Китоби дарси

Бозӣ бамаврид бошад, хуб аст

Таълими фанни забони модарӣ дар синфи якум дар нимсолаи дувуми таҳсил  сурат мегирад. Усули салоҳиятнокӣ тақозо дорад, ки муаллим аз синфи якум дар дарс фаъолияти бештари хонандагонро таъмин намояд. Аз ин рӯ, дар дарси забони модарӣ барои такмили ташаккули фикрӣ ва зеҳнии хонандагон дар баробари аёниятҳо, расмҳо, варақаҳо, овезаҳо аз бозиҳои грамматикӣ низ самаранок истифода кардан лозим мешавад. Ман бозиҳои ... Read More »

Ҳуснорову тароватбахши замин

Мақсад аз баргузории соатҳои тарбиявӣ ва конфронсҳо доир ба мавзӯи об ба баланд бардоштани сатҳи маърифати хонандагон дар истифодаи об мусоидат менамояд. Бояд дар муассисаҳаи таълимӣ гӯшаҳои «Об — сарвати бебаҳо», «Об — муъҷизаи табиат», «Обҳои шифобахши Тоҷикистон», «Нақши об дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо», «Об ҳаёт аст» таҳия карда шаванд. Ин ҷо лаҳзаеро аз дарси тарбиявӣ дар мавзӯи об тавзеҳ ... Read More »

Фанне, ки ҳамеша бо мост

Математика яке аз фанҳои қадимтарин дар тамоми дунёст. Он бо воқеият, бо ҳаёти ҳамарӯзаи мо пайванди қавӣ дорад. Математика ҳамқадам бо ҳаёти инсонҳост, ҳамеша одамон ба он муроҷиат мекунанду дастгирӣ меёбанд, мушкилоти зиёдашонро бартараф месозанд. Дар тамоми олам шахсе нест, ки бе истифода аз математика зиндагӣ дошта бошад. Ҳамаи фанҳо бо математика алоқаманданд, эҳтиёҷ ба мадади он доранд. Барои он ... Read More »

Муаммои нақли хаттӣ

Солҳои зиёд аст, ки соатҳои нақли хаттӣ ҷиддан омӯхта намешаванд. Ҳар сол дар моҳи август машварати омӯзгорони муассисаҳо баргузор мегардад ва ҳатман дар ин машваратҳо ин масъала  ба миён гузошта мешавад. Мутаассифона, ҳар дафъа ба ин масъала равшанӣ андохта намешавад. Қазоват кунед, корҳои хаттӣ дар синфи 5 -12 диктант, 4 иншо- 3 иншои синфӣ, 7 иншои хонагӣ; дар синфи 6 ... Read More »

Китоби хуби дарсӣ кадом аст?

Мехоҳам чанд фикру мулоҳизаи худро оид ба китоби дарсӣ рӯйи коғаз орам. Дар китоби «Забони тоҷикӣ»- и синфи 5 мавзӯъҳо бо тартиб оварда шуда  ба синну соли хонандагон мувофиқанд. Машқҳо низ мувофиқи матлабанд, аммо китоби «Адабиёти тоҷик»-и ҳамин синфро гирем, бисёр мавзӯъҳо ба синну соли хонандагон мувофиқат намекунанд ва барои хонандаи синфи 5-ум душвортар мебошанд. Дар китоби мазкур очерки таърихии  ... Read More »

Китобҳои дарсӣ мукаммал бошанд

Оид ба китобҳои таълимӣ чандин сол аст, ки дар нашрияи «Омӯзгор» фикру мулоҳизаҳои омӯзгорон ва алоқамандони соҳа чоп мешаванд. Ҷамъбасти ин фикру мулоҳизаҳо чунин аст: Китобҳое, ки то имрӯз мавриди истифодаанд, маводи зиёд ё мураккабро пешниҳод менамоянд. Хонанда дар муддати 45 дақиқа ин маводро аз худ карда наметавонад ва ё омӯзгор муайян карда наметавонад, ки кадом қисми маводи пешниҳодшударо асосӣ  ... Read More »

Такмили таълими математика

Маълум, ки дар таълиму тарбияи хонандагон нақши асосро муаллим  мебозад. Маҳз ӯ аз аввалин рӯзҳои ба мактаб қадам гузоштани шогирдон чашмони онҳоро ба дунёи илму ирфон, ба дарки асрори оламу боз менамояд. Ақлу заковат, рӯҳия ва ҷаҳонбинӣ, доираи фаҳмишу дониш, маҳорату малакаи хонандагонро аз захираи дониши худ баҳраманд карда тавонистан обрӯю эътибори муаллимро, ҳам дар байни  шогирдон ва ҳам омӯзгорон ... Read More »

Усули нав дар ибтидои таълими математика

Мафҳуми «Салоҳият»  — шоистагӣ, қобилият, лаёқат,  маҷмӯи дониш, малака ва маҳорати ба ҳам пайвандест, ки ба мақсади ҳалли масъалаҳои мушаххаси ҳаёти (иҷтимоӣ,  иқтисодӣ, сиёсӣ),   маърифатӣ ва касбӣ равона карда мешавад. Ҳар як хонанда ба дарс бо дараҷаҳои гуногуни салоҳиятҳо меояд. Аз ин лиҳоз,  омӯзгор бояд қобилияти  муайян кардани сатҳи салоҳиятнокии  хонандаро  дошта бошад. Омӯзгор барои ташаккули натиҷаҳои  таълими ҳар як ... Read More »

Кор бо китоби дарсӣ

Кор бо китоб дар дарс – амали мураккаб ва хеле душвор аст. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ҳар як сеюм хонандаи мактаби ибтидоӣ дар хондану дарки матни пешниҳодшуда мушкилӣ мекашад. Вазифаи муаллим – ба хонандагон омӯзонидани мустақилона бо китоб кор кардан аст. Кори самаранок бо китоб бояд ҳам дар мактаб ва ҳам дар хона ба роҳ монда шавад. Муаллим бояд ба ... Read More »

Корҳои мустақилона аз фанни забони модарӣ 

2 (39)

Дар  барномаҳои  синфҳои  ибтидоӣ  аз ҳар  як  омӯзгор  талаб  карда  мешавад, ки  шогирдонашон  дурусту  равон  хондан, дарк  кардани  маънии  калима, хоно  навиштан, ба қоидаҳои  имло  риоя  кардан  ва  бо  забони  адабӣ  гуфтугӯ  карданро  омӯзанду аз бар кунанд. Қисми  зиёди  корҳои  мустақилона  аз рӯйи  китоби  дарсӣ  гузаронида  мешавад. Дар  китобҳои  дарсии  синфҳои  1-4  машқҳое  оварда  шудаанд, ки  боиси  инкишофи  фикрронӣ  ва  ... Read More »

География ва ҷаҳоншиносӣ

Дар нақшаи нави таълимӣ, ки соли 2015 таҳия ва нашр гардидааст, якчанд фанни ҷадид дохил карда шудааст, ки география (фаъолияти инсон) дар синфи 11 яке аз онҳо ба шумор меравад. Муаллифони китоб, олимони шинохта А. Ҷӯраев ва Р. Ибрагимова дар мавзӯи «География ва ҷаҳоншиносӣ» дар хусуси фанни мазкур чунин маълумот додаанд: Хотирнишон бояд намуд, ки фанни  география (фаъолияти инсон) аз ... Read More »

Омӯзиш монеанописанд аст

Деҳаи Тӯсиёни Бадахшон бо донишмандон ва мардуми фарҳангпарвараш мақоми хосае дорад. Солдидагон нақл мекунанд, ки мардуми водии Шоҳдараро оғоз аз деҳаи Хабост то нуқтаи охирин — деҳаи Ҷавшангоз омӯзгорон аз деҳаи  Тӯсиён хатту савод омӯхтаанд. Ин далелро Охон (мардуми Бадахшон омӯзгорони варзидаро бо эҳтиром «охон» мегӯянд) Мағрибӣ, Охон Назарамон, Охон Қарача ва бисёр дигарон бо тафсилоту ҷузъиёташ собит мекунанд. Аммо ... Read More »

Роҳбалади хирадманду боэътимод

Китоб роҳнамою нерубахши инсонҳост ва кас ҳар қадар бо китоб унс бигирад, китоб бихонад, ҳамон қадар донову тавоно хоҳад буд. Ҷомии бузургвор китобро «аниси кунҷи танҳоӣ»-ву «фурӯғи субҳи доноӣ» хонда, ба он рӯй овардану аз он баҳра бурданро омили муҳими инсони ҳақиқиву огоҳдилу соҳибфазилат гаштан донистааст. Воқеан ҳам, китоб неруи тавонову роҳбалади доноест барои ҳар шахс. Бо ин сарчашмаи дониш ... Read More »

Баҳисобгирии бухгалтерӣ

Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мо имсол 25-умин солгарди муборакашро таҷлил намудем, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар дигаргуниҳо, такомулоти куллӣ ба вуқӯъ пайвастанд ва ба тамоми масоили сиёсиву иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ аз лиҳози хусусиёту манфиатҳои миллӣ бознигарӣ карда шуд. Бахусус, дар соҳаи маорифи мамлакат ислоҳоти фарогир татбиқ гардид ва дар ин замина мазмуну муҳтавои таълиму тарбия такмил ёфт, ... Read More »

Табиатшиносӣ

(Олами атрофи мо) Китоби дарсӣ барои синфи 2 Қодиров Н., Абдуллоев И., Исоев К., Давлатзода С., Табиатшиносӣ (Олами атрофи мо). Китоби дарсӣ барои синфи 2-юми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Душанбе: 2016, 136 саҳ. II. ТАБИАТ ВА ГУНОГУНИИ ОН §5. ҚИСМҲОИ ҒАЙРИЗИНДА ВА ЗИНДАИ ТАБИАТ Ба атроф нигаред ва ашёро номбар кунед (ашёи аз синфхона берунро ҳам). • Онҳоро ба кадоме аз ... Read More »

Усули таълими як мавзӯи химиявӣ

h

Дар замоне ки дар соҳаи маориф тағйиротҳои куллии сифатӣ ба амал омада истодааст, бояд дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тарзи нави таълим ва тарбия ба роҳ монда шавад. Модернизатсияи таълим ногузир аст, зеро пешрафти босуръати техника ва технологияи маводи рӯзгор, ки насли наврас аз он васеъ баҳра мебаранд, мо, таълимдиҳандагонро водор месозад, ки роҳҳои нави онро кор карда ... Read More »

Танзими машқҳо дар таълим

big

Азбаски ҳама гуна фаъ-олияти инсон мақсаднок аст, омӯзиши забони хориҷӣ низ бояд мақсаде дошта бошад. Дар адабиёти методӣ мақсадҳои амалӣ, тарбиявӣ ва такомулии он нишон дода шудаанд, ки ин мақсадҳо зина ба зина ташаккул меёбанд ва чор рукни фаъолияти муоширатӣ (ҳарфзанӣ, шунида фаҳмидан, хондан ва китобат) ба даст меояд. Ин чор рукни фаъолияти муоширатӣ ба воситаи машқҳо ташаккул дода мешаванд. ... Read More »

Санҷиши дониш

Забони тоҷикӣ дар мактаб яке аз фанҳои асосӣ ба шумор меравад. Огоҳии комил аз ин фан барои омӯхтани фанҳои дигари таълимӣ ёрии калон мерасонад. Аз ин рӯ, мо — муаллимони фанни забони модариро зарур аст, ки роҳу усулҳоеро ба роҳ андозем, ки шогирдони мо ин фанро хуб омӯхта,  фикри худ-ро беғалат ба таври хаттӣ ва шифоҳӣ баён карда тавонанд. Имрӯзҳо ... Read More »