Monthly Archives: Декабрь 2014

Ҳамоиши директорони МТМК

12 декабри соли ҷорў дар коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимў бо мақсади роҳандозии таҷрибаи пешқадам ва низоми муосири таҳсил ҷаласаи Шўрои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбў баргузор гардид.  Дар ҷаласа вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, сардори раёсати таҳсилоти ибтидоў ва миёнаи касбў С.Давлатов ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбў иштирок намудаанд. Дар он роҳҳои баланд ... Read More »

Вусъати ҳамкориҳо

Ҳафтаи ҷорӣ вохў-рии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо намояндагони Фонди  Саудии Рушд Абдулла М. Ал Ховайтер-сармуҳандиси сохтмо-ни ФСР, Сулайман А. Ал Ветейдсармуҳандис-лоиҳакаш ва дигарон доир гардид.  Зимни вохўрӣ вазири маориф ва илм Нуриддин Саид аз натиҷа ва ҷараёни корҳои сохтмонии аз ҷониби Фонди Саудии Рушд анҷомёфта, изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон қайд кард, ки минбаъд сохтмони муассисаҳои ... Read More »

Нуфузи озмун меафзояд

Аз 10 то 12-уми декабри соли ҷорӣ  даври ниҳоии озмуни «Омўзгори соли Тоҷикистон-2014» баргузор гардид. Маросими кушодашавии он дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф сурат гирифт. Ҷамъомадро ба ин муносибат вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид ҳусни ифтитоҳ  бахшид. –Мо, -гуфт Н.Саид ғолибони озмуни «Муаллими сол»-ро ба дараҷаи баланд қадрдонӣ ва ҳавасманд хоҳем кард. ... Read More »

ДПДТТ — соҳиби ҷоми «Мегафон-Тоҷикистон»

Бори чорум аст, ки ширкати мобилии «Мегафон-Тоҷикистон» дар ҳудуди вилояти Суғд мегафорумро миёни муассисаҳои олии вилоят доир менамояд. Ин дафъа низ чорабинӣ дар маҷлисгоҳи боҳашамати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон доир гардид. Дар он донишҷўёни 5 муассисаи олии вилоят: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳои ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдо ва Донишкадаи кўҳӣ-металлургии ... Read More »

Кўлоб – пойтахти фарҳангӣ

Бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои фарҳангию миллии халқи тоҷик умри дубора пайдо карданд. Иқдоми Сарвари давлатро сарони давлатҳои аъзои ИДМ  дар ҷамъомади охирини сарони давлатҳои муштаракулманофеъ дар шаҳри Минск дастгирӣ намуда, Кўлобро ҳамчун пойтахти фарҳангии давлатҳои ИДМ интихоб карданд. Кўлоби ҳам яке аз гўшаҳои таърихии ҷумҳурӣ рамзи қудрати давлатдории тоҷикон ва тамаддуни ориёӣ мебошад.  Кўлоб аввалин шаҳрест, ... Read More »

Парвозгоҳи омўзгорону мураббиён

Дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи маориф саҳми коллеҷи омўзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ чашмрас аст. Коллеҷи мазкур аз соли таъсисёбиаш (с. 1959) рушд карда, дар байни дигар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва касбии ҷумҳурӣ мавқеи намоёнро ишғол кардааст. Дар ин ҷо айни ҳол аз рўйи ҳафт ихтисос – омўзгори синфҳои ибтидоӣ, забон ва адабиёти тоҷик, математика ... Read More »

Забони англисӣ: аз кадом аёният истифода мекунам?

Дар мактаби миёна, дар ҷараёни таълими забони хориҷӣ ташаккули малакаҳои шунидану фаҳмидан, ҳарф задан ва хондан ҳадафи асосӣ ба шумор мераванд. Таълими имло-навиштан дар рафти омўзиши забони хориҷӣ дар мактаб мақсади таълим набуда, он ҳамчун воситаи ёрирасон дар назар дошта мешавад. Он гуна ки аз мушоҳидаҳо бармеояд, аксари муҳассилини мактабҳои миёна ва ҳатто муассисаҳои олию миёнаи мах-сус дар машғулиятҳо ва ... Read More »

Массаро вазн напиндоред

Солҳои тўлонист, ки аз фанни физика ба шогирдон дарс мегўям. Оид ба мафҳумҳо ва бузургиҳои физикавӣ маълумот дода, формула ва воҳидҳои онҳоро тавзеҳ мебахшам. Баъзан шахсони аз илми физика дониши амиқ надошта, баъзе ҳодисаҳои физикиро ба шогирдон нодуруст шарҳ медиҳанд. Инро, аз ҷумла, дар матбуоти даврӣ бештар дар суолгузориҳо зимни таҳияи кроссворду сканвордҳо, чайнворду анавордҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Масалан, ... Read More »

Рўҳи солим дар ҷисми солим

Таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба солимии ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати дохилии аксар кишварҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистони азизи мо ба шумор меравад. Маълум, ки шахси тавоноии ҷисмониашро бо хирад пайваста, ҳамеша соҳиби обрўву эҳтиром ва намунаи пайравист. Ин нукта дар эҷодиёти гузаштагони бузурги мо батакрор таъкид шудааст. Масалан, дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ қаҳрамонони асосӣ, паҳлавононе чун Золи Зар, ... Read More »

Иншофурўшӣ дар авҷ, иншофурўш фавҷ-фавҷ…

Имрўз дар баёни фикр душворӣ кашидану иншоҳоро озодона навишта натавонистани аксарияти шогирдони муассисаҳои таълимӣ ҳар нафари моро ба ташвиш овардааст. Дар ин робита мо хостем чанд андешаи худро баҳри ислоҳи нуқсони мавҷуда иброз намоем. Аввалан, мо дар баҳогузории сатҳӣ ба дониши шогирдон одат кардаем. Яъне, шогирд, бе он ки мавзўъро дарк кардааст ё не, бо посухи сарсарӣ метавонад баҳои мусбатро ... Read More »

Вақте модар пир мешавад…

Фарзанди азизам, ҷигарбандам, эй орзуи деринаи ҳар модари рўйи замин, имрўз, ки ту ба камоли зиндагӣ расидаӣ, ҳаёти мустақилонаи хешро оғоз намудаву соҳиби фарзанд гаштаӣ ва бо қомати зебо, тани солим аз ҳаёт лаззат мебарӣ, чун маро пиру аз кор афтода ёфтӣ, агар дидӣ, ки ман дигар тавони роҳ рафтану бар пои худ истодан надорам, аз будани ман дар кошонаат ... Read More »

Моҳияти ҳуҷҷатҳои танзимкунанда

Ҳафтаи гузашта семинари  омӯзишӣ барои ҷонишинони директори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ оид ба таълим дар мавзӯи «Моҳияти ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ»  бо  иштироки муовини аввали вазири маориф ва илм Р.Мирбобоев ва сардорони раёсату шуъбаҳои Вазорати маориф ва илм  баргузор гардид, ки  ба ҳама паҳлуҳои норӯшани  соҳаи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи касбӣ  дахл намуда,  ... Read More »

Мушкилоти таҳсилоти бисёрзабона

Ҳафтаи гузашта дар маҷлисгоҳи АТТ мизи мудаввар дар мавзӯи «Таҳсилоти бисёрзабона ва бисёртамаддун: ҷузъҳои муваффақият ва мушкилоту дурнамои он» бо иштироки намояндагони минтақавии Комиссариати Олии САҲА, кормандони Вазорати маориф ва илми кишварҳои Осиёи Миёна, ҳамоҳангсозони барномаи таҳсилоти бисёрзабонаи САҲА, коршиносони байналмилалӣ оид ба масъалҳаи мазкур ва сарварони муассисаҳои таълимии ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Ҳамоишро муовини вазири маориф ва ... Read More »

«Enactus» Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Агар саҳифаҳои таърихро варақгардон намоем, маълум мешавад, ки “SIFE” ё ин ки “Enactus” соли 1975 барои ташкил ёфтаанд. Рушди соҳибкорӣ ва беҳтарнамоии ҳаёти ҷомеа ташкил аз ибтидо ҳамчун ташкилоти байналхалқӣ байни 36 давлати ҷаҳон фаъолияташро роҳандозӣ намудааст. Соли 2012 номашро иваз кардааст.  Номи нави ин ташкилот аз се калима иборат буда (Enterpreneurship Action us), маънояш “фаъолияти соҳибкории мо” аст. Ба ... Read More »

Ҳадафи илм – ҳокимияти инсон бар табиат

Дар  ҷаҳони муосир бузургтарин сармояи инсонӣ донишҳои дақиқу илмӣ мебошанд. Агар ба таърихи фарҳанги башарӣ ба таҳқиқ нигарем, хоҳем дарёфт, ки он ҳамвора вобаста аз вазъи зиндагӣ ва мушкилоти вуҷудӣ  ду роҳи ҳалро пешниҳод кардааст, яке бо роҳи таҳлил ва баррасию чораандешӣ намудан ва дигаре чун бо роҳи ақлу хирад ҳалли масъала даст надодааст, роҳи имону эътиқодро пеш гирифтан. Яке ... Read More »

Барномаро такмил мебояд

Доир ба мазмун ва муҳтавои барномаҳои таълими адабиёти тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ солҳо боз донишмандону мутахассисон тавассути васоити ахбори умум изҳори андеша менамоянд. Аз соли 1992 инҷониб барномаи таълими адабиёти тоҷик дар такмилу тағйирёбист. Билохир, соли 2007 аз тарафи устодон Худоӣ Шарифов ва Урватулло Тоиров барномаи таълимӣ боз ҳам таҳрир гардид, ки то ҳол мавриди истифода қарор дорад. Камина ... Read More »

Маърифати экологӣ ва ҳаёти солими

Ҳар фарди ҷомеа, новобаста аз ихтисосаш, бояд маърифати экологӣ дошта бошад ва дар истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ саҳм гузорад. Бо ҳамин мақсад дар литсейи  №2 шаҳри Душанбе як гурӯҳи хонандагон бо ташкилоти  ғайридавлатии «Замини хурд» ҳамкории зич дошта, дар семинарҳо, конфронсҳои илмӣ-амалии онҳо, ки бештар дар мавзӯи «Ҳифзи табиат ва тарзи истифодаи оқилонаи сарватҳои он» баргузор мегарданд,  иштирок  менамоянд. Ғайр ... Read More »

Нахустдастури лаҳҷашиносии таърихӣ

Бо эҳтимоми доктори илми филология, мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, профессор А.Ҳасанов дар факултети филологияи тоҷики донишгоҳ таълими лаҳчашиносии таърихӣ ба роҳ монда шуд ва инак, аз тарафи ӯ дастури таълимие таҳияву нашр гардид, ки «Лаҳҷашиносии таърихӣ» унвон гирифта, дар нашриёти «Меъроҷ»-и шаҳри Хуҷанд  дар ҳаҷми 176 саҳифа ба табъ расидааст. Дастур вижагиҳои ... Read More »