Фарҳанг

Дастуре, ки интизораш будем

«Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» аз чоп баромад. Мо солҳои тӯлонӣ интизори чунин як дастур будем. Бори нахуст 22 июли соли 1989 Қонун «Дар бораи мақоми давлатӣ пайдо намудани забони тоҷикӣ» қабул  гардид. Он замон дар матбуот,  телевизиону радио аксар ба забони русӣ ҳарф мезаданд, барои инкишофи забони тоҷикӣ ва мавқеи он бархе аз  донишмандон сухан мегуфтанду халос. Коргузорӣ асосан ба ... Read More »

«Шоҳнома»-ро идома мебояд

«Шоҳнома» ҳамосаи бузурги озодагони ориёист, ки назире дар ҷаҳон надорад. Ҳаким Фирдавсӣ бо қудрати сухан таърихи пурҷалоли беш аз ҳаждаҳҳазорсолаи Ориёи бузургро зинда нигоҳ дошт. Аммо дини ғосибони арабу хурофоти ҷоҳилонаи ҳамқавмон нагузошт идомаи достонҳои «Шоҳ-нома» баъди қатли Яздигурду заволи давлати Сосониён навишта шавад. Ҳакими бузургвор паёмбарона оқибати аз дину оини ниёгон бенасиб мондану ба дини тозиёни бадавӣ гирифтор гадидани ... Read More »

Ғаразҳоро зи дил бояд биронем

Борҳо таъкид шудааст, ки тарбия кори хеле мураккаб ва заҳматталаб аст. Андаке костагӣ ё фориғболӣ дар ин кор метавонад фарҷоми фоҷеабор дошта бошад. Ин нукта дар воқеият борҳо собит гаридааст. Чанд ҳодисаи нохушоянде, ки байни хонандагони мактабҳои шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайваст, низ пеш аз ҳама, бозгӯи он мебошад, ки сатҳи тарбия дар муассисаҳои таълимии пойтахт такмил мехоҳад. Дар ин ... Read More »

Ҳунар омили тақдирсоз аст

Дар тақдири насли наврас масъалаи интихоби касб нақши муҳим мебозад, зеро маҳз ба шарофати касби интихобкардааш ҳар фард дар зиндагӣ мавқеъ меёбад, ҳам худ манфиат мебинаду ҳам ба ҷомеа  манфиат мерасонад. Аз ин ҷост, ки фармудаанд: Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст. Дар дидаи мардумон азиз аст. Интихоби касб дар раванди таълиму тарбия дорои мавқеи барҷаста буда, омӯзгорон, роҳбарони синфҳо ва дигар ... Read More »

Ашъори баланд — ҳамсони қуллаҳо

Саргузашти миллат бо ҳаёту фаъолияти афроди бузургаш, аз ҷумла, бо корномаи аҳли адабаш пайванди қавӣ дорад. Магар метавон таърихи даврони навини тоҷиконро бе зиндагии ибратбахш ва осори пурмуҳтавои устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Улуғзода, Икромӣ… тасаввур карду шарҳ дод?! Устод Муъмин Қаноат низ дар радифи ҳамин абармардони миллати хеш қарор дорад. Ӯ бо азму иродаи қавӣ, дилу нияти  пок ва бо ... Read More »

Ҳамосасарои ростини миллат

Адабиёти бадеӣ дар таълиму тарбияи насли наврас  нақшеро мебозад, ки ҳеч як неруи дигар ин гуна нақшро бозида наметавонад. Асарҳои устод Рӯдакию Фирдавсӣ, Хайёму Ҳофиз, Ҷомию Саъдӣ садсолаҳост, ки дар тарбияи ҳаматарафаи бани башар таъсири муассир мегузоранд ва дарси одаму одамгарӣ меомӯзанд, сатҳи маърифату ҷаҳонбинии ҳамагонро вусъат мебахшанд. Эҷодиёти яке аз тавонмандтарин шоирони муосири тоҷик, устод Муъмин Қаноат низ ҳадафҳои ... Read More »

Ваҳдат дар ашъори шоирони ҷавон

Мавзӯи ваҳдат мавзӯи ҳамешагӣ ва ҷовидонист.  Хеле хурсандиовар аст, ки шоирони ҷавону умедбахши мо анъанаи бузургони гузаштаи адабиёти тоҷикро идома дода истодаанд. Мавзӯи ваҳдат, ифтихор аз миллату худшиносӣ, ватанпарастӣ дар ашъори эшон мақоми шоиста ёфтааст. Толиби Луқмон мегӯяд: Меҳани ман, зодгоҳи ишқи ман, Сар шуд аз роҳи ту роҳи ишқи ман. Марҳами ман ҳар гиёҳу барги ту, Чоки дил дӯзам ... Read More »

Суруди Ваҳдат

Тоҷикистон! Мазҳари номусу виҷдонам, Сарзамини бостонии бузургонам. Ҷаннати пурзебу хуршедии Яздонам, Ёдгори ҷовидони Оли Сомонам. Ваҳдати ту эътибору шавкату шонам, Ваҳдат оҳанги бақои Тоҷикистон аст. Тоҷикистон! Хоки покат хокиим додаст, Сарвари ҳақбину ҳақроҳат худодод аст. Халқи меҳнатпарварат ободу  озод аст, Номаи бахти баландат хатти иршод аст, Ваҳдати ту тозакорӣ асту бунёд аст, Ваҳдат эҷоди ҳаёти нурборон аст. Тоҷикистон! Эй таҷаллигоҳи ... Read More »

Пайвандгари дилҳо

Мутахассиси варзидаи бахши робитаҳои адабӣ,  профессор Ҳамроқул Шодиқулов агар дар қайди ҳаёт мебуд, дар ин айёми нозанини сол ба синни ҳаштоди умр қадам мегузошт. Вале, мутаассифона, даҳ сол боз ӯ дар байни мо нест ва ба олами абадият пайастааст. Дар арафаи баргузории Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар кишвари мо пайки хуше даррасид. Бо ибтикори номзади илми филология Амина Шарофиддинова ёдномаи ... Read More »

Модарандар

Субҳи барвақт ба коргоҳ  мешитофтам, ки дар роҳ тасодуфан бо ҳамдеҳаам Озода вохӯрдам. Ӯро солҳост, ки мешиносам. Айёми мактабхонӣ дар як синф таҳсил мекардем. Саводи баланд дошт, пайваста баҳои аъло насибаш мегашт. Ҳарчанд вақтам кам буд, вале бо дӯсти айёми кӯдакиям наметавонистам суҳбат накунам. — Чӣ ҳол дорӣ? Ба чӣ корҳо машғулӣ?-пурсидам аз ӯ, ки чандин сол ҳамдигарро надида будем. ... Read More »

Дуруди Ваҳдат

  Сад шукр, Тоҷикистон ваҳдатсаро шуд аз нав, Ҳар хонаву дари он мулки вафо шуд аз нав.   Гардида нурполо хуршеди бахту иқбол, Пайғоми ваҳдати  мо то бар само шуд аз нав.   Дар гулшани дили мо гулҳои меҳр бишкуфт, Дилҳои меҳрпарвар андар наво шуд аз нав.   Субҳи саодати мо рух во намуд, ёрон, Дунё зи нури покаш пур ... Read More »

Асирам карду болам канду поям баст…

Тафсири ғазали устод Абулқосими Лоҳутӣ Байти 1- ум: Ба ӯ ҷон додам, ҷонони ман дигар чӣ мехоҳад? Зад оташ бар тани сӯзони ман, дигар чӣ мехоҳад? Шарҳи байт: Шоир мегӯяд, ки қиматтарин  гавҳари ҳастиам – ҷони азизамро барои озодии сарзамини нозанину дӯстоштаам, барои Эрони гирифтори истибдоду истеъмор бахшидам, аммо ин ҷононаи қадрношинос ҳама ишқу муҳаббат, талошу пайкори маро ё надид, ... Read More »

«Фарзин» ба фаъолият пардохт

Дар маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе  маросими расман ба истифода додани маҳфили шоҳмотбозони наврас бо номи «Фарзин» доир гардид. Дар ин рӯз ҳамчунин роҳбарияти муассиса тасмим гирифт, ки ба муносибати иди байналмилалии Наврӯз барои дарёфти «Ҷоми Наврӯз» нахустин мусобиқаи шаҳрӣ оид ба шоҳмот байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанберо баргузор намояд. Масъулин зикр намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати ... Read More »

Биё, ҷашни миллат!

Ассалом, Наврӯзи ҷаҳонафрӯз! Боз омадӣ?! Биё! Биё, ки ман муштоқи дидори туям. Биё, то хоки қадамҳои муборакатро сурмаи дидаҳо созам! Биё, ай пири нуронии муборакқадами файзбору дурбези ба дил ҷавон! Биё, ай моли бебаҳои тоҷики  ориёии тоҷдор! Биё, ай ташнаи суруди «Ёр-ёр». Наврӯзи ман, биё, то туро сахт ба оғӯш гираму дар муҳаббатонаи қалбам гармат созам. Чаро? Охир, ту ҳам, ... Read More »

Рамзи таманниёти нек

Дар бораи ба вақти мизони баҳор овардани иди Наврӯз дар замони салтанати хилофати араб кӯшишҳои бисёре карда бошанд ҳам,  дар даврони ҳукмронии Маликшоҳи Салчуқӣ ва яке аз мутафаккирони замон Низомулмулк (солҳои1017- 1092)  вазорате вуҷуд дошт, ки олимони нуҷум бо роҳбарии Умари Хайём ислоҳоти тақвим мегузарониданд. Бомдоди рӯзи Наврӯз шоҳаншоҳ бо либосҳои хоса,  хилъати зебое ба бар карда,  ба дарбор танҳо ... Read More »

Наврӯзи Файзобод

Файзобод ноҳияи кӯҳсор буда, бо манзараҳои дилрабою чашмаҳои зулол, парандаҳои нодиру гиёҳҳои шифобахшаш дар ҷумҳурӣ ном баровардааст. Ноҳия ба ду қисмат ҷудо мешавад: қисмати болоӣ ва қисмати поёнӣ. Қисмати болоӣ бо табиати дилкашаш фарқкунанда аст. Баҳори қисмати болоӣ аз баҳори қисмати поёнӣ як моҳ фарқ дорад. Дар  қисмати поёнии ноҳия 21-уми март баҳор аз омаданаш мужда мерасонад. Мардуми ин қисмати ... Read More »

Ҷашни пурфайз

Наврӯзи куҳан имрӯз аз баракати истиқлолият, раванди демократӣ, афзоиши худшиносии миллӣ умри тоза ёфтааст ва  ҳамчун таронаи наву навои дилпазир, маҳбуби тоҷикон гаштааст. Наврӯзи аҷдодии мо дар роҳи ташаккули таърихии худ мушкилиҳою монеаҳои зиёдеро паси сар намуда, чун суннати воло ва расму оини миллии аҷдодонамон ба ҷашни умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Наврӯз дар тӯли мавҷудияташ арзишу фарҳангҳои миллии моро дар таркиби ... Read More »

Баҳори Мадм

Ҷашни  Наврӯзи  оламаф-рӯз дар деҳаи Мадми водии Зарафшон бо ҳифзи оинҳои аҷдодӣ хело хотирмон ҷашн гирифта мешавад. Ба ин деҳа баҳор нисбат ба деҳоти атроф каме дертар меояд. Деҳа ҳусни хосае дорад. Дар байн дарёчаи шӯхи кӯҳӣ ҷорист, чор маҳалла зеббахши деҳаанд. Дар фасли баҳор деҳа хушнамуд мешавад. Мардуми он анъанаҳои зиёдеро аз суғдиёни бостон ба мерос гирифтаанду то имрӯз ... Read More »