаъсиси  Маркази мониторинги  рақобатпазирии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар бозори озоди меҳнат мавқеи сазоворро ... Read More »

Фардои худро созем

Дар ҷомеа  масъалаҳое, ки ба ҳалли фаврӣ ниёз доранд, зиёданд. Яке аз онҳо тарбияти ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва хештаншиносӣ аст. Зеро баъзеҳо аз маънавиёту ахлоқ батадриҷ дур шуда истодаанд. Аз воситаҳои ахбор мефаҳмем, ки наврасоне хонаи собиқадори Ҷанги Бузурги Ватаниро ғорат кардаанд ё ба ҳайкали шахсияти номдори миллат осеб расонидаанд. Чунин ҳодисаҳо аз он дарак медиҳанд, ки дар ... Read More »

Тарбияи оилавӣ ҷавҳари худшиносист

Тарбияи оилавӣ кори муҳим буда,аз волидайн ҷиддият ва масъулияти бузургро талаб мекунад. Вазифаи падару модар, ки дар тарбияи фарзанд баробар масъуланд, ба воя расонидани фарзандони дорои ахлоқи наку ва ба ҷомеа нафърасон мебошад. Аз назари дини ислом низ масъалаи ба ҷомеа нафърасон будани инсон муҳимтар аз ҳама дониста мешавад. Дар тафсири ин бояд донист, ки дар ислом ду навъи фарзанд ... Read More »

Об – манбаи ҳаёт

Об манбаъ, сабаби  ҳаёт мебошад. Ҳангоми коркарди нодуруст ва бемасъулиятона вай ба манбаи беморӣ мубаддал мегардад, ки ин ҳолат ба организмҳои дигар, ба мисли растаниҳо, ҳайвонот ва одамон сироят мекунад. Аз ин рӯ, бояд коркард ва нигоҳдории об тавре ба роҳ монда шавад, ки инсон ба чунин оқибатҳои мудҳиш гирифтор нашавад. Барои истифодаи босамари об дар табиат бисёр корҳоро анҷом ... Read More »

Маблағгузории сарикасӣ: монеаҳоро кӣ эҷод мекунад?!

(Андешаҳо атрофи низоми маблағгузорӣ, проблема ва мушкилоти татбиқи он) Ба низоми маблағгузории сарикасӣ гузаштани муассисаҳои таълимии кишвар, ки аз моҳи январи соли 2008 роҳандозӣ гардидааст, як падидаи наву судманде маҳсуб меёфт, ки мухторияту соҳибихтиёрии маъмурияти мактабҳоро дар масъалаи молиявӣ таъмин мекард. Мусаллам аст, ки то қабули низоми мазкур тамоми буҷети таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ бевосита дар ихтиёри шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ қарор ... Read More »

Ниҳоли душманӣ баркан…

Халқи тоҷик бо адабиёти ғановатмандаш шуҳрати ҷаҳонӣ дорад, ба ибораи дигар, адабиёти бадеӣ як навъ шиносномаи тоҷикон дар арсаи ҷаҳон гаштааст. Дар давлатҳои мутамаддини олам осори ниёгони мо Фирдавсиву Хайём, Саъдию Ҳофиз, Румию Ҷомӣ батакрор тарҷумаву  нашр мешаванд. Ин, албатта, муҷиби ифтихори ҳар як тоҷики маърифатманд аст. Ҳофизи Шерозӣ дар радифи пуровозатарин шоирони тоҷик қарор дорад. ӯ на танҳо дар ... Read More »