Monthly Archives: Ноябрь 2014

Тарбияи насли худогоҳ- кафолати рушди давлат

Аз суханронии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон ва аҳолии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон 12.11.2014, ноҳияи Ёвон Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Тавре дар хотир доред, соли гузашта зимни сафари кории худ бо вазъи рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ёвон шинос гардида, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда ва бо мақсади дастгирии ташаббусу иқдомҳои соҳибкорону сармоягузорони маҳаллӣ ба роҳбарияти мақомоти ... Read More »

Парчамдорӣ шарафмандист

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши Парчами давлатӣ Парчами миллии мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик аст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо, қавмҳои ориёӣ ҳанӯз аз давраҳои бостон оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд. Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди халқу миллатҳои сокини ҳар сарзамин ва муборизаи онҳо барои озодӣ шинохта мешавад. Дар парчам нишонаҳои муҳиму арзишманди ... Read More »

Мактаби замонавӣ дар Ёвон

12 ноябр дар идомаи сафараш ба ноҳияи Ёвон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнов ташриф оварда, бинои мактаби навро барои 640 хонанда дар 2 баст мавриди истифода қарор дод. Таълимгоҳ аз ҷониби корхонаи муштараки «Хуаксин Ғаюр Семент»-и ноҳия барои мардуми деҳаҳои Ҳасанӣ ва Дарагии ноҳия бунёд ёфтааст. Мактаб аз 13 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ ... Read More »

Парчам – ифодагари ормонқои халқ

Парчам муқаддасоти миллӣ мақсуб ёфта, ифодагари соқибистиқлолӣ, соқибватании қар халқу миллат мебошад. Эқтирому арҷ гузоштан ба парчам ин дӯст доштани Ватан, эқсоси масъулият дар назди Ватан буда, дар зери он саф кашидан нишонаи қамеша ба дифои ин марзу бум омода будан ва қифз намудани музаффариятқои он мебошад. Парчам  ва пайдоиши он таърихи 3000-сола дорад ва аввалин парчамқо дар Чин, Миср ... Read More »

Ифтитоҳи бинои нави замонавӣ

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади ошноӣ пайдо кардан аз фаъолияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва ифтитоҳи бинои нави замонавии таълимӣ ба ин боргоҳи илму ҳунар ташриф овард. Бинои мазкур бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, маблағҳои захиравии Донишкада ва саҳмгузории ширкати “Тиниал” бо харҷи 1,2 миллион сомонӣ давоми шаш моҳ сохта, мавриди баҳрабардорӣ ... Read More »

Шарҳи ҳусну қубҳи китобҳои дарсӣ

16 ноябри соли ҷорӣ гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ёвон бо муаллимони забон  ва адабиёти тоҷики  ноҳияҳои Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқот намуд. Дар он вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, муовини вазири маориф ва илм Тоҷинисо Маҳмадова, олимон Абдунабӣ Сатторзода, Урватулло Тоиров, Сайидамир Аминов, Давлатбек Хоҷаев, Аламхон Кӯчаров, Шарифмурод Исрофилниё, Ибодулло Абдуллоев, ... Read More »

Ифтихор аз дӯстӣ дорем мо

Падари донишҷӯён Дар сафар дур аз Ватан бо ҳамватане вохӯрдан аҷаб ҳодисаест рӯҳафзову гуворо! Дили кас рӯшан, табъаш болида мешавад, гӯё ки ганҷинае бузургро дарёфта бошад. Ҳамин гуна ҳолат моро фарогир шуд, чун дар рӯзи сеюми сафарамон дар вурудгоҳи Донишгоҳи тиҷорат ва иқтисоди Белорус бо марди тоҷики гармчеҳраву боилтифоте вохӯрдем. ӯ ҳар яки моро самимона ба оғӯш кашида, гуфт, ки ... Read More »

«Такмили ихтисос: мушкилот ва дурнамо-2»

Моҳе пеш мо, кормандони нашрияҳои «Омӯзгор» ва «Маърифати омӯзгор», гирди як миз бо иштироки мутахассисони соҳа атрофи масоили марбут ба такмили ихтисоси омӯзгорон суҳбат ороста будем. Ваъда дода будем, ки суҳбати мо дар ин мавзӯъ дар минтақаҳо идома хоҳад ёфт. Инак, чунин нишаст бо омӯзгорони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки мавзӯи зикршуда аз таъкидҳои пайвастаи вазири ... Read More »

Дар ҳифзи манфиатҳои омӯзгор

Истиқлолият, демократия ва иттифоқи касаба Дар хусуси азму талош ва фаъолияти созандаю муассири Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ҷумҳурӣ суҳбати муфассале доштем бо раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф  Абдурозиқ Ризоев, ки муҳтавои он дар зер оварда мешавад. — Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф дар асоси дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии рушди соҳа тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ ... Read More »

Дар ҳама ҷо бо китоб

Фаъолияти босамари донишҷӯ аз китобхона вобастагии қавӣ дорад. Дар мисоли филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар Душанбе ба ин метавон итминон ҳосил кард. Китобхонаи ин ҷо хеле васеъ буда, аз ду қисм иборат аст: қироатхона ва китобхонаи электронӣ. Шаш нафар корманд ба хидмати муҳассалин омодаанд. Баробари фаъолияти хуби қироатхона кори  китобхонаи электрониро метавон намунаи ибрат донист. Он калону ... Read More »

Мулоқоти консули Россия

Консули генералии Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бондаренко ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо ректори ин боргоҳи маърифат Анвар Мақсудов мулоқот намуд. Зимни суҳбат Валерий Бондаренко қайд намуд, ки минбаъд миёни донишгоҳҳои  гуногуни Россия ҳамкории пурсамарро ба роҳ хоҳанд монд. Ин ҳамкориҳо метавонанд мустақиман бо муассисаҳои олии кишварҳо, бо мусоидати эшон  сурат гирад. ... Read More »

Ҷавҳари илм амал аст

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба раванди таҳлилу тадқиқи адабиёти бадеӣ низ таъсири пурфайз расонд. Дар ин айём олимони соҳаи адабиётшиносиро лозим омад, ки ба адабиёти садаи ХХ тоҷик таҷдиди назар намуда, ба масъалаҳои бунёдии он муносибати мунсифона ва одилона дошта бошанд.  Яке аз он донишмандони шинохтае, ки давраи навро ба таври густурда мавриди баррасӣ қарор дода, ба дастовардҳои ҷолиби илмӣ ноил ... Read More »

Шаҳри ҷилваи ихлос

Эътиқоду иродати инсон ба Ватан аз арзишҳои маънавию отифаҳои рӯҳии қадимист. Аслан, шояд тасаввури вуҷуди одамӣ бидуни ин муҳаббат аз имкон берун бошад. Ҳанӯз аз даврони қадим ба унвони кишварҳои ормонӣ ва сарзамини ишқу ихлос муаррифӣ шудани макону манзилҳо, шаҳру деҳаҳои мухталиф вуҷуди эътиқодовари инсонро ба асли зуҳуроти маконии ӯ таъкид мекунад. Ҳамаи ин нуктаҳо дар ҷилварезӣ ва тафсири муҳаббати ... Read More »

Дар роҳи омӯзиши ҳунар

Литсейи касбӣ  — техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе хоҳишмандонро пас аз хатми синфҳои 9 ва 11 қабул менамояд. Имсол сесад нафар  ба ин даргоҳ пас аз супоридани имтиҳонҳо пазируфта шуданд. Бино ба ақидаи директори муассиса Зокир Сафаров,  хоҳишмандон аз роҳҳои дур хеле кам меоянд. Шояд сабаби ин набудани  хобгоҳ дар литсей бошад? Литсейи мазкур, аслан, барои муассисаи Роҳи оҳани ... Read More »

Сабқати коллеҷҳо

Дар доираи Нақша-чорабиниҳои  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) кишвар дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерӣ мусобиқа оид ба волейбол, гуштин ва шоҳмот миёни коллеҷҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид. Чи тавре ки сардовари мусобиқа оид ба волейбол Ҳ. Давлатов  роҷеъ ба ҳадафи чорабинии мазкур иброз дошт, ки ин мусобиқаҳо чеҳраҳои навро муаррифӣ мекунанд. Соли 2015 соли ... Read More »

Падидаи нав дар насри андеша

  Юнус Юсуфӣ, «Шинак», роман, 2012 Насри даврони истиқлол бори аввал аст, ки аз хусусиятҳои наву бартариҳои назаррас дарак медиҳад. Аз ҷумла, гуфтан мумкин аст, ки он бо романи нахустини Юнус Юсуфӣ «Шинак» ба давраи нави инкишофи худ ворид гашт. Яке аз хусусиятҳои умдаи ин асар навгониҳои он дар сабк мебошад, ки назири он дар адабиёти тоҷик дида нашудааст. «Шинак» ... Read More »

Шикасти «қувваи эҳтиётӣ»

(Ҳикояи ҳаҷвӣ) Ба мактаб аз шуъбаи маорифи вилоят намояндагон омаданд бехабар ва ногаҳонӣ. Кайфи директор парид. ӯ муаллимонро ҷамъ карда, бо хотири ошуфта кӯтоҳакак таъкид намуд: — Аз афти кор, ба дарсҳо медароянд. Ҳама тайёр бошед. Ҷонишини директорамон Шарифзода – марди 50-55-солаи қадпаст, чаққону ҳозирҷавоб директорро ором карданӣ мешуд: — Эъ, муаллимҷон, парво накунед. Мебинед, ҳамааш нағз мегузарад. Охир, беҳуда ... Read More »

Дар хонаи Табаров бе китоб нашинед!

Ёд дорам, ки овони наврасиам дидани сурату навиштаҳои тағоям Соҳиб Шуҳратиевич Табаров дар рӯзнома ва маҷаллаҳои давр, махсусан «Садои Шарқ», боиси ифтихормандии бепоёни мо – аҳли хонадон мегардид. Агарчанде ба дидори тағои меҳрубонам дер мушарраф мегаштам, вале мақолаҳои он кас, ки ҳамеша дар нашрияҳо чоп мегардидан, дар ниҳодам ҳисси ифтихормандӣ, донишандӯзӣ, масъулиятшиносӣ ва худогоҳиро парвариш медоданд. Агар, аз як ҷониб, ... Read More »