Варзиш

Варзиш – қосиди сулҳ

Ба  муносибати  20 – солагии Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон    дар КВД «Маҷмааи варзишии Тоҷикстандарт» даври финалии мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи  намудҳои волейбол, футболи хурд, шашка, шоҳмот ва амрестлинг (дастхобонӣ) байни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.  Дар расми кушоди мусобиқа сардори раёсати  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолони  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ... Read More »

Эҳёи маҳфилҳои варзишӣ зарур!

Орзуҳои ҳар мактаббачае, ки дар майдончаи варзишии мактаб машқ мегузаронад, гуногун аст. Чунки варзишгарони беҳтарину машҳури дунё машқҳои худро маҳз аз ҳамин ҷо оғоз намуда, танҳо пас аз меҳнату машқҳои зиёд, сабру тоқат муваффақият ва мукофоту шуҳратро соҳиб шудаанд. Замони Шӯравӣ даврони пешрафти оммавии варзиш арзёбӣ гардида, ҷавонон вобаста ба қобилияту истеъдод ва синну сол ба маҳфилҳои варзишӣ фаро гирифта ... Read More »

Варзиш таҳкимбахши ифтихори миллист

Варзиш дар тарбияи насли наврас аҳамияти барҷаста дорад. Ба ин воситаи обутоби ҷисмонӣ машғул шуда, хонандагони таълимгоҳҳо ҳамзамон аз лиҳози маънавӣ низ ташаккул меёбанд, устувор мегарданд. Барои ҷалби мактабиён ба варзиш барномаи таълимӣ дар тамоми синфҳо соатҳои махсус ҷудо кардааст. Омӯзгорони тарбияи ҷисмонӣ бештар ба машғулиятҳои амалӣ, мусобиқаву бозиҳо таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, ки ин боиси номукаммалии таълими фанни мазкур мегардад. ... Read More »

Нақши бонувон дар солимии ҷомеа

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти нақши барҷастаи занон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққати хеш қарор дода, нисбат ба онҳо пайваста ғамхорй зоҳир менамоянд ва ибтикороти созандаашон дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ ҷиҳати мунтазам беҳтар гардондани вазъи зиндагӣ ва фаъолияти бонувон, ... Read More »

Мусобиқа барои Ҷоми вазир идома дорад

Бахшида  ба Рўзи Конститутсия бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Федератсияи футболи Тоҷикистон  дар мактаби байналмилалии  Президентии шаҳри Душанбе  таҳти шиори  «Варзиш барои ҷомеаи солим» мусобиқаи футболи хурд  байни муассисаҳои зерсохтори вазорат  ва муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ барои дарёфти ҷоми вазири ... Read More »

Бартарии комили муштзанҳои тоҷик

Ҳанӯз охирҳои моҳи октябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Осиёии донишгоҳҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Ассотсиатсияи байналмилалии донишгоҳҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов конфронси байналмилалии илмӣ – амалӣ – «Варзиши донишгоҳӣ: солимӣ ва шукуфоии миллат» ... Read More »

Тарбияи ҷисмонӣ – бақои ҷавонӣ

Ҷои баҳс нест, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳуриамон ба таълими фанни тарбияи ҷисмонӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда намешавад. Дар аксар таълимгоҳҳо, махсусан, дар деҳот ин фан ба омӯзгорони фанҳои гуногун ҳамчун илова ва пурракунандаи миқдори (ставкаи) дарсҳои онон дода мешавад. На ҳамаи мактабҳо дорои варзишгоҳу толори варзиш мебошанд… Чаро чунин аст? Ин ҳолат, аз нигоҳи омӯзгори мактаби рақами 22-и ... Read More »

Мусобиқаи осиёии бокс дар Тоҷикистон

Дар ДТҷТ  ба номи С. Раҳимов, дар мавзӯи «Варзиши донишгоҳӣ: солимӣ ва шукуфоии миллат» конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ барпо гардид. Иттилоъ дода шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нимаи аввали соли 2016 бо розигии роҳбарияти Федератсияи умумиҷаҳонии варзиши донишгоҳӣ мусобиқаи осиёӣ оид ба бокс байни донишҷӯёни макотиби олӣ баргузор мегардад. Ин тадбири варзишӣ ба санаи таърихии миллати тоҷик – 25-умин солгарди ... Read More »

Дарси одамият – 4:

Иродат надорӣ, саодат маҷӯй Тарбият дар макотиби имрӯз бояд ҳадафҳои рӯшану мушаххас ва ниҳоии худро дошта бошад. Имрӯз ҳамагон бо вуҷуди пешрафту дастовардҳои шогирдони муассисаҳои таълими кишвар хоҳу нохоҳ аз омилҳои нигаронкунанда, низ сухан мегӯем. Ба худ суол медиҳему ангушти ҳайрат мегазем: чаро хонандагони мактаби муосир аз мутолиа дур мондаанд, чаро танбалу коҳил ва то андозае коргурезу меҳнатқимоб шудаанд, чаро ... Read More »

Ҳамоиши узви АЖРВТ

Ҳамасола  даҳуми  август Рӯзи варзишгарон таҷлил мегардад. Дар робита ба ин сана, дар даҳумин солгарди таъсиси Ассотсиатсияи рӯзноманигорони соҳаи  варзиши Тоҷикистон  давраи бозомӯзии хабарнигорони  варзиши Тоҷикистон  аз рӯйи барномаи ҳамбастагии олимпӣ ҳамоиши аъзои ин ташкилот, ки бештар аз сӣ нафар узв дорад,  ҷаласаи навбатӣ барпо гардид. Дар ин ҳамоиш  раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода  ... Read More »

Кашф ва дастгирии истеъдодҳо

Тани зинда воло ба варзандагист, Ки варзандагӣ мояи зиндагист. Воқеан, варзиш қосиди сулҳ, маҳаки асосии тарзи ҳаёти солим ва яке аз омилҳои шуҳратёр намудани давлату миллат мебошад. Варзиш барои инсон чун обу ҳаво зарур аст,  машғул шудан ба он боиси солимии рӯҳу равон ва ҷисми инсон  мегардад. Хушбахтона, дар Тоҷикистони азизи мо ба соҳаи варзиш эътибори хоса дода мешавад  ва ... Read More »

Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст

Бо ташаббуси Шӯрои директорони  муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ Спартакиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ оид ба гӯштингирӣ, волейбол, шоҳмот, шашка, давидан ба масофаи 3 ҳазор метр барои дарёфти Ҷоми Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи касбии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 70 – солагии Ғалаба дар ҶБВ  барпо гардид. ... Read More »

Изҳороти Академияи илмҳои ҷумҳурии тоҷикистон

Дар таркиши бесобиқае, ки рўзи 16 декабри соли 2014 аз тарафи “Таҳрики толибони Покистон” дар як мактаби шаҳри Пешовари Покистон анҷом дода шуд, зиёда аз 140 нафар кўдаки маъсуму бегуноҳ ба қатл расид.  Дар баробари тамоми мардуми сулҳпарвари ҷаҳон миллати тоҷик низ дар заминаи эътирози симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин амали зиддиинсониро маҳкум кард. Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии ... Read More »

Рўҳи солим дар ҷисми солим

Таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба солимии ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати дохилии аксар кишварҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистони азизи мо ба шумор меравад. Маълум, ки шахси тавоноии ҷисмониашро бо хирад пайваста, ҳамеша соҳиби обрўву эҳтиром ва намунаи пайравист. Ин нукта дар эҷодиёти гузаштагони бузурги мо батакрор таъкид шудааст. Масалан, дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ қаҳрамонони асосӣ, паҳлавононе чун Золи Зар, ... Read More »

Сабқати коллеҷҳо

Дар доираи Нақша-чорабиниҳои  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) кишвар дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерӣ мусобиқа оид ба волейбол, гуштин ва шоҳмот миёни коллеҷҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид. Чи тавре ки сардовари мусобиқа оид ба волейбол Ҳ. Давлатов  роҷеъ ба ҳадафи чорабинии мазкур иброз дошт, ки ин мусобиқаҳо чеҳраҳои навро муаррифӣ мекунанд. Соли 2015 соли ... Read More »

Варзиш адаб ва тавоноист

Як бахши муҳими кори   таълиму тарбия  дар мактаб дарси варзиш аст. Ҳар  қадар, ки  шогирдони мо  солиму  нерӯманд бошанд, ба ҳамон  андоза  сатҳи дониш ва маҳорати  саводомӯзиашон баланд мегардад. Бесабаб  нагуфтаанд: «Тарбияи  ҷисмонӣ- бақои ҷавонӣ», Моҳияти ин ҳикматро вақт нишон медиҳад. Зеро шахси ба варзиш шуғл дошта зиндагонии пурфараҳ  ва  ободу  осуда  хоҳад дошт. Мо,  омӯзгорони  варзиш ин маъноро  дар ... Read More »

Шароити хуб – кафили муваффақият

Тоҷикистонро кишвари офтобӣ мегӯянд ва он бо табиати зебою дилрабояш на танҳо сокинони мамлакат, балки хориҷиёнро низ ба ваҷд овардааст. Воқеан ҳам, Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир ба рушди туризм дар кишварамон аҳамияти ҷиддӣ дода, баҳри ташкил додани мавзеъҳои туристӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ шароит муҳайё менамояд. Ҳамасола кишвари моро ҳазорҳо нафар сайёҳони мамолики хориҷӣ тамошо намуда, манзараҳои дилфиреби онро ... Read More »

Варзиш гарави комёбиҳост

Боиси сарфарозиҳост, ки варзишгарони бомаҳорати тоҷик кишвари офтобии моро дар арсаи ҷаҳон шиносонида, ҳар як пирӯзӣ ва ғалабаашонро ҳамчун фарзандони фарзона ба халқи азиз ва Ватани меҳрубонашон мебахшанд.  Ба саҳфаи корномаи варзишгарон  рӯ оварда, беихтиёр ному насаби  поягузорони варзишӣ миллӣ, ҳаракати Бозиҳои олимпӣ, фарзандони фарзонаи  соҳа, аз қабили устодони варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Азалшоҳ Олимов, Иброҳим Ҳасанов, Зебунисо Рустамова, Саидмуъмин Раҳимов, ... Read More »