Monthly Archives: Сентябрь 2014

Адолати судӣ бо Сарқонун оғоз мешавад

Шарти асосии шукуфоӣ ва пешрафти минбаъдаи кишвар пайвастан бо ҷаҳони мутамаддин ва дар ҷомеаи башарӣ мақоми шоиста пайдо кардани Тоҷикистон  аст. Сарқонун иродаи мардуми Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон намуда, дар марҳалаи ниҳоят ҳассос ба талошу даъвоҳои барои сохти давлатдорӣ хатарнок қабул шудааст. Тавре ки Хуршед Исозод, судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар суҳбат ... Read More »

Суҳбати судманд

19-уми сентябри соли 2014  садорати факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  бо донишҷӯёни хобгоҳи №6  мулоқот намуданд. Дар он декани факултети журналистика ва дотсент Фахриддин Ҳайдаров ва мудирони кафедраҳо иштирок карданд. Нахуст Ф. Ҳайдаров ба донишҷӯён таъкид намуд, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро соҳаи афзалиятнок ҳисобида, ба рушду инкишофи он, сифати тайёр намудани мутахассисон ва донишандӯзии донишҷӯён таваҷҷуҳи ... Read More »

«Шевченко ва адабиёти тоҷик»

Бо ташаббуси кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  рӯзи 18-уми сентябр дар маркази фарҳангии ба номи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Шевченко ва дабиёти тоҷик» баргузор гардид. Дар он муовини ректор оид ба илми ДМТ, дотсент Бахтовар Сафаров, декани факултети филологияи ДМТ,  профессор Мисбоҳиддин Нарзиқул иштирок намуданд. Б. Сафаров қайд намуд, ки Тарас Григориевич ... Read More »

Дифоъ аз забони миллӣ

Ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дар Маҷмааи кохи «Ваҳдат»  конференсияи ҷумҳуриявии илмии «Забони давлатӣ ва рушди истилоҳот» баргузор гардид. Дар он олимону донишмандон, забоншиносон аз муассисаҳои илмии касбӣ, Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳои ҶТ, инчунин, намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд. Конференсияро раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ... Read More »

Дарси муосир

Рисолаи пажӯҳишгарони таълиму тадрис Ҷамолиддин Саидзода ва Гурез Сафарзода «Раҳнамои омӯзгори адабиёт» дар пешбурди фаъолияти устодон, хусусан, муаллимони забон ва адабиёти  тоҷик ҳангоми гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ нақши бузурге мебозад. Таълифоти мазкур аз ду бахш, ки ҳар яке шомили мавзӯоти ҷолибу судманд мебошанд, иборат аст. Бояд зикр намуд, ки масъалаҳое, ки муаллифон мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор додаанд, зарурӣ ва манфиатманд ... Read More »

«Агар хомӯш биншинам, гуноҳ аст»

ё «Гастрит», «язва желудка» ё ин ки «газак ва захми меъда»? Дар шумораи 43 (аз 25 октябр)-и соли гузаштаи нашрияи «Омӯзгор» мақолаи Саида Набиева бо номи «Боз дар бораи имло» ба табъ расида буд. Дар робита ба ин мавзӯъ мо ҳам назари худро ба хотири ислоҳи кор пешниҳоди аҳли ҷомеа ва масъулин мегардонем. Забон яке аз омилҳои муҳим барои ташаккули ... Read More »

Ба бӯю таф хӯ нагирем…

Вақте номи шаҳри Душанберо ба забон меовардам, беихтиёр пеши дидагонам сутуне меомад, ки дар он нишон (герб)-и РСС Тоҷикистон насб  шуда буд. Он нишонро шояд бори аввал ҳангоми хонандаи синфи якум буданам дар саҳифаҳои “Алифбо” ё китоби хониш дида бошам. Он айём орзуи ақаллан як бор аз наздик дидани шаҳреро мекардам, ки шоирон ҳамчу шаҳри ишқу ҷавонӣ  васфаш мекарданду ҳофизон ... Read More »

Омӯзгор ва биниши илмӣ: мушкилот ва дурнамо

Инсоният дар тӯли таърих тамоми мушкилот: дарду ранҷ, заъфу нотавонӣ, мусибату хатарот, яъсу ноумедӣ, бархӯрди нобаробару номутавозин бо ҳаводиси даҳшатбори табиӣ, фалокату фоҷиаҳо ва амсоли инҳоро бо неруи ақлу хирад ва илму дониш ҷуброн намуда, раванди набарду муборизоти худро алайҳи мушкилоти фавқуззикр то имрӯз идома дода истодааст ва ин раванд оянда низ шиддат хоҳад гирифт. Барсиришта илм моро тору  пуд, ... Read More »

Кўдакон дар роњ

Солиёни зиёд аст, ки дар бозрасии давлатии автомобилї фаъолият дорам ва њар ваќт чун мебинам, ки дар садамањои наќлиётї кўдакон љароњат мегиранд ва њатто, њалок мешаванд, ќалбам ба дард меояд, зеро дар бисёр маврид чунин њодисањоро пешгирї намудан мумкин буд, агар ронанда эњтиёткору волидон бетараф набошанд. Мо то ба имрўз садамаи наќлиётї ва дар он љоми шањодат чашидани чанд нафар ... Read More »

Дарси биология боусули таҷрибаи ибтидоӣ

Илмҳои табиӣ илмҳое мебошанд, ки заминаашон аз қонунҳои табиат ҳосил шудааст. Мушоҳидаи ҳодисаҳои табиат ва таҷрибаҳои озмоишшуда асоси ин илмҳо мебошанд. Истифодаи таҷрибаро дар дарсҳои биология ба таври фарох ба роҳ мондан мумкин аст. Ба хотири ғанитар гардондани борхалтаи методии омӯзгорони муҳтарами фанни биология усули нави гузаронидани дарсро пешкаши онҳо мегардонем, ки «Усули таҷрибаи ибтидоӣ» (УТИ) ном дорад. Консепсияи усули ... Read More »

Зардолу-дороии Тоҷикистон

Тоҷикистон  яке аз  қисматҳои  калони қаторкўҳҳои  Помиру Олой буда, дорои миқдори зиёди дарахту буттаҳои мевадиҳандаи ёбоӣ мебошад. Инсоният  ба истеъмоли мева эҳтиёҷи зиёд  дорад. Зардолу, чормағз, себ, анҷир, хурмо, гелос, нок, нашпотӣ, ангур, анор, тут аз зумраи меваҳои серистеъмоли Тоҷикистон аст. Вақтҳои охир эҳтиёҷоти аҳолӣ ба захираҳои наботот  бештар шуда истодааст, аз ҳамин лиҳоз  ҳар чӣ бештар онҳоро парвариш намудан ... Read More »

Аз паси зулмат басе хуршедҳост

Чун силоҳаш ҳасту ақлаш на, бибанд Дасти ӯро, варна орад сад газанд! ххх Бадгуҳарро илму фан омӯхтан – Додани теғе ба дасти роҳзан! ххх Аҳмақ ар ҳалво ниҳад андар лабам, Ман аз он ҳалвои ӯ андар табам! ххх То накӯбӣ гандум андар осиё, Кай шавад ороста з-он хони мо?! ххх Майл андар марду зан Ҳақ з-он ниҳод, То бақо ёбад ... Read More »

Рӯзгороне саршор аз ҳаводис

Зиндагии сарояндаи «Маснавӣ» саропо маънист, аммо сурату зоҳири он низ, албатта, дархӯри донистан аст. Вай Ҷалолуддин Муҳаммад ном дошт ва дар ҳудуди соли 604-и ҳиҷрӣ дар Балх ба дунё омад. Падараш Баҳоуддин Валад воизе буд забоновару хушбаён, ки ба сӯфия гароиш дошт ва маҷмӯае аз мавоизи ӯ ҳамакнун боқист ва «Маорифи Баҳоуддин» ном ёфтааст. Ин Баҳои Валад дар Балх маснади ... Read More »

Мавлоно Ҷомӣ ва масъалаи ғурури миллӣ

Тайи 10-15 соли охир масъалаи худогоҳию худшиносӣ, ҳувиятхоҳию озодандешӣ ва эҳсоси баланди меҳанпарварию тафохур аз ормонҳои миллӣ пайваста аз забони афроди соҳибфазилату хирадоин ва тафаккурманду фарзона ба тарзу шеваҳои мухталиф садо медиҳанд. Ҳадафу муҳтавои ҳар яке аз ин навиштаю таълифот аслан дар меҳвари як андеша чарх мезанад: тарбияи насле, ки ғаюру сарбаланд, донишварзу фозил ва ватандори воқеӣ маҳсуб меёбад. Ҳароина, ... Read More »

Хирмани маънӣ

Мапиндор аз лаби хандон зиён аст, Ки хандонрӯй аз аҳли ҷинон аст. Фурӯ хӯр хашм андар гоҳи гармӣ Зи муъмин хуш бувад чарбию нармӣ. Қаноат кун чу дона дар таҳи санг, Гарат  бар сар бигардад осиёсанг. Машав ғарра ба зӯри бозуи хеш, Ки бошад зӯри бозуҳо аз ин беш. Ҳамеша некхоҳи мардумон бош! Ба некӣ кӯшу он гаҳ дар амон ... Read More »

СҲШ дар Душанбе

Рӯзҳои 11-12 сентябр шаҳри Душанбе бинобар баргузории ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай дар маркази таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифт, зеро ин созмон тайи солҳои фаъолияти муассираш ба як ниҳоди басо соҳибнуфуз дар сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ба пойтахти Тоҷикистон роҳбарони давлатҳое ташриф оварданд, ки дар онҳо беш аз нисфи аҳолии кураи замин зиндагӣ дорад. Барои иштирок дар ин ... Read More »

Сарқонун – пояи давлатдории миллӣ

Ҳар як сокини мамлакат ҳамеша бояд дар хотир дошта бошад, ки эҳтиром ва риояи ҳатмии Конститутсия ва қонун вазифаи ҷониву виҷдонӣ ва амали ҳаррӯзаи ӯст. Эмомалӣ Раҳмон Конститутсия ин ҳуҷҷати олие мебошад, ки он сохти идоракунии давлатиро дар ҷаҳорчӯбаи муайяни қонунҳо тарҳрезӣ намудааст. Конститутсия ҳуҷҷати тақдирсоз аст, ки манфиати ҳамаи рукнҳои ҷомеаро дарбар мегирад. Ин ҳуҷҷат ба сифати қонуни асосӣ ... Read More »

Омӯзгор: ахлоқ ва таълим

Дар иртибот бо мазмуни таъкидҳои Президенти ҷумҳурӣ дар Рӯзи дониш бо чанд суол ба омӯзгорон муроҷиат намудем. Масъалаҳое, ки имрӯз ба миён мегузорем, мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии ҳар омӯзгор ва корманди соҳаи маориф бояд қарор дошта бошанд. Бубинем, ки назари омӯзгорон ба масъалаҳои пешниҳодшудаи мо чӣ гуна аст. Баъзан нигарониҳо аз ахлоқи муаллимони мактабҳо дар ҷомеа садо медиҳанд, ки ин ҳар ... Read More »