Хабархо аз минтака

«Маркази нур» дар Роштқалъа

Дар ноҳияи Роштқалъа бахши муассисаи хизматрасонии иҷтимоии «Маркази нур» барои атфоли имконияташон маҳдуд ба фаъолият оғоз намуд. Дар марказ хизматрасонии мутахассисони равоншинос, физиотерапевт, омӯзгорону мураббияҳо ба роҳ монда шуда, тибқи барномаи махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кӯдакони имконияташон маҳдуд машғулиятҳои таълимиву тарбиявӣ гузаронида мешаванд. Ба иттилои директори муассисаи давлатии «Маркази нур» Камол Шанбезода,  дар ин ноҳия зиёда ... Read More »

Мактаб асолаташро нигоҳ медорад

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8, ба номи Иброҳим Азизхоҷаев аз мактабҳои овозадори шаҳраки Навободи  ноҳияи Рашт ба ҳисоб мерафт. Мактаби мазкур бо шогирдони шоиста ва омӯзгорони фидоияш дар миқёси минтақа  мавқеи хос дошт. Дар суҳбат директори мактаб Фаррух Наҷмиддинов вазъи таълиму тарбия, таъминоти кадрӣ ва омодагӣ ба фасли зимистон ва паҳлуҳои дигарифаъолияти коллективи  омӯзгоронро чунин шарҳ дод: -Имрӯз дар ... Read More »

Шаш бонуи ҳунарвар

Ба ифтихори Соли оила дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент мунтазам маҳфилу озмун ва ҳамоишҳои гуногун баргузор карда мешаванд. Озмуни «Шаҳбонуи донишкада», ки ҳафтаи гузашта баргузор гашт, низ ба ҳамин муносибат созмон дода шуда буд. Дар ин озмуни ҷолибу рангину дилрабо шаш бонуи зебопайкару чирадаст ва хуштакаллум аз факултаҳои гуногуни донишкада барои пирӯзӣ ҳунарнамоиву саҳнаороӣ карданд. Озмун вобаста ба ... Read More »

Зимистонгузаронӣ: мушкилотро бартараф бояд кард

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки зимистони имсола хунук меояд. Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб омодагӣ ба фасли зимистонро барвақттар оғоз карданд. Ҷиҳати натиҷагирӣ аз   ноҳияҳои калонтарини минтақа Фархору Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дидан кардем. Мувофиқи маълумоти мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор Ғ.Сафарзода муассисаҳои таълимии ноҳия, ки  78 ададро ташкил медиҳанд, барои гузаронидани зимистони имсола омодагии ... Read More »

Бинои нави шуъбаи маорифи Ҳисор

Дар доираи  ҷашни 3000-солагии Ҳисори шодмон як қатор иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.  Аз ҷумла, 26 октябр бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Ҳисор, ки ба тарзи нави замонавӣ сохта шудааст, барои истифода супорида шуд. Дар расми ифтитоҳи он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Марҳабо Ҷабборӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ва раиси ноҳияи Ҳисор Усмоналӣ Раҳмонзода ширкат варзиданд. ... Read More »

Маркази нав дар Тоҷикобод

Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод Маркази рушди зеҳнӣ ва дастгирии истеъдодҳо  таъсис дода шуд. Ҳадафи он дарёфти наврасону ҷавонони лаёқатманд ва боистеъдод мебошад. Сардор-тренер-тютери марказ Қосим Сайидаминов аввалин вохӯриҳояшро дар доираи нақшаи корӣ бо хонандагони синфи ёздаҳи литсейи хонандагони болаёқат, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1, коллеҷҳои омӯзгорию ... Read More »

Навобод ба мактаби нав эҳтиёҷ дорад

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Восеъро ҳазорон нафар хонандагон хатм кардаанд. Имрӯз муассисаи мазкур дар ҳолати ногувор, яъне ҳолати садамавӣ қарор дошта, хонандагон дар синфхонаҳои фарсудаву вайрона таълим мегиранд. Мактаб дар қисми поёни деҳаи Навобод соли 1960 бо хишти лойӣ (хом)  барои 260 нафар хонанда сохта шуда, 55 сол боз дар истифода қарор дорад. Дар ҳавлии мактаб боғи калон ... Read More »

Донишҷӯ? Беинтизом ё бесавод

Омӯзгор дар давоми фаъолияти худ ба як қатор мушкилиҳо дучор меояд. Яке аз ин мушкилиҳо беинтизомии донишҷӯён дар рафти дарс аст. Чунин амал  ба муаллим ва дигар донишҷӯёне, ки мехоҳанд дониш андӯзанд, халал мерасонад ва ба рафтору тарбияи донишҷӯёни дигар низ бетаъсир  намемонад. Банда ҳамчун омӯзгор дер боз дар омӯзиши сабабҳо ва омилҳои сар задани чунин рафтори донишҷӯён дар дарс ... Read More »

Кӣ чӣ тавр тайёрӣ дидааст?

Ба гуфти коршиносони соҳаи обу ҳавошиносӣ имкони хунук ва сербориш омадани зимистони солҳои 2015-2016 аз эҳтимол дур нест, чунки тобистони имсола нисбатан гармтар омад.  Дар робита ба омодагиҳо ба зимистони дар пешистода бо чанде аз мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ ҳамсуҳбат шудем. Файзулло Наҷмиддинов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод:—Барои зимистонгузаронии муассисаҳои таълимии ноҳия бояд тибқи нақша 925 ... Read More »

Дабистони нав дар Чорсада

28 август Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қоҳир Расулзода дар ҷамоати деҳоти Лолазор ноҳияи Данғара  дар расми ба истифода супоридани муассисаи таълимии №72-и деҳаи Чорсада иштирок кард.  Зимни суханронӣ мавсуф аҳли маориф, падару модарон ва толибилмони ноҳияро бо ин рӯйдоди фараҳбахш ва фарорасии соли нави таҳсил табрик гуфта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани мактаби мазкурро аз дастгириҳои пайваста ва сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии ... Read More »

Истироҳат неру мебахшад

Дар минтақаи Кӯлоб ба истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон ҳамасола диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дар фароғатгоҳҳо бештар кӯдакони ятиму бепарастор аз оилаҳои камбизоат  ва хонандагони болаёқат ҷалб гардидаанд. Директори лагери фароғатӣ – таълимии «Офтобак»-и назди муассисаи таълимии №11-и ноҳияи Восеъ Б. Аҳмадова дар суҳбат ба мо иброз дошт, ки дар истироҳатгоҳ 85 нафар хонанда аз синфҳои тайёрӣ то синфи 7 фаро ... Read More »

Ба мактаби садамавӣ кӣ кумак мерасонад?

Бинои муассисаи таҳсилоти умумии асосии деҳаи Ҳафтруди ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Бо мудири шуъбаи  маорифи шаҳри Панҷакент Маъруф Каримов ба ин деҳаи баландкӯҳ омада аз ҷараёни омодагӣ ба соли нави таҳсил шинос шудем. Аз нақли омӯзгорон маълум шуд, ки имрӯз дабистон бо проблемаҳои зиёд рӯ ба рӯ шудааст, ки чакидани синфхонаҳо аз ҷумлаи онҳост. ... Read More »

Деворҳои мактаб фурӯ мераванд

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19, воқеъ дар деҳаи  Меҳнати ҷамоати 20 — солагии Истиқлол, яке аз куҳантарин биноҳои  қаламрави  ноҳияи Қубодиён маҳсуб ёфта, соли 1951 бо тариқи ҳашар сохта шудааст. Шурӯъ аз соли хониши сипаригардида, мактаб дар қатори муассисаҳои садамавии ноҳия номнавис гардидааст. Рӯзе, ки мо ба мактаб омадем, директори он Улфатой Абдураҳимова  дар ҷои кор ҳузур надошт.  Муовини ... Read More »

Ҳар дам ғанимат аст

Вазъи имрӯзаи ҷомеа тақозо мекунад, ки мо бештар ба қадри вақт бирасем ва онро мақсадноку самаранок истифода барем. Зеро натиҷаи тамоми корҳои мо ба вақт вобастагӣ доранд. Мутаассифона, на ҳама имрӯз ба қадри вақт мерасанд. Наврасону ҷавононе ҳастанд, ки бештари вақти худро сарфи тамошои  филмҳо ё бозиҳои компютерӣ менамоянд. Ҷавонеро дидам, ки саргарми тамошои филми бисёрсериягие буд. Дар назди компютераш ... Read More »

Барномаро омӯзонем ё китоби дарсиро?

Оғози соли равон тибқи нақшаи кории дафтари методии шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент дар маҷлисгоҳи шуъбаи маориф машварати омӯзгорони фанни математика баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 120 нафар омӯзгори фанни математикаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосӣ ширкат варзиданд. Барномаи машварат бо назардошти Қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 27.02.2010, №89 Дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ ... Read More »

Мактабҳои садамавӣ дар Тоҷикобод

Дар ноҳияи Тоҷикобод,  зимни сафари корӣ бо мақсади шинос шудан бо вазъи соҳаи маориф,  бо мудири шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти ҳокимияти  иҷроияи давлатии ноҳия Ҳусниддин Сайидаминов суҳбат кардем.  Аз суҳбат бо эшон аён гардид,  ки барои беҳбуди вазъи муассисаҳои таълимӣ дар назди чанде аз мактабҳо 6-8 синфхонаӣ сохта,  то андозае норасоии ҷойи  нишастро коҳиш додаанд.  Биноҳои мактабҳои миёнаи ... Read More »

Кўлоб – пойтахти фарҳангӣ

Бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои фарҳангию миллии халқи тоҷик умри дубора пайдо карданд. Иқдоми Сарвари давлатро сарони давлатҳои аъзои ИДМ  дар ҷамъомади охирини сарони давлатҳои муштаракулманофеъ дар шаҳри Минск дастгирӣ намуда, Кўлобро ҳамчун пойтахти фарҳангии давлатҳои ИДМ интихоб карданд. Кўлоби ҳам яке аз гўшаҳои таърихии ҷумҳурӣ рамзи қудрати давлатдории тоҷикон ва тамаддуни ориёӣ мебошад.  Кўлоб аввалин шаҳрест, ... Read More »

Ифтитоҳи бинои нави замонавӣ

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади ошноӣ пайдо кардан аз фаъолияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва ифтитоҳи бинои нави замонавии таълимӣ ба ин боргоҳи илму ҳунар ташриф овард. Бинои мазкур бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, маблағҳои захиравии Донишкада ва саҳмгузории ширкати “Тиниал” бо харҷи 1,2 миллион сомонӣ давоми шаш моҳ сохта, мавриди баҳрабардорӣ ... Read More »