Monthly Archives: Октябрь 2014

Таҳкимбахши оромии ҷомеа

13  октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи марказии Гвардияи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, дар тантанаҳои бахшида ба 19-умин солгарди ин воҳиди махсуси низомӣ иштирок намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити хизматию таълимӣ ва будубоши доимии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ шинос шуда, барои боз ҳам беҳтар ва намунавӣ кардани онҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Аз осорхонаи Гвардияи ... Read More »

Сохтмони мактаб дар ноҳияи Носири Хусрав

12 октябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Баҳори ноҳияи Носири Хусрав бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди бинои сеошёнаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 хонанда дар ду баст оғоз бахшид. Мактаб аз 2 бинои таълимӣ, толори варзишӣ ва дигар биною иншоот иборат хоҳад буд. Ин муассисаи нави таълимӣ бо харҷи 12 миллион ... Read More »

Қадамҳои неки СҲШ дар Душанбе

Бо гузашти бисту се сол мардуми шарафманди тоҷик бо роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон тавонист, бо вуҷуди он ҳама душвориҳои  сангин, давлати соҳибистиқлоли худро барпо ва ташакул дода, ба ҷаҳониён  муаррифӣ намуда, исбот созад, ки мо дар ҳамбастагӣ метавонем на танҳо давлати азизи худро рушду нуму диҳем, балки метавонем таҷрибаи сулҳу суботи хешро ба ҷаҳониён  мавриди омӯзиш қарор диҳем. ... Read More »

Дар баррасӣ — масъалаҳои муҳим

10 октябр дар маҷлисгоҳи  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид,  муовини сардори раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Маъмурзода, муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, кормандони масъули вазорат, роҳбарони муассисаҳои зерсохтор, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе, сардорони ... Read More »

Машварат ба хотири рушд

Дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф тӯли ду рӯз бо иштироки мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳои мамлакат семинар-машварати омӯзишӣ баргузор гашт. Дар кори он вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид, муовинони вазир Тоҷинисо Маҳмадова, Фатҳиддин Исмонов, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи вазорат, роҳбарони идораҳои зерсохтор ширкат варзиданд. Дар семинар зиёда аз 10 масъала мавриди баррасӣ қарор ... Read More »

Фархор дар обуна пешсаф

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафти соҳаи маорифи кишвар диққати махсус зоҳир мегардад. Дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи илму маориф дар оянда низ ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ боқӣ мемонад. Тавре аз суҳбат бо мудири маорифи ноҳияи Фархор Ғазалшо Сафаров бармеояд, соли равон маблағгузорӣ дар рушди маорифи ноҳия низоми нав гирифтааст. Алҳол ... Read More »

Баракати ду ҷабҳаи созанда

Баракати ду ҷабҳаи созанда Инак, бист сол мешавад, ки Тоҷикистони мустақил ҳамасола ҷашни солгарди қабули «Сарқонун»-ро таҷлил менамояд. Хушбахтии ҳар як сокини кишвари озоду демократии мост, ки бистсолагии ин «Бахтнома»-ро бо хотири ҷамъу осуда таҷлил менамоем. Ин андешаро ба он ваҷҳ иброз медорем, ки имрӯз дар шароити пур аз буҳрон ва тезу тунди ҷаҳонишавӣ дар нуқоти гуногуни сайёра нооромиву ташаннуҷи ... Read More »

Назаре ба китоби «Шаҳри домони рӯди Варзоб»

Афзун гаштани талаботи ҷомеа нисбат ба тарбияи маънавии инсон, хусусан, дар шароити инкишофи минбаъдаи худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ, дарки масъулияти давлатдорӣ, ҳисси волои меҳанпарастию шарафи шаҳрвандӣ, тадқиқ ва мутолиаи амиқи таърих ва самтҳои гуногуни сиёсату фарҳанги ғании ниёгонамонро тақозо менамояд. Дар иртибот ба ин масъала таълифи китоби муаррихи барҷаста, профессор Достӣ Шарифов «Шаҳри домони рӯди Варзоб» (Душанбе, 2013, 302 ... Read More »

Муҳити хонавода ва тарбияи фарзанд

Ҳар як падару модар вазифадор аст, ки барои фарзанди хеш  тамоми шароитро фароҳам созад, то дар оянда ӯ ҳамчун як шахси баркамол, зиндагидӯст ва ватанпараст ба  воя расад. Гарчанде  аз қадимулайём дар одату анъанаҳои мардуми мо  таълиму тарбияи фарзанд мақоми хоса дошта бошад ҳам,  имрӯз баҳри ба воя расонидани ҷавонони солеҳу соҳибмаърифат, пешгирӣ кардани вуруди ҷанбаҳои номатлуби фарҳанги бегона ба ... Read More »

Тарбиятгари наслҳо

Истиқлолияти давлатӣ яке аз бузургтарин  дастовардҳои миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Он ба пешрафти куҳистони Бадахшон мусоидат намуд. Бадахшон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, дар  муддати кӯтоҳ бо Чину Афғонистон, мамолики Осиёи Марказӣ алоқаи доимии нақлиётӣ пайдо кард. Дар минтақае, ки дар даврони Шӯравӣ ягон муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вуҷуд надошт, маҳз бо  файзу баракати истиқлолият Донишгоҳи давлатӣ дари  худро ба ... Read More »

Ҳайфи талошҳои мо

— Оча, мода чупапупс  бухар. — Пичин ҳам. Майлу?- пеш аз ба кӯдакистон рафтан аз модарашон хоҳиш мекарданд  наберагонам Найсону Соро. Ба духтарам рӯй оварда гуфтам: — Ту ҳеҷ эътибор дода истодаӣ, ки фарзандонат бо чӣ лаҳне сухан мегӯянд? — Бале, диққат дода истодаам. Бо шеваи мураббияашон гап мезананд, ки мутаассифона, имрӯз ин лаҳҷаи гуфтори мардуми пойтахт ҳисоб меёбад,- бо ... Read More »

Духтари қаҳрамон

Ба номи наку гар бимирам, равост, Маро ном бояд, ки тан маргрост. Фирдавсӣ Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, рақами 144 Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омӯзгории ДДОТ ба номи С.Айнӣ  номи Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Айниро гирифт.  Ҳамзамон, дар даромадгоҳи коллеҷ нимпайкараи Хосият Махсумова гузошта шуд. Моҳи майи соли 2014 осорхонаи ... Read More »

Ҳамеша дар хизмати халқ

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони ҷомӣ, 04.10.2014, шаҳри Душанбе Зиёиёни муҳтарам ва меҳмонони арҷманд! Ҳозирини гиромӣ! Имрӯз дар ин толори пуршукӯҳ тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 600-солагии адиб, олим ва орифи бузурги Машриқзамин Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ идома доранд. Ва хеле рамзист, ки маҷлиси бошукӯҳи бузургдошти Мавлоно дар арафаи ҷашни Рӯзи забони давлатӣ барпо мегардад; ... Read More »

Мактаб-интернат сохта мешавад

7 октябр Президенти кишвар ЭмомалӣРаҳмон дар ҷамоати «20 — солагии истиқлоли Тоҷикистон»-и ноҳияи Қубодиён бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони мактаб-интернат барои 240 хонандаи ятиму бепарастор ва аз оилаҳои ниёзманд оғоз бахшид. Зимни шиносоӣбо лоиҳаи сохтмон, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки биноҳои нави ин муассисаи таълимӣдар зарфи ду сол бо харҷи 9 миллион сомонӣаз ... Read More »

Оғози сохтмони муассиса

6 октябри соли равон дар доираи сафари кориаш ба вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба бунёди бинои сеошёнаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33, ки барои 640 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст, санги асос гузошт. Бинои нави муассисаи таълимӣ бо харҷи 15 миллион сомонӣ бунёд гардида, аз 4 бинои асосӣ иборат ... Read More »

Марҳалаи нави созандагӣ дар кишвар

Омӯзгорон ва падару модарони арҷманд! Фарзандони азиз! Имрӯз мо дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон шоҳиди ба фаъолият оғоз намудани як қатор иншооти нав, аз ҷумла ду муассисаи тандурустӣ дар маркази ноҳия ва ҷамоати Бӯстонқалъа гардидем, ки аз татбиқи тадбирҳои давлату Ҳукумати мамлакат дар самти беҳдошти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гувоҳӣ медиҳад. Ифтитоҳи боз як муассисаи нави таълимӣ ... Read More »

Иттиҳоди омӯзгорон

Гузориш аз Анҷумани III омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи давлатҳои узви ИДМ Рӯзҳои 1 ва 2 октябри соли равон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус Анҷумани III омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар анҷумани мазкур гурӯҳи омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф бо роҳбарии муовини аввали вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев намояндагӣ ... Read More »

Дастовардҳои ихтироъкорони наврас

Он рӯз майдончаи варзишии Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ  (МҶМТИ) ба намоишгоҳи бошукӯҳ табдил ёфта буд. Ҳанӯз, субҳи барвақт, иштирокдорони озмуни ҷумҳуриявии “Ихтироъкорони наврас” маҳсули дастони хешро омодаи намоиш мекарданд. Аз чеҳраи аксари духтару писарон нишони ҳаяҷон хонда мешуд. Ин ҳолат бесабаб набуд, чун аз тамоми кишвар ба ин намоишгоҳ беҳтаринҳо намунаи кори хешро оварда буданд. Ниҳоят, соати 9-и субҳ ... Read More »