Эҷод

Эҷодкорӣ фазилати олист

Барои он ки шогирд ҳамарӯза дар ҳолати эҷод кардан бошад, бояд  рӯзнома  дошта   бошад.   Чунки   маҳз   рӯзнома метавонад қалами ӯро бурро кунад ва ба андеша кардан водораш намояд. Рӯзнома доштан, яъне, ҳар рӯз якчанд ҷумла эҷод кардан аст. Акнун барои исботи ин андеша қайдҳои як рӯзро аз рӯзномаи шогирде дарҷ мекунем: «Ин субҳ аҷаб рӯшану дилкаш буд. Осмон софу беғубор. ... Read More »

Ёди модар

Соли гузашта дар ҳамин шабу рӯзҳо модарам дар Россия буданд. Субҳи барвақти 8-уми март аз хоб бедор шудаму аввалин коре, ки анҷом додам, табрики модар буд. Барояшон шеър, суханҳои самимӣ навишта, бо телефон равон кардам. Азбаски ҳанӯз хеле барвақт буд, ба дил гуфтам, ки сонитар занг зада табрикашон мекунам. Бо ҳамин аз паи ташвишҳои зиндагӣ овора шудаву  гузаштани рӯзро нафаҳмида ... Read More »

Гулзира

(ҳикояи воқеӣ) Гулзира бо изтироб аз хоб бедор  шуд, пайкараш мисли барг меларзид.  ҳолате ногувор дошт; тарсону ҳаросону парешон, ғарқи обу арақ. Хоби бад дида буд. Вай чашм давонда дид, ки ҳафт тан  ҷигаргӯшааш аз бистари модар болотар , аз оламу одам бехабар хобанд. Яке аз ҷойхоб берун, дигаре кӯрпа таги по кашидаву урён, сеюмӣ ду по болои ҳампаҳлуяш. Беғаму ... Read More »

Моро «Омӯзгор» ба ҳам овард

Онҳо расо ним аср пеш аз ин – соли 1966 факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айниро (он ҳангом ДДПТ ба номи Т.Г.Шевченко) хатм карда буданд. Ҳамон сол роҳхат дар даст ҳама ба манотиқи гуногуни кишвар раҳсипор гаштанду ба кори таълиму тарбия гаравиданд ва то ба имрӯз ба пешаи пурифтихори хеш содиқ мондаанд. Инак ин ... Read More »

Шарҳи ашъори Одамушшуаро

Кишвари азизамон — Тоҷикистон дар пешорӯи иди бузурги умумимиллӣ — 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии хеш қарор дорад. Ҳар фарди огоҳу бедордил мехоҳад, ки ба ин муносибат дастовези тозаеро ба армуғон орад. Солҳои охир роҷеъ ба паст будани сифати китобҳои дарсӣ аз фанни адабиёти тоҷик ва мушкилоти таълими он дар мактабҳо аз ҷониби мутахассисону адибон ва омӯзгорон фикру андешаҳои зиёде баён ... Read More »

Сияҳоб

Деҳа аз як кӯчаи дарозиаш 1,5 – 2 км иборат буда, аз тарафи рости он дарёчае ҷорист, ки онро ном ҳаст Сияҳоб ва мансуб аст ба ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ. Ин дарёча чун арӯси нозанин ба ҳусни деҳа ҳусн зам менамояд. Ин дарёчаи аз байни қумзору сангзор дар фосилаи на он қадар дур аз деҳа ҳамагӣ 5 км болотар ... Read More »

«Инсони комил ва олими фозил»

Нашриёти «Бухоро» китоби устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Давлатбек Хоҷаев «Инсони комил ва олими фозил»-ро бо теъдоди 200 нусха аз чоп баровард.  Китоби мазкур ба ҳаёт ва фаъолияти донишманди тоҷик Додоҷон Тоҷиев бахшида шуда, мақолаҳои муаллифро, ки давоми 15 соли охир таълиф гардидаанд, дар бар мегирад. Дар китоб, ҳамчунин, хотироту навиштаҳои донишмандону олимони дохилу хориҷи кишвар, аз қабили Михаил Боголюбов, Абдуқодир ... Read More »

Бархӯрд

Барои устод Абдурауф Муродӣ — Чаро вақтҳои охир чизе наменависӣ? Манзури ман эҷоди бадеист. Умуман, ҳайронам, ки ту ба чӣ корҳое машғулӣ? — Чаро? Менависам, аслан … — Мон ҳамон навиштаҳоятро. Тӯда-тӯда мақолаҳои ҳисобот-монанду тавсифномаҳо дар бораи ину он шахсиятҳо, ба қавле, «қаҳрамонони арсаи меҳнат». Бо ин лаёқату истеъдоде, ки ту дорӣ… Эҳа, чӣ қадар асарҳои ҷолибу хонданӣ ва баландғоя ... Read More »

Андак-андак… бонамак

Ҳамкори  мо, адиб ва рӯзноманигор Абдурауф Муродӣ ҳаводору тарафдори муъҷазбаёнист. Мекӯшад, ки навиштаҳояш фишурдаву мухтасар бошанд. Аз ин лиҳоз нуктаҳои ҳаҷвии ӯ, ки ҳаводорони зиёд доранду  камубеш дар бисёр нашрияҳои кишвар ва дар шакли  китоби алоҳида чоп шудаанд, далели ҷиддианд. Ин қаламкаши соҳибистеъдод гоҳ-гоҳе ба назм ҳам рӯй меоварад ва дар ин боб низ фишурдагӯиро шиор мекунад. Қитъаҳои зер аз ... Read More »

Хона меҳмон омадаст!

Дар синфхона шогирдон нишаставу ба сухани муаллим гӯш фаро додаанд. Аз беруни тирезаи синфхона аввал садои тук-тук ва баъд овози занонае баланд шунида мешавад: — Тирезаро зудтар ҳӯй кунед! Тезтар мегӯм! Мешунавед? Ҳичӣ ҷон доред? Ҳами рӯзо ягон чӣ хӯрдаед? Тезтар!.. Яке аз шогирдон тирезаро боз мекунад. Аз берун садои зан возеҳ ба гӯш мерасад: — Эй мардак! И лақ-лақа ... Read More »

Аз ёдҳо, хотираҳо

Ман аз он ифтихор дорам,  ки шогирди шахсоне будам воқеан ҳам сарсупурдаи  соҳаи маориф. Ин бузургон тамоми рӯзгори бобаракати хешро сарфи омӯзишу парвариши фарзандони миллат кардаанд.  Ба хотири бузургдошти онҳо чанд сатре иншо намудам. Мисли бародарам Дар саҳни пурвусъати фермаи колхозӣ танҳо мондам. Аввали сентябр буду бачаҳои аз ман бузургтар ҳама мактаб рафтанд. Хеле мехостам бо онҳо бошам Ба ҳамин ... Read More »

Сулҳофар

(Ҳақиқати «афсона») Баҳорон буд, осмонро абрҳои сиёҳ фаро гирифта буданд. Ҳаво тираву тор менамуд. Якбора шамоли сахт бархосту қатраҳои борон ба замин рехтан гирифтанд. Гулдурроси раъду барқ шунида мешуд. Гулноза шодону хандон аз мактаб ба хона меомад. Дар хона модару бобояш бо сари хам нишаста буданд. ӯ ба модару бобояш салом дода гуфт: «Модарҷон, бобоҷон, имрӯз ҳам баҳои аъло гирифтам». ... Read More »

Асрори қабри Чингизхон

Охирҳои моҳи сентябри соли 2000 — ум корманди осорхонаи ноҳияи  мухтори Синсян – Уйғур дар шаҳри Урумчӣ эълон кард, ки охири кор археологҳои Чин қабри Чингизхонро ёфтаанд. Мақбараи Чингизхон на он қадар дур аз сарҳади Муғулистону Чин дар кӯҳҳои Олтой воқеъ будааст, ки тавассути ин кӯҳсор урдуи Чингиз борҳо ба  Осиёи  Марказӣ  ҳамла намудааст. Мадфани ин лашкаркашро солҳои дароз нафарони ... Read More »

12 зимистону 12 баҳор

— Дилам на ба ту ва на ба мардумат намесӯзад, — ба сӯйи дари кабинеташ равон шуда хитоб кард раис, — ва як ба қафо, ба ҷониби Мирзомиддин нигоҳ афканд: — Ин мардум рӯша сиёҳ мекунад. Аз ҳама дорову бадавлатанд. Мегӯянд, ки як камбағала куштаанд, 50 ман гӯшту равған додааст. Рав, рав, хез, марш! Ва Раис ба маркази ноҳия рафту ... Read More »

12 зимистону 12 баҳор

Дар як деҳи кӯҳистон, деҳе, ки мардумаш солҳои ахири Шӯравӣ аз болотар ба ин мавзеъ кӯчондаву муҳоҷир гардида буданд, деҳе, ки номаш бас пурмаъниву бомоҳият маҳсуб меёфт, гап-гапу овозаи сохтани бинои мактаби ҷадиду замонавӣ дар миён омад. Исми деҳ Меҳтару дар пойи адирҳои баҳорон сабзгуну тирамоҳон зардфом ҷойгир шуда буд. Ин деҳ бо анвои неъматҳои гуногуну хушсифаташ не, балки бо ... Read More »

Ҳамоиши муҳташами аҳли сухан

Ҳафтаи оянда (30 июн) адибони тоҷик анҷумани навбатии худро баргузор менамоянд. Ин ҳодисаи марҳилавӣ хоҳад буд дар ҳаёту фаъолияти аҳли адаби кишвар. Мавриди таъкид аст, ки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон соли 1934 таъсис ёфтааст ва нахустраиси он адиби номвару ҷасур Абулқосим Лоҳутӣ интихоб гардидааст. Ин ниҳоди бонуфузи адабӣ аз оғоз аҳли қалами ҷумҳурии тозатаъсиси тоҷиконро гирд оварда, барои рушди истеъдод ва ... Read More »

Охирин рақси дед Миша

ӯро дар деҳа хурду калон, пиру ҷавон ҳамин тавр ном мебурданд: Дед Миша. Дед Миша иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Баъди ғалаба ду соли дигар дар барқарору ободсозии шаҳрҳои валангори Русия ҳиссагузорӣ намуд. Вақте ки ба деҳа омад, қариб ӯро нашинохта буданд. Бо забони модарӣ канда-канда ва ҳар лаҳза калимаҳои русиро ба он омехта гап мезад. ӯ солҳои зиёд чун ... Read More »

Як рӯз дар китобхона

Китобхонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур соли 1931 ташкил шуд ва дар ҳамон сол 40 ҳазор нусха китоб дошт. Ҳоло  дар китобхонаи донишгоҳи мазкур  362162  адад китобу адабиёти методӣ, маҷалла, китобҳои нодир, китобҳои хориҷӣ, матни электронии китобу лексияҳои устодон ва дигар асноди таълимӣ мавҷуд аст. -Китобҳои  бадеӣ сол то сол зиёд шуда истодааст. Ҳамасола китобхона  аз 15 то ... Read More »