Monthly Archives: Август 2014

Калиди бахти инсон дар китоб аст

Вақте ки ман китоб мехонам, гӯё пару бол мебарораму ба баландиҳо парвоз мекунам. Аз баландиҳо оламу одамро равшантару воқеитар метавон дид. ХХХ -Оғози дунёро аз куҷо бояд ҷуст? — Аз китоб. — Анҷоми дунёро аз куҷо бояд донист? — Аз китоб. Оре, оғозу анҷоми дунё марбут ба китоб аст. ХХХ Ман ҳар шахси маъруфу комёру хушбахтро бидуни китобе дар даст ... Read More »

Китоби дарсӣ бояд беғалат бошад

Китоби дарсии «Адабиёти тоҷик», барои синфи 10-ум соли 2007, муаллифонаш: У. Тоиров, М. Солеҳов, Р. Шарифов таълими дабиёти асрҳои XVI ва нимаи аввали  асри XIX- ро  дар бар мегирад. Хело хуб аст, ки вазну қофияи ғазалҳои адибон нишон дода шудааст. Аммо баъзе ғазалҳо рӯякӣ таҳлил карда шудаанд ва хонанда аз онҳо чизе намефаҳмад. Масалан, дар саҳифаи 101, ғазали «Онро, ки ... Read More »

Тарғиби таҷрибаи пешқадам

Маъмулан, ҳамон таҷрибаи педагогиро пешқадам мегӯянд, ки  инкишофи хубтари соҳаи маориф ва самараи баландтари таълиму тарбияи хонандагонро таъмин менамояд. Вай метавонад ҷиҳатҳои гуногун ё ягон ҷиҳатҳои алоҳидаи фаъолияти педагогиро дар бар гирад. Таҷрибаи пешқадам хусусияти индивидуалӣ, гурӯҳӣ ва дастҷамъӣ дошта метавонад. Барои васеъ паҳн кардани таҷрибаи нав ва пешқадам, ҷамъбасти онро аз ҷиҳати мазмун ба дараҷаи баланд таъмин намудан лозим ... Read More »

Тадбирҳои тарбиявию маърифатии Сарқонун

6 ноябри соли равон аз қабули Сарқонуни (Конститутсияи) Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол сипарӣ мешавад. Соли 1994 ҷомеаи Тоҷикистон рӯзҳои пурдаҳшатеро аз сар мегузаронд: кишварро ҷанги беамон ва бемаънии шаҳрвандӣ фаро гирифта буд. Ҳазорон одам аз тарси ҷони худу фарзандону пайвандонашон гуреза шуда, дар мамлакатҳои хориҷ умр ба сар мебурданд. Тоҷикистонро душмани қаттоли дигар-гуруснагӣ таҳдид мекард. Коргарону зиёиён ба ивази заҳмати ... Read More »

Дониш чароғи раҳнамост

Паёми табрикии вазири маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ба ифтихори оғози соли нави таҳсили 2014-2015 Дӯстони гиромӣ! Устодон, шогирдон ва волидони арҷманд! Шуморо ба ифтихори фарорасии соли нави таҳсил самимона табрик мегӯям. Инак, боз шогирдону фарзандони мо ба мамлакати дониш ворид мегарданд, донишҳои нав меандӯзанд ва сатҳи маърифати хешро боз ҳам боло мебардоранд. Донишомӯзӣ волотарин фазилати инсонист ва ... Read More »

Бинои нави мактаб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Зимни сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Чунон ки зикр гардид, сохтмони бинои нави ин мактаб бо харҷи 5 миллион сомонӣ анҷом ёфта, ба  маблаҒи 321 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти муосири таълимӣ таъмин карда шудааст. Бинои нави мактаб ... Read More »

Варзиш гарави комёбиҳост

Боиси сарфарозиҳост, ки варзишгарони бомаҳорати тоҷик кишвари офтобии моро дар арсаи ҷаҳон шиносонида, ҳар як пирӯзӣ ва ғалабаашонро ҳамчун фарзандони фарзона ба халқи азиз ва Ватани меҳрубонашон мебахшанд.  Ба саҳфаи корномаи варзишгарон  рӯ оварда, беихтиёр ному насаби  поягузорони варзишӣ миллӣ, ҳаракати Бозиҳои олимпӣ, фарзандони фарзонаи  соҳа, аз қабили устодони варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Азалшоҳ Олимов, Иброҳим Ҳасанов, Зебунисо Рустамова, Саидмуъмин Раҳимов, ... Read More »

Чаро оқил кунад коре…

Вақте ки мо ба шаҳри Норак расида, ҳамроҳи мудири шуъбаи маориф ва кормандонаш роҳ ба сӯйи деҳаи Кулони Боло гирифтем, ҳуш аз сарамон парид. Воқеан, аз роҳи деҳаи Қалъаи Малик ба ҷониби деҳаи мазкур метавон  мошинсавор равона гардид, агар… Дар мактаби ибтидоии деҳаи Кулони Боло Агар иродаи мустаҳкам, асабҳои неруманд, таҳаммулу бардошти чандлаҳзаина шуморо шарику ёвар бошад. Зеро роҳи хокии ... Read More »

Азнавбақайдгирӣ, яъне, чӣ?

Ҳамин шабу рӯз барои онҳое, ки ба хотири шомил гардидан ба мактабҳои олии кишвар имтиҳонҳои тестӣ супоридаанд, марҳалаи ниҳоят нозуку муҳим аст. Баъди эълон шудани холҳои гузариш ба давраи дигари имтиҳонот – озмуни мандатӣ наздик ба 30 ҳазор довталаб нафаси тозае кашида буданд. Ниҳоят, рӯзи 15-уми август ин марҳила низ оғоз ёфт. Барои довталабоне, ки аз озмуни мандатӣ гузаштанд, чӣ ... Read More »

Шиносоии Сарвари кишвар бо иншооти ҷашнӣ дар Ҳисор

Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ҳисор бо шиносоӣ аз рафти сохтмони варзишгоҳи бузург, ки дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад буд, маҷмааи Мактаби Президентӣ ва Боғи фарҳангию фароғатӣ бо чойхонаи зебои миллӣ оғоз ёфт. Барои сохтмон ва таҷҳизонидани варзишгоҳ 38 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ ҷудо шуда, то имрӯз 60% корҳо анҷом ёфтаанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои боз ... Read More »