Таҳлил

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҷойи аввал

IMG_9692 (1)

21-22-юми апрели соли равон ба ифтихори 20-солагии Ваҳдати миллӣ, Соли ҷавонон ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ даври хотимавии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои  таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид. Дар он аз 39 муассисаҳои  таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ  донишҷӯёни 32 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи 11 фанни ... Read More »

Ваҳдати миллӣ – наҷоти миллат

6165512

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда, дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ  гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободиву шукуфоии  давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад. Аз таърихи инсоният мо медонем, ки дар марҳалаҳои гуногуни зиндагӣ бинобар омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ унсурҳои таъминкунандаи ... Read More »

Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун

Соли ҷорӣ барои миллати сулҳдӯсту пуртаҳаммули тоҷик соли таърихӣ аст. Аҳли диёр 20-солагии ба имзо расидаи Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро қайд мекунанд. Мо, омӯзгорон, аз ин боб, хушбахтона, дар сафи пеши ахли ҷомеаи Тоҷикистон қарор дорем. Ҳар рӯзи мо бо зикри калимаҳои пурмазмуни Сулҳ, Ваҳдат, Модар ва Ватан оғоз мегардад. Дар ин калимаҳои дилнишин бахту саодати мардум мунъакис ... Read More »

Ба қадри неруи ҷавонӣ бояд расид!

Ҳар боре, ки аз амали террористие дар як гӯшаи дунё огоҳ мешавем, моро эҳсоси афсӯсу тараҳҳум  фаро мегирад ва наметавонем бетараф бошем! Чаро бадхоҳон инсонҳои бегуноҳ фазои орому осоиштаро бо хунрезию куштори ваҳшиёна ба ғамхона табдил медиҳанд? Ифротие худро дар ҷойи серодам таркондааст. Даҳҳо нафар куштаву маҷрӯҳу оғӯштаи хун, садои гиряҳои ҷонгудоз… Ба хотири чӣ? Дар зери мафҳумҳои «террорист”, “узви ... Read More »

Ифротгароии динӣ ва сарнавишти миллатҳо

Экстремизм аз забони лотинии «extremus» гирифта шуда, маъноҳои охирин ҳад, ҳадди ниҳоӣ, назари ниҳоӣ ва ифротӣ доштанро ифода мекунад. Дар адабиёти сиёсию динӣ асосан ба маъниҳои дар сиёсат ба назар ва фаъолияти ифротӣ мутамоил будан, дар назар ва  ақидаи сиёсӣ ба зиёдаравӣ роҳ додан пайравӣ ба назария ва чорабиниҳои ифротӣ, ифротталабӣ ва ниҳоятан, саъю талоши ҳалли мушкилот тавассути усулҳои тунду ... Read More »

Риояи имло – ҳусни матн

Дар синфҳои ибтидоӣ бояд вазифаҳои имлошиносӣ, аз қабили китобӣ, имлоӣ ва услубӣ мавриди омӯзиши пурра қарор гиранд. Дар дафтарҳои синфӣ, машқи хат, инкишофи нутқи мураттаб, вазифаҳои хонагӣ ва луғатшиносӣ, қоида ва аломатҳои имло ба шогирдон фаҳмонида шаванд. Санҷишҳои иттиҳоди методӣ оид ба ҳолати дафтардорӣ нишон медиҳад, ки тарзи ҳарфнависӣ аз рӯи меъёри забон набуда, бештари хатоиҳои китобӣ дар маънои калимаҳо ... Read More »

Фаъолият мусоидатгар ба саломатист

Дарсҳои санъат ва меҳнат дар синфҳои ибтидоӣ зинаи аввали тарбияи меҳнатии хонандагон маҳсуб меёбад. Фаъолияти меҳнатӣ захираҳои физиологии организмро бой гардонида, дар ташаккули скелету мушакҳо, кори системаи дилу рагҳо, нафаскашӣ, узвҳои лозима, системаи марказии асаб нақши ниҳоят калонеро мебозад. Ҳангоми кор ба мушакҳо дохилшавии моддаҳои ғизоӣ ва гази оксиген зиёд мешавад. Аз ин рӯ, ҳангоми меҳнат талабот ба гази оксиген ... Read More »

Таълифу таҳияи адабиёти таълимӣ — омили пешрафт

Касбинтихобкунӣ аз масъалаҳои басо муҳим барои ҷавонон  маҳсуб меёбад. Ҳоло дар 66 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳуриамон ба шогирдон аз рӯйи бештар аз 150 ихтисос касбу ҳунар омӯзонда мешавад. Қоидаҳои илман асосноки касбинтихобкунӣ дар заминаи таҳқиқоти навтарини илм бо истифодаи комёбиҳои пешрафти илму техника, имкониятҳои бузург ва афзалияти касбинтихобкунии ҷавонон ба вуҷуд  овардани тарзу усулҳои идоракунии ин ҷодаро пешбинӣ менамояд. ... Read More »

Шарм мардонро виқор асту занонро зевар аст

Абдулқодири  Бедил яке аз ситораҳои тобноки осмони адаб  мебошад, ки дар рушду такомули назми оламгири тоҷику форс саҳми боризе гузоштааст. Инсон дар эҷодиёти Бедил мақоми хоса дорад. Метавон гуфт, ки тамоми хислатҳои неку бади инсонӣ дар ашъору осори Бедил ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Бедил чун дигар равшанфикрон хислатҳои некро сутуда, хислатҳои ношоистаро мазаммат намудааст. Дар масъалаи он ки инсон ... Read More »

Нақши синфхонаи фаннӣ дар дарс

Зиёда аз 50 сол мешавад, ки бо омӯзгорӣ зиндагии хешро пеш мебарам. Вақте дар мактаби №41 кор мекардам, таклиф намудам, ки ин даргоҳи  маърифат ба номи шоири халқ Карим Девона гузошта шавад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Чанд сол аз байн гузашту дар маркази совхози ҳамонвақта муассисаи нави замонавӣ сохтаю ба истифода дода шуд. Дар мактаб кабинети забон ва адабиёти ... Read More »

«Таҳсилоти Россия. Душанбе-2017» хотирмон буд

8W3A7901

Аз 13-ум то 15-уми апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сафорати Федератсияи Россия ва Маркази илм ва фарҳанги Россия дар шаҳри Душанбе («Россодрудничество») дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур 6-умин намоиш-ярмаркаи байналмилалии «Таҳсилоти Россия. Душанбе-2017» баргузор гардид. Пеш аз ифтитоҳи ярмарка имзои як қатор шартномаҳои ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ... Read More »

Ҷавонон ниёзманди панди пиронанд

Ҷои ифтихормандист, ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ҳар сол моломол аз ҳодисаҳои  мондагори таърихӣ ва ҷашнвораҳои шукӯҳманди миллист. Соли гузашта 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатамонро бо тантана таҷлил намудем ва бори дигар ҳисси баланди ифтихори миллӣ, масъулияти баланди ватандорӣ доштанамонро собит кардем. Бисёр муҳим ва муассиру ҳикматбор буд, ки ин ҷашни фархундаи миллат ҳисси ватандӯстию ватанпарварии аҳли кишварро боз ҳам таҳким бахшид, рӯҳияи ... Read More »

Кадрҳои меъморӣ ҳам заруранд

Пурқувват будани базаи моддиву техникӣ, дониши мукаммал доштани устодон ҳанӯз маънии мутахассиси хуб шудани донишҷӯро надорад. Донишҷӯ ҳамон вақт дониши худро тақвият бахшида метавонад, ки онро дар амалия санҷида тавонад. Хуб аст, ки чанд соли охир бо иқдоми Вазорати маориф ва илми кишвар дар ҳар донишгоҳ паркҳои технологӣ амал намудаву маҳсули дастранҷи ҳам устодон ва ҳам шогирдон он ҷо ба ... Read More »

Давлати ман  реги заррини Зарафшон бас бувад!

Суҳбати мухбири  ҳафтаномаи «Омӯзгор» Абдурауф Муродӣ бо мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ Муллоғиёс Шарифзода -Муаллими муҳтарам, қабл аз ба дафтари кори шумо ворид шудан ман овезаву лавҳҳои долони бинои шуъбаи маорифро аз назар гузаронидам. (Воқеан, нигоштаҳо хеле пурмазмуну хуштарҳанд). Ва дар долон шоҳиди он шудам, ки гурӯҳе аз омӯзгорон перомуни низоми таълими салоҳиятнок гарм гуфтугӯ доштанд. Мехос-там, ки оғози суҳбати ... Read More »

Барнома раҳнамост

(мулоҳиза дар атрофи Барномаи таълимӣ аз фанни забони тоҷикӣ) Барномаи таълимӣ аз фанни забони тоҷикӣ (барои донишҷӯёни ғайриихтисосии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ), ки дар таҳияи профессор Д. Хоҷаев, С. Анварӣ ва М. Саломов рӯйи кор омадааст, раҳнамоест барои омӯзгорони забони тоҷикии  муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ. Зарурати ин барнома дар он аст, ки таълими забони давлатӣ бояд аз рӯи як ... Read More »

«Суруд» — ҳои подарҳаво ё худ «шеър» — ҳои кӯчагӣ

«Овозхон» ё «сароянда» «Овозхон» калимаи мураккаб буда, аз ду реша «овоз» ва «хон» сохта шудааст. Маънои калимаи «овоз» — «ово» ё худ «садо» аст. Решаи дуюм «хон» ба маъниҳои «мутолиа кардан», «сароидан», «даъват кардан» (масалан, ба назди худ хондан – даъват кардан), «дастархон» ( хон — суфра), «амир, ҳоким» истифода мешавад. Дар калимаи «овозхон» бошад, «хон» ба маънои «сароидан» меояд. ... Read More »

Мустақилият — асоси дониш

Бо мақсади инкишофи фикрии хонандагон, васеъ гардонидани ҷаҳонбинии илмии онҳо, хусусан, барои  санҷиши  дониши хонандагон ва ташкили омӯзиши мавзӯъҳо истифодаи масъалаҳои физикие, ки худи хонандагон тартиб медиҳанд, аҳамияти махсус дорад. Тартиб додани масъалаҳо яке аз намудҳои кори мустақилонаи хонандагон буда, омили муҳими баланд бардоштани самаранокии таълими физика мебошад, ки талаби замони муосир мебошад. Ин тарзи кори муаллим истеъдоди баланд талаб ... Read More »

Номҳои таърихии тоҷикон

Ва чунонки дар мақолаи пешинамон гуфта будем, дар сохтани ному насаби сетаркиба ба ҳич ваҷҳ зода  набояд, ки номи хонадонӣ бисозад, ки  хилофи мантиқ аст. Номҳои асотирӣ, митӣ, ҳамосавӣ, таърихиро мардумони ҷаҳон бо вуҷуди он ки  якмазҳабу якдинанд, ба забонҳои худ мувофиқ гардон-даанд. Елизабета дар забони лахӣ Алжибет аст, Вилям (британӣ) / Билл (амрикоӣ), Стефан  (олмонӣ) /Стивен (англисӣ) / Степан ... Read More »