Вокуниш

Ситоиши ваҳдат поён надорад

(Дар ҳошияи номаҳои омӯзгорон) Тайи моҳҳои охир ба идораи нашрияи «Омӯзгор» номаҳои бешуморе аз номи устодону омӯзгорон ворид  гардид, ки муҳтавои бахши  аъзами онҳоро тарғибу  ташвиқи сулҳу дӯстӣ, васфи ваҳдати миллӣ ва дар ин замина, дастоварду муваффақиятҳои мардуми тоҷик тӯли солҳои  соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи соҳаҳои  хоҷагии халқ  ташкил медиҳанд. Муаллифони навиштаҳо саъй бар он намудаанд, ки  самараи файзбахши ваҳдати миллиро, ... Read More »

Рафтори омӯзгорро маҳкум карданд

вокуниш ба мақолаи Нуъмон Раҷабзода  бо номи «Ҷанҷоли ду омӯзгор дар Деваштич», 15 июни соли 2017, №24 Шуъбаи маориф, иттифоқи касабаи кормандони соҳа ва кулли омӯзгорони таълимгоҳҳои  ноҳия Деваштич мақолаи Нуъмон Раҷабзода бо номи «Ҷанҷоли ду омӯзгор дар Деваштич-ро  дар ҷаласаи васеи директорон мавриди баррасӣ қарор доданд. Омӯзгор ҳамчун инсони ғамхору дилсӯз, мушфиқу меҳрубон, ташаббускор, ташкилотчӣ, меҳнатдӯст, як шахси бомаданияту ... Read More »

Обмӯрӣ аз боғ калон аст

Масъалаҳое, ки рӯзноманигор Насриддин Охунзода дар мақолаи «Чаро паркҳои технологӣ фаъолияти густурда надоранд?» («Омӯзгор», 18 майи соли 2017) ба миён гузоштааст, муҳимму саривақтианд. Соли 2010 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ширкаташон дар Рӯзи дониш дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ масъалаи зарурияти рӯй овардани аҳли ҷомеа ба фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техникаву технологияро ба ... Read More »

Хатлон: 45 ноболиғ суиқасд ба ҷони худ карданд!

Ҳаёт арзише нест, ки инсон ба осонӣ аз он даст кашад. Яъсу ноумедӣ, нобаробарӣ, муомилаи  дурушти атрофиён ва боз чандин омили дигар одамонро ба худкушӣ водор мекунад. Аслан як ноқисулақл ва боз он ҳам ноболиг қодир нест ба чунин амал даст занад. Зеро худкушӣ амали қаблан таҳрезишуда ва ҳадафмандона аст. Лек бо ин вуҷуд аксар таҳлилгарон ҳолатҳои даст ба худкушӣ ... Read More »

Талаботи ягона аз кори илмӣ

Дар мусоҳибаи Н. Охунзода бо сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ («Омӯзгор», №7, 17 феврали соли 2017) «Зуҳуроти асардуздӣ ва оқибатҳои ногувори он» баъзе паҳлуҳои масъалаи мазкур, аз ҷумла тарзи таҳияи рисолаи магистрӣ баррасӣ шудааст. Баробари ин, яке аз мушкилоти мавҷуда ҳадаф, мақсад, ҷобаҷогузорӣ, ороиши рисолаи магистрӣ, умуман, тамоми намуди кори илмӣ мебошад. Бояд ... Read More »

Бо терроризм мубориза бояд бурд

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат аз паёмҳои солҳои гузашта фарқ дошт. Ин Паём дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, махсусан, терроризм ва экстремизм, инчунин, шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод гардид. Воқеаҳои фоҷеабори дар Сурия ва Ироқ сокинони ... Read More »

Директор ва омӯзгори ҷавон

(Дар ҳошияи мақолаи омӯзгори мактаби №10-и шаҳри Ваҳдат Идибек Мирзораҳимов «Омӯзгори ҷавонро дастгирӣ мебояд», «Омӯзгор», №42, аз 14-уми октябри соли 2016) Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ масъул аст, ки ба ҳар як омӯзгори ҷавон дар самти барпо намудани лабораторияи эҷодии шахсӣ, истифодаи роҳу усулҳои фаъоли таълим, интихоби усул ва шеваи мувофиқ баҳри расидан ба мақсади таълим, дуруст муайян намудани ҳадафи ... Read More »

Муассиса бо бинои алоҳида таъмин мешавад

вокуниш ба мақолаи таҳлилии  Насриддин Охунзода “Марказҳо кай соҳиби  бино ва мустақилияти молиявӣ мегарданд?”, нашрияи “Омӯзгор”, аз 2 феврали соли 2017 Шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ бо арзи эҳтироми самимӣ ва итминони комил аз дастгириҳои ҳамешагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҳайати эҷодии нашрияи “Омӯзгор” ва директори Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии ... Read More »

Чопӣ ё дастнавис будани конспект не, мазмуни он муҳим

Дар шумораи гузаштаи нашрияи «Омӯзгор» (№2, 13 январи с.2017) омӯзгори шаҳри Хуҷанд Шаҳноза Темурова бо номи «Конспект: чопӣ беҳтар ё дастнавис?» андешаҳояшро пешниҳод кардаву назди мутахассисон суол гузоштааст. Мақолаи муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, номзади илмҳои педагогӣ Латофат Назирӣ посухи хубест ба масъалаи мазкур. Конспект яке аз маводи асосии таълимӣ барои омӯзгор дар ташкили дарс ба ҳисоб меравад. Бе ... Read More »

Шӯрои омӯзгорӣ ва фаъолияти бонизоми мактаб

Дар шумораи №43 аз 21.10.2016, нашрияи «Омӯзгор» мақолаеро бо номи «Коҳиш ёфтани нақши шӯрои омӯзгорӣ дар идоракунии мактаб» (муаллиф Ҷангибек Улфатшоев, узви ИЖТ, аз ВМКБ) хонда, ба хулоса омадам, ки Ҷангибек Улфатшоев аз рӯи вазифааш ба муассисаҳои таълимӣ алоқаи зич дошта, бо дилсӯзӣ аз камбудиҳои ҷойдошта барои беҳбудии соҳаи маориф андешаҳояшро баён намудааст. — Ман 47 сол собиқаи корӣ дошта, ... Read More »

Вилояти Хатлон: Шебу фарозҳои таълим

Дар вилояти Хатлон ба рушди соҳаи маориф ва беҳтару самарабахштар гардидани сатҳи таълиму тарбия тайи солҳои охир диққати ҷиддӣ зоҳир карда мешавад. Бахусус, тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар тамоми самтҳои пешбурди соҳа тағйироту дигаргунӣ ва пешравиҳои назаррас ба амал омаданд. Аз равандҳои ҷадиде, ки дар паҳлуҳои гуногуни маорифи вилоят роҳандозӣ гардиданд, аз маълумоти оморӣ ва суханрониҳои раҳбарони вилоят метавон огаҳӣ пайдо ... Read More »

Вақт ғанимат аст

Тайёрӣ ба зимистонгузаронӣ ва захираи ҳезуму ангишт дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дар кадом вазъ қарор дорад? Маълум аст, ки яке аз масъалаҳои хеле муҳим дар соҳаи маорифи кишвар ин омодагӣ ба фасли сармо ва захира намудани ҳезуму ангишт дар муассисаҳои таълимӣ ба шумор меравад. Чун солҳои гузашта имсол низ ба ин мақсад дар назди раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ Ситоди ... Read More »

Компютеркунонӣ дар мадди аввал

Вокуниш ба мусоҳибаи Шодӣ Раҷабзод бо директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Киромуддин Назаров бо номи «Мушкилоти таъсиси сомона, почтаҳои электронӣ ва омӯзгорони ғайриихтисос боқӣ мемонад», ҳафтаномаи «Омӯзгор», №35, 26 августи соли 2016 Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ дар ҷаласаи назоратии назди мудири шуъба (28.08.2016) мусоҳибаи Шодӣ Раҷабзодро ... Read More »

«Омӯзгор» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Кӯдакистонҳои хусусӣ – орзу ё сароб?! Мушовири шуъбаи маориф доир ба муассисаҳои томактабӣ Зинат Баротова иттилоъ дод, ки дар ҳудуди  ноҳияи  Абдураҳмони Ҷомӣ 6 кӯдакистон мавҷуд аст, ки 4-тои он дар марказ ва 2-тои дигар дар ҷамоатҳои деҳоти Арал ва ба номи Нурулло Шукуров ҷой гирифтаанд. Дар муассисаҳои томактабии номбурда 757 нафар тарбиятгиранда ба парваришу таълим фаро гирифта шудаанд. Хотирнишон ... Read More »

То сухан бо сухане зам шавад…

(Фишурдаи навиштаҳои омӯзгорону устодон тӯли ду моҳи охир) Салому дуруди бепоён ба хонандагони доимии ҳафтаномаи «Омӯзгор»! Мо, кормандони нашрия, ба таври ҳамешагӣ навиштаҳои шуморо мутолиа карда, аз афкору андешаҳои ҷолиб ва пешниҳодотатон, ки ба суди кор асту аҳамияти бузургеро дорост, хурсанду рӯҳбаланд гардида, мақолаю матолиби беҳтарину омӯзандаро ба чоп тавсия мекунем. Қисмати зиёди навиштаҳои устодону омӯзгорон ба масъалаи ба тарзу ... Read More »

Заминҳои мактабӣ моликияти давлатанд

Чунонки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, тайи 10-15 соли  охир ба сабаби бепарвоию фориғболии бахши аъзами сарварони таълимгоҳҳо заминҳои наздимактабӣ ҳуҷҷат карда нашудаанд ва ин омил муҷиби он гардидааст, ки дар бисёре аз шаҳру навоҳии кишвар дар ҳудуди заминҳои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии тобеи Вазорати маориф ва илми мамлакат, ки аз ҷониби афроди алоҳида, корхонаю ширкатҳои хусусӣ, ину он соҳибкор ... Read More »

Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад

(Мулоҳизаҳо дар хусуси номаҳои устодону омӯзгорон) Тайи ду моҳи охир ба идораи нашрияи «Омӯзгор» аз номи омӯзгорону устодон номаҳои зиёде ворид гардиданд, ки чун ҳарвақта дар мавзӯоти гуногун иншо шудаанд. Кормандони ҳафтаномаро он нукта хурсанду хушҳол месозад, ки моҳ ба моҳ таваҷҷуҳу рағбати омӯзгорон ба нашрия, маводу матолиби ба табъ расида дар он ва муҳтавои ибратангезу омӯзандаи навиштаҳои чӣ кормандони ... Read More »

Тадбирҳои таъҷилӣ андешида шуданд

Ҷавоб ба мақолаи танқидии «Сарбозони бесилоҳ»-и ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Омӯзгор» А.Муродӣ ва Н.Раҷабзода аз 29.04.2016, №18 Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан иттилоъ медиҳад, ки мақолаи танқидии «Сарбозони бесилоҳ», ки бо имзои ҷонишини сармуҳаррири ҳафтанома А.Муродӣ ва Н.Раҷабзода аз 18.04.2016, №18 дар ҳафтавори «Омӯзгор» ба чоп расида, дар он аз ҳолати ногувори китобхонаи муассисаи таълимии №53 изҳори нигаронӣ ... Read More »