Тарбия

Китоб — беҳтарин туҳфа

Дар моддаи  9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  уҳдадориҳои падару модар  дар таълими фарзанд муайян карда шудааст. Аз ҷумла, падару модар бояд фарзандро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин карда, барои таълими ӯ шароити муносиб муҳайё намоянд ва донишандӯзӣ ва иштироки фарзандро дар раванди таълим назорат карда, бо омӯзгорон, ҳайъати кормандон ва роҳбарияти муассисаи ... Read More »

Таълими адабиёти тоҷикро такмил мебояд

Имрӯз вобаста ба талабот ва рушди ҷаҳонишавии ҷомеаи муосир, рақобатпазирии кадрҳо дар соҳаи илму маориф ва ба сатҳи нав боло бурдани кори таълим дар муассисаҳои таҳсилотӣ ба масъалаи усули таълими фанҳои забон ва адабиёти тоҷик аз дидгоҳи нав бояд наздик шуд. Мундариҷаи таълими фанҳои мазкур ҳамчун объекти омӯзиш бояд сатҳи баланди дониши хонандагонро таъмин кунад ва воситаи ташаккули тафаккури назариявӣ ... Read More »

Роҳбари синф ва хонандагон

Вазифаи асосии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ на фақат ба хонандагон додани маълумот, рушди зеҳну заковат ва малакаю маҳорати шогирдон, балки дар навбати аввал тарбия намудан ва инкишофи сифатҳои маънавии онҳо мебошад. Дар ин самт нақши роҳбари синф барҷаста аст. Роҳбари синф бояд бофарҳанг, ҷӯяндаву эҷодкор бошад, шахсияти кудакро эҳтиром карда тавонад. Ба падару модари онҳо дар робитаву ҳамкорӣ бошад. То ... Read More »

Рисолати омӯзгорону волидон дар тарбия

Аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  6 сол сипарӣ мегардад. Дар хусуси ҷараёни амалигардии қонуни зикршуда аз ҷониби сарварони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ, муассисаҳои таълимии кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ва падару модарон андешаҳои мутахассисонро пурсон гардидем, ки инак, фишурдаи онро пешкаши хонандагони нашрия менамоем. - Ботур Расулов, мутахассиси пешбари ... Read More »

Дониши духтар – неруи кишвар

Барои занону духтарони кӯҳистон имтиёз ҷудо кардан дар таҳсил ва ҷалби онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идорӣ аз ҷумлаи ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон аз беҳтарин иқдомҳои даврони истиқлол ба шумор мераванд. Зан ва истиқлол. Фикр мекунам, миёни ин ду мафҳум қаробати бемисле ба чашм мерасад. Дуруст аст, ки дар замони Шӯравӣ зан дар ҷомеа ... Read More »

Тарбия вазифаи ҳамагонист

Арзишҳои маънавие, ки инсоният ба онҳо рӯ овардааст, ҳамеша дар китоб дарҷ  мешаванд. Таваҷҷуҳи ҷавонон нисбат ба ин арзиш, мутаассифона,  камтар аст. Бештари ҷавонон ба телефони мобиливу компютерҳо таваҷҷуҳ доранд. Албатта, ин тақозои пешрафти илми техника аст, набояд кор ба дараҷае расад, ки ҷавонон аз китобу маърифат дур гарданд. Пешвои миллат дар вохӯриҳо бо зиёиёни кишвар бо ифтихор ва сарбаландӣ ... Read More »

Ҳокимони фазо — дӯстони мо

Ба эътирофи аҳли илм, инсон офаридаи табиат аст ва аз ин боис пайванди азалию ҳамешагӣ бо табиат дорад. Зиндагии инсонҳо, аз ҷумла, марбут ба он аст, ки бо табиат чӣ гуна муносибат доранд. Як ҷузъи муҳими табиати атрофи моро парандаҳо ташкил медиҳанд ва вобаста ба ин масъалаи муносибати инсон бо олами парандагон ба миён меояд, ки дар масъалаи бузурги муносибати ... Read More »

Ханда ҳам доруст

«Парандаеро диданд, ки  сари як пой истодааст. -Тақсир, чаро ин ҷонвар сари як пой истодааст?-пурсиданд аз Мушфиқӣ. ӯ ҷавоб дод: -Агар ҳар ду пояшро бардорад, меафтад-дия!» Ин намунае аз латифаҳои халқии тоҷикист. Воқеан, тоҷикон табиатан гаравиш ба ҳазлу шӯхӣ, ба  ҳаҷву танз доранд ва аз ин рӯ, дар адабиёти шифоҳию хаттии ин халқи бостонӣ ҳаҷв мавқеи дерину устувор дорад. Суҳбату ... Read More »

Таҳкимбахши тарбияи маънавии наврасон

Садсолаҳост, ки китоб ҳамчун муҳимтарин ва беназиртарин сарчашмаи таълиму тарбия эътироф мешавад ва  новобаста аз он, ки бо мурури замонҳо воситаву шаклҳои гуногуни омӯзишу парвариш ба миён меоянд, китоб ҳамоно мавқеи худро устувор нигоҳ медорад. Нақши китоб, махсусан, дар тарбияи  кӯдакону наврасон хеле барҷаста мебошад. Аз ин ҷост, ки як бахши муҳими ҳар адабиётро адабиёти бачагона ташкил медиҳад. Бо назардошти ... Read More »

Фанни технология (таълими меҳнат) такмил мехоҳад

Зинаи таҳсилоти касбӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҷалб намудани ҷавонон ва калонсолон барои омӯзиши касбҳои коргарӣ – қисми таркибии ин зинаро ташкил медиҳад. Бояд зикр кард, ки дарзамони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ омӯзиши фанни технология (касбу ҳунар) тавре ба роҳ монда шуда буд, ки он ба талаботи стандарти давлатӣ  ҷавобгӯй буда, ... Read More »

Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон

0_d7534_d77f36a5_orig

Дар остонаи асри ХХI муаммоҳои экологӣ ба масъалаи доғи ҷомеаи умумибашарӣ мубаддал гаштааст. Пеш аз он ки оид ба ин мавзӯъ мубоҳиса намоем, нахуст моро зарур аст, ки зуҳуроти ин масоилро аз дидгоҳҳои гуногун дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор диҳем. Таҳқиқотҳои илмӣ бозгӯи онанд, ки ҳоло 1,1 млрд аҳолии ҷаҳон дар дастрасии оби нушокӣ танқисӣ дошта, тақрибан 2,6 млрд ... Read More »

Забони модариро пос дорем

Бо қарори Конфронси генералии ЮНЕСКО аз 17 ноябри соли 1999 21-уми феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони модарӣ (International Mother Language Day) эълон карда шуд ва ҳамасола ин рӯз ҳамчун рӯзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва мусоидат ба рангорангии бисёрзабонӣ ва гуногунфарҳангии забонҳои рӯи олам аз ҷониби соҳибзабонони рӯи олам бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Сабаби ба ин рӯз ... Read More »

Ҷилои тозаи рӯзгор

Ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ мо, омӯзгоронро водор месозад, ки нисбат ба насли наврас боз ҷиддитар муносибат намуда, онҳоро дар ин рӯҳияи ватанпарварӣ, инсондустӣ ва худшиносӣ тарбия намоем ва бикӯшем, ки аз илмҳои замона амиқтар бохабар бошанд. Зеро ояндаи кишвари соҳибистиқлоли мо маҳз ҳамин хурдсолонеанд, ки имрӯз паси мизи мактабӣ нишастаанд. Президенти Ҷумҳурии То-ҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ... Read More »

Тарбия масъулият мехоҳад

Имрӯз  тарбияи насли наврас дар рӯҳияи меҳанпарастӣ аҳамияти  бештар пайдо кардааст. Ин аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои муҳиммеро дар ин самт меандешад. Аксаран тадбирҳо тавассути васоити ахбори  омма, ташкили вохӯриҳо бо сиёсатмадорон ва донишмандони соҳа дар маҳалҳо сурат мегирад. Дар мактаб дар ҳамкорӣ бо омӯзгорон, роҳбарони синфҳо, шахсони фаъоли ҷомеа ва падару модарон чорабиниҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст. Иттиҳодияҳои ... Read More »

Салоҳиятнокӣ ва маҳорату малака

Ҳисси баланди ватандӯстӣ, интизоми қатъӣ ва маҳорату малакаи ҳамаҷонибаи ҳарбӣ  салоҳиятҳое ба шумор мераванд, ки ҳар як хонанда онҳоро метавонад дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ тавассути омӯзиши фанни омодагии дифои ҳарбӣ ба даст биёрад. Нақшаи тақвимию мавзӯии фан тибқи талаботи Стандарти фаннӣ омода гашта, пас аз омӯзиши ҳар як мавзӯъ салоҳиятҳои зарурӣ нишон дода шудааст, ки аз тарафи омӯзгорон бояд ... Read More »

Тарбия ва таълим кори саҳл нест

Таълим дар синфҳои ибтидоӣ имрӯзҳо дар шакли ҳамгиро ҷараён дорад. Аз ин лиҳоз, матну ҳикояҳое, ки оварда мешаванд, ҳам хусусиятҳои тарбиявӣ ва ҳам таълимӣ доранд. Порае  аз ҳикояи «Тош».  Рӯзе писарбачае, ки номаш Тош буд, мебинад, ки аз миёнбанди мӯйсафеде ҳамёнаш меафтад. Тош аз қафои ӯ рафта, онро мегираду ба хона омада, ба модараш нақл мекунад. Модараш ба Тош мегӯяд, ... Read More »

Кӯдакон ғамхорӣ мехоҳанд

Ҳангоме ки сухан дар бораи кӯдакони имконияташон маҳдуд меравад, пеши назар ҳамон кӯдаконе намудор мешаванд, ки ҳамеша зери назорат буда, ниёз ба муҳаббат, самимият, ғамхорӣ  ва парвариш доранд. Имрӯз аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар дар ҳамкорӣ бо  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои ... Read More »

Ҷалби кӯдакон ба масъалаи об

Кӯдакистони мо дар ҳамкории зич бо волидайн дар маҷлисҳои умумию гурӯҳӣ аз хусуси манфиати об барои кӯдакон ва дар гурӯҳҳои тайёрӣ ба мактаб гузаронидани Рӯзи дарҳои кушодро дар мавзӯи «Об-рӯшноист» бо намоиши саҳначаҳои тарбиявӣ ба нақша гирифтааст. Дар ин раванд мекӯшем, ки кӯдакон дар рӯҳияи инсондӯстиву ватанпарварӣ тарбия ёбанд, боақлу идрок, соҳибҳунару соҳибмаърифат ва парчамбардорони миллат шуда, дар гул-гулшукуфӣ, рушд ... Read More »