Симо

Вадуд Маҳмудӣ вазири маориф буд ё не?

Мутаассифона, ман солҳои охир  бо сабаби камии нафақа ба нашрияҳои бароям муҳими «Садои Шарқ» ва «Адабиёт ва санъат», ки дар ташаккулу такомули дувумӣ ҳиссагузор ҳастам, обуна шуда  наметавонам. Ҳар гоҳ ки  имкон  шавад, аз дукони рӯзномафурӯшӣ ва ё Иттифоқи нависандагон ин маҷаллаю ҳафтаномаро дастрас  мекунам. Ба ҳамин сабаб баъзе аз шумораҳои ин ду нашрия дер-дер дастрасам мегарданд ва ё умуман ... Read More »

Дарсҳои омӯзандаи Гулнора

Гулнора Сафарова соли 2005 аз муассисаи таълимии рақами 6-и шаҳраки ба номи Лоиқ Шералӣ ба муассисаи таълими миёнаи умумии рақами 13-и деҳаи Некнот ба кор омад  ва директори муассиса шод-равон  Шаҳобиддин Шарофов ба муаллима синфи якро супорид. Гулнора таҷрибаи  хуби омӯзгорӣ дошт. Ӯ пас аз хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент (ҳоло Коллеҷи омӯзгорӣ) соли 1997 дар муассисаҳои таълимии рақамҳои  53 ... Read More »

Аз пайраҳаи омӯзгорӣ то сарварии мактаб

— Ифтихормандам, ки беш аз 25 сол  ба таълиму тарбияи  насли наврас машғулам. Аз ҳарвақта дида,  имрӯз масъулияти омӯзгор бештар  гардидааст, зеро ӯ бояд дар баробари таълим, инчунин, аз тамоми навигарию иттилооти ҳаёти ҷомеа  ва ҳаводиси байналмилалӣ огоҳ бошад ва хонандагонро аз хатарҳои замони муосир огаҳ намояд, — мегӯяд директори мактаби №16-и ноҳияи Мастчоҳ Орзугул Шарифова. Ин гуфтаҳои муаллима мақоли ... Read More »

Ғарбу Шарқам тифли як сайёра аст

(Баъзе мулоҳизаҳо аз мутолиаи мақолаи устод Тоҷдинӣ «Ҳақназар-шоире аз табори Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ») Дар ҳар давру замон инсонҳое  ҳастанд, ки биниши  бунёдиашон лоиқ ба таваҷҷуҳи хоса  буда, афкорашон  дорои арзишҳои адабию ахлоқӣ ва ҷаҳоншиносии ба худ хос мебошад. Устод Муҳаммадризо Тоҷдинӣ ҳам аз зумраи чунин шахсон буда, дар шеър, нависандагӣ ва тадқиқ мулоҳизоти  арзишманде доранд. Дар тадқиқ бинишашон фарох буда, ... Read More »

Рӯзгоре дошт бо омоли нек

Ин ҳодиса шонздаҳ сол қабл аз ин рух дода буд. Он рӯз дар идораи  ҳафтаномаи «Омӯзгор» ману Темур Атахонов   танҳо  монда будем. Чанде хомӯш мақола  таҳрир кардем. Устод  Атахонов яке «уф-ф» гуфтанду садо баланд карданд. Аз хонаи  куҳнаро таъмир кардан хонаи нав сохтан осонтар. Таҳрири баъзе  мақолаҳо ҳамин ҳикматро ба хотир меорад. Маълум, ки қаҳрамони мақола одами  хуб, китобдӯст, вале ... Read More »

Маро дар зиндагӣ ибрат падар буд

Падар ва модар доштан хушбахтии ҳар як инсон аст. Волидайн фарзандони худ-ро новобаста ба синну солашон «бачаҷон» меноманд. Барои  волидайн фарзанд ҳама вақт хурд аст. Доимо ӯро навозиш мекунанду ғами онҳоро мехӯранд. Хушбахтам, ки қиблагоҳи ман — Абулхайр Қосимов — ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро ҳама мешинохтанд. То ҳафтодсолагиам, падару модар ба сарам соябон буданд. Ба ман ёру дӯстон, рафиқон доимо таъкид ... Read More »

Илм зинат ва дороии инсон аст

Илм   чандон, ки   бештар хонӣ, Чун   амал   дар   ту   нест, нодонӣ. Илм   зинат ва дороии инсон аст. Илм инсонро ба қуллаҳои  баланд  мерасонад.  Шахсе,  ки   аз  илм  баҳра набардоштааст,  худро  танҳо  ҳис  менамояд. Бузургони адабиёти гузаштаи мо, Абӯабдулло  Рӯдакӣ,  Абӯалӣ  ибни Сино,  Абулқосим  Фирдавсӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдулқодири Бедил, Шайх  Муслиҳиддин  Саъдии  Шерозӣ,  Абдураҳмони  Ҷомӣ  ва   дигарон пайваста дар ҷустуҷӯ ва ... Read More »

Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан

Мирзо Муллоаҳмад аз соли 1969 то имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Дар ин муддат ӯ дар вазифаҳои лаборанти калон, ходими хурд ва калони илмӣ, мудири бахш, мудири шуъба ва муовини директори институт оид ба корҳои илмӣ, сипас сардори шуъбаи созмондиҳии илми раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини  саркотиби илмии академия кор кардааст. Ӯ доктори илмҳои филологӣ, ... Read More »

Меҳрангез омӯзгор мешавад

Деҳаи Қашқараҳаи ноҳияи Ёвон чандон хурд  набошад  ҳам, то ҳол  аз ин ҷо пас аз хатми мактаб ҳеҷ  бонуе  дар мактаби олӣ идомаи таҳсил  накардааст. Сабаби инро ба таври гуногун тавзеҳ медиҳанд, вале  сабаби асосӣ сатҳи пасти  маърифати волидон,  монеъ гаштани онҳо ба таҳсили духтарон ва таъсири фаҳмишҳои  хурофотӣ мебошад. Хушбахтона, солҳои охир, пеш аз ҳама, зери таъсири Қонуни ҷумҳурии ... Read More »

Ёд бод он рӯзгорон

Онҳо ним аср пеш аз ин-соли 1967 факултаи географияи ДДОТ ба номи С.Айниро  хатм карда буданд. Ҳама (наздик ба 50 нафар) бо дасту дили гарм,  бо меҳру муҳаббат ба таълиму тарбияи  насли наврас  пардохтанд, аз мушкилиҳои пеша наҳаросида, тадриҷан таҷриба андухтанд, ба камолоти омӯзгорӣ расиданд. Имрӯз   ҳамагон дорои собиқаи беш аз чилсолаи омӯзгорианд ва аксар давлатӣ пирӣ доранду танҳо 5-6 ... Read More »

Фотеҳи қуллаҳои илм

Абдуфаттоҳ Шарифзода зодаву парвардаи деҳаи Сангистони ноҳияи Айнист. Мо бо оилаи онҳо ҳамсоя будем. Ман ҳар гоҳ аз ҷӯйборе, ки саргаҳаш рӯ ба рӯи хонаи онҳо буд, барои об овардан мерафтам, медидам, ки таги дарахти олучаи рӯи ҳавлиашон Абдуфаттоҳ нишаста ё китоб мехонд, ё чизе менавишт. Ҳамдеҳагон нақл мекарданд, ки ӯро ҳар субҳи барвақт сари теппаи баланди назди деҳа машғули ... Read More »

Даъват ба накукорӣ

Солҳои зиёдест, ки устоди хушсалиқа Мирзо Ҳасанзода ҳамбаста бо омӯзгорӣ ба эҷоди мақолаву шеъру ҳикоят  машғул  аст. Ӯ дар ин ҷода ба комёбиҳо мушарраф гашта. Ғолибан, барои кӯдакону наврасон шеър менависад. Ду китоби   шеърҳои бачагонааш бо номҳои  «Офтобак»  ва  «Баҳораки Мастчоҳ» солҳои 2009 ва 2014  ба нашр расидаву аз ҷониби хонандагон хуш  пазируфта  шуда буданд. М.Ҳасанзода  китоби сеюми  худро, ки ... Read More »

Рӯзгори ибратомӯзи омӯзгор

Гулбону Ҳоҷиева  ҳанӯз аз давраҳои мактабхонӣ  касби омӯзгориро интихоб намуда буд. Мисли баъзе аз ҳамсинфонаш ҳар сол  касби интихобкардаашро тағйир намедод, азмаш қатъӣ буд ва медонист, ки «Бе азми дурусту саъйи комил, Касро нашавад мурод ҳосил». Чун мактаби миёнаро хатм кард, падараш ба таҳсил монеъ нашуд. Баръакс, мадад  намуд, то омӯзгор шаваду дар тарбияи насли наврас саҳм бигирад. Ҳамин тавр, ... Read More »

Андарз неруи инсонсоз аст

Омӯзгори собиқадор Муҳаммадмурод Шарифов панду андарзҳои зиёдеро ҷамъоварӣ намудааст. (Ӯ солҳои тӯлонӣ аз фанни забони русӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6, деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент ба шогирдон дарси садоқату ватандӯстӣ додааст). Китобе, ки ӯ тартиб додааст, «Ганҷи маъонӣ» ном дошта, аз тарафи муассисаи наш-риявии «Маориф»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 чоп шудааст. Дар пешгуфтори китоб омадааст. ... Read More »

Зи ӯ илму амал ҳамбаста гашта

Шабаш дар тоату рӯзаш ба тадрис, Бувад илму амал бар хеш таҷнис. Бадрии Кашмирӣ Дар қатори олимону донишмандоне, ки “шабаш дар тоату рӯзаш ба тадрис” буда, илму амалро бар хеш таҷнис намудаанд, доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи забони тоҷикии факултаи филологияи тоҷикии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, дорандаи ҷоизаҳои байналмилалии “Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд”, “Анҷумани Рӯдакӣ” ... Read More »

Майдон аз далер аст

Исматулло Азимовро, ки дар литсейи рақами 2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ба сифати омӯзгори математика кор мекунад, дар шумори беҳтарин омӯзгорони риёзидони пойтахт номбар мекунанд. Ӯ дар таълиму тарбияи шогирдон ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст ва яке аз ҷонибдорону татбиқгарони усулҳои фаъоли таълим буда, ният дорад, ки дар истифодаи низоми таълими салоҳиятнок дар зинаҳои  болоии таҳсилот пешсаф бошад. И.Азимов ... Read More »

Гавҳаршинос

Омӯзиши илм ва ба қуллаҳои баланди он расиданро Ҷумъахон Алимӣ аз хурдсолӣ орзу мекард. Кӯшишу талошҳои пайвастаи ӯ самар оварду соли 1993 рисолаи номзадӣ ва соли 1996 рисолаи докториашро аз рӯи ихтисоси «забоншиносӣ» дифоъ намуд. То имрӯз асару мақолаҳои зиёде таълиф кард. Ӯ муаллифи беш аз 100 рисолаи илмӣ, дастурҳои илмӣ-методӣ марбут ба масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ ... Read More »

Ним асри фаъолияти пурбор

Омӯзгорӣ касби пуршараф ва дар айни замон пурмасъулият аст. Теъдоди зиёди омӯзгорони мо, воқеан ҳам,    дилбохтаву фидокори касби хеш мебошанду дар таълиму тарбия ва ба камол расондани  насли наврас   саҳми босазо мегузоранд. Яке аз ин гуна  омӯзгороне, ки тамоми ҳастии хешро ба таълиму тарбия бахшидааст, Азизмурод Истамов мебошад. Ӯро дар мактаб ҳама эҳтиром мекунанд ва аз ӯ пайваста маслиҳатҳо мегиранд. ... Read More »