Хабарҳо

Роҳнамои имрӯзу фардо

Дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бо иштироки беш аз 700 омӯзгори шаҳру навоҳии вилояти Суғд, хатмкардагони курсҳои бозомӯзии филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва сардорони раёсату мудирони шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо таҳти унвони “Паём — роҳнамои имрӯзу фардо” чорабинӣ баргузор гардид. Сардори раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода фаъолияти соҳаи маорифи вилоятро  дар партави  нуктаҳои ... Read More »

Роҳнамои имрӯзу фардо

Дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бо иштироки беш аз 700 омӯзгори шаҳру навоҳии вилояти Суғд, хатмкардагони курсҳои бозомӯзии филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва сардорони раёсату мудирони шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо таҳти унвони “Паём — роҳнамои имрӯзу фардо” чорабинӣ баргузор гардид. Сардори раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода фаъолияти соҳаи маорифи вилоятро  дар партави  нуктаҳои ... Read More »

Фаъолияти густурдаи донишгоҳ

Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ нахуст сухан аз боби 60 – солагии ин даргоҳ рафт, ки охири соли гузашта ботантана таҷлил гардид. Муовини аввали ректор Сафаралӣ Гадоев қайд намуд, ки тӯли ин солҳо донишгоҳ тавонист худро ҳамчун манбаи ягонаи кадрҳои техникӣ дар ҷумҳурӣ нишон диҳад. Гуфта шуд, ки имрӯз сохтори донишгоҳ муттасил устувор шуда, ... Read More »

500 компютери пайваст ба Интернет

Фаъолияти таълимгоҳҳои муосирро бидуни истифодаи пурсамар ва ҳадафмандона аз технологияву коммуникатсия тасаввур кардан имконнопазир аст. Аз ин ҷост, ки кулли таълимгоҳҳои муваффақ пайваста заминаи моддии техникии худро мукаммал месозанд ва ба корбасти технологияҳои навин дар ҷараёни таълиму тарбия эътибори ҳамешагӣ зоҳир менамоянд. Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи  давлатии тиҷо-рати Тоҷикистон бо таъкиди ҳамин нуктаи муҳим аз  ҷониби  ректори он, профессор Мумин ... Read More »

Беҳдошти оби тоза

Дар маҷлисгоҳи Коллеҷи муҳан-дисию омӯзгории шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» конференсияи илмӣ — амалӣ бо иштироки директори Маркази таълимӣ — методӣ ва мониторинги сифати таълим Темур Табаров ва Малоҳат Партоева мутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон, директорону ҷонишинони литсейҳои касбӣ — техникии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ, инчунин, донишҷӯёни муассисаи ... Read More »

Суҳбатҳои рангину пурмуҳтаво

Дар таътили зимистона ҳайати устодони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев бо волидону хатмкунандагони муассисаҳои таълимии вилоят вохӯрию суҳбатҳо доир карда истодаанд. Ректори донишгоҳ,  профессор Шермаҳмад Ҷонмаҳмадов қайд кард, ки ҳайати тарғиботии донишгоҳ ба хатмкунандагону волидон оид ба ихтисосҳои асосии донишгоҳ, талабот нисбат ба довталабон, усулҳои санҷиш дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шароити таълим ва дигар ... Read More »

Шарҳу тавзеҳи Паём дар Бадахшон

Рӯзҳои 12-13 январи соли ҷорӣ директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои кишвар, доктори илмҳои филологӣ Сахидод Раҳматуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ, доктори илмҳои иқтисодӣ Шермаҳмад Ҷонмаҳмадов бо сокинони деҳаҳои Вознавд, Дерзуд, Вомар, Вамд, Баррӯшон, Деҳрӯшон оид ба нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қабул шудани ... Read More »

Ҳамкориҳо самар меоранд

- Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ягона донишгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки мутахассисони рақобатпазирро дар риштаи технологияи саноати сабук ва хӯрокворӣ тайёр менамояд ва яке аз аввалинҳо шуда, дар ҷараёни таҳсил низоми кредитиро ба роҳ мондааст, — гуфт зимни нишаcти матбуотӣ ректори ДТТ И. Амонзода. Бино ба гуфти сарвари муассиса,  дар сохтори донишгоҳ нуҳ факулта, 22 кафедра, ду  марказ, инчунин, Донишкадаи ... Read More »

Таваҷҷуҳ ба ҷавонон меафзояд

Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода  Рустам Аҳтам дар нишасти матбуотии хабарнигорони  дохиливу хориҷӣ аз фаъолияти солонаи кумита ҳисобот дод. Иброз дошт, ки асоси татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2016 – 2018 ташкил медиҳад. Бо ин мақсад  367 лоиҳа бо фарогирии 257 ҳазор наврасу ҷавон амалӣ гардонда шуданд. Ба ... Read More »

Бо азму талошҳои ҷавонӣ

Чанде пеш бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб якҷо бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» аксия вобаста ба Соли ҷавонон ва ҳамзамон, «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»» баргузор гардид. Дар аксия аз тарафи аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» варақаҳои армуғонӣ бо нишони ҳизб, инчунин маводҳои таблиғотӣ бо навиштаҷоти ... Read More »

Раҳнамои аҳли ҷомеа

Дар ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади шарҳу эзоҳ додани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бо ширкати васеи устодону донишҷӯёни донишкада мулоқоти судманд баргузор гардид. Дар чорабинӣ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони ... Read More »

Омилҳои хатарзоро пешгирӣ мебояд

Афзоиши дастаҳои муташаккили ҷиноӣ, паҳншавии ВНМО/БПНМ ва дигар бемориҳои муҳлиқ, махсусан маблағгузории гурӯҳҳои террористӣ аз зумраи оқибатҳои ғамангез ва рӯзафзуни паҳншавии маводи мухаддир ба шумор мераванд, ки тавассути онҳо неруи солими ҷомеа тадриҷан рӯ ба харобӣ овардааст. Мухаддирот имрӯз ба яке аз қувваҳои асосии рушди терроризм табдил ёфтааст. Агар нафт хун дар рагҳои ҷанг дониста шавад, пас бе ёрии мухаддирот ... Read More »

Усулҳои шавқовари омӯзиши забони англисӣ

Ҳангоми омӯзиши забони англисӣ дар машғулиятҳои таълимӣ ба корҳои беруназсинфӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Ба ин васила малакаҳои умумитаълимиро дар хонандагон ташаккул дода, майлу хоҳиши доимии такмил додани сатҳи забондонии онҳоро тарбия намуда, дар дарсҳо роҳу усулҳои гуногуни корҳои мустақилона ба роҳ монда мешаванд. Барои ин ба мисолҳо, суратҳои ранга ва нақшаҳо бояд бештар такя кард. Маводи дидактикӣ ва сабти ... Read More »

Дастовардҳо назаррасанд

Tajik_National_University_(Main_Building)

Зимни нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ректори донишгоҳ Маҳмадюсуф Имомзода аз фаъолияти муассиса дар давоми соли 2016 ба рӯзноманигорон маълумот дод. Аз ҷумла, мавсуф қайд намуд, ки ДМТ дар роҳи ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот пурра ба низоми кредитӣ гузашт. Аз ҷониби раёсати донишгоҳ 98 адад нақшаи таълимии дараҷаи бакалавр ва 33 адад нақшаи таълимии  зинаи магистратура тибқи ... Read More »

Тарғибгари ҳаёти солим

Дар мактаби рақами 92-и ноҳияи Сино бо ташаббуси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе маросими мукофотонидани тими “Футбол — 83”-и маҳаллаи 83-и пойтахт бо иштироки омӯзгорону хонандагони мактаб ва дигар меҳмонон баргузор гашт. Дар расми ифтитоҳи он муовини директори муассиса Мирзо Абдураҳимов гуфт: - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон соли 2017-ро ... Read More »

Дастури фаъолияти мо

Соли 2017 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   Соли ҷавонон эълон гардид. Дар ҳақиқат, ҷавонон  қувваи пешбарандаи ҷомеа маҳсуб мешаванд. Дар доираи амалӣ гардидани ин иқдом ва тадбирҳои некбинона ва ғамхоронае, ки аз тарафи Роҳбари давлат нисбат ба ҷавонон андешида мешавад, дар мадди аввал саҳми омӯзгорон бузург аст. Мо, омӯзгорон, дар ... Read More »

Ташаббуси соҳибкор: сохтмони 10 синфхона ва 1 толори варзишӣ

Назар Қосимов соли 1942 дар замони мудҳиши ҷанг дар деҳаи Шаҳбачаи ноҳияи  Муъминобод дар оилаи Қосим, ки аз мардони шарафманди деҳа ба шумор мерафт, ба дунё омадааст. Баъд аз фавти бармаҳали падар хонаводаашонро  ба ноҳияи Восеъ муҳоҷир намуданд. Мактаби миёнаро  соли 1960 дар деҳаи Заркорон ба итмом расонда, ба техникуми кооперативии шаҳри Хуҷанд дохил гардид. Баъди адои хизмат дар сафи ... Read More »

Баррасии масоили глобалӣ оид ба захираҳои об

Бо мақсади амалигардонии иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо ҳамоҳангӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми декабри соли 2016 дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»-ро баргузор ... Read More »