Асосӣ

Иштироки Пешвои миллат дар Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон

16 октябри  соли  ҷорӣ  дар  Кохи Сомон  бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид. Дар даромадгоҳи толори бошукӯҳи Кохи Сомон нахуст маросими аксбардории хотиравии роҳбарони ҳайатҳо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд. Дар оғози ... Read More »

Омӯзгорон густаришбахшандагони маърифатанд

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар маросими ифтитоҳи бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 дар деҳаи Гулбуттаи ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Омӯзгорони муҳтарам ва фарзандони азиз! Падару модарон ва ҳозирини гиромӣ! Пеш аз ҳама, кулли кормандони соҳаи маорифи кишвар, аз ҷумла шумо — устодону омӯзгорони ноҳияи Рӯдакиро ба ... Read More »

Эмомалӣ Раҳмон: Мо, тоҷикон, қадри сулҳ ва зарурати ҳифзи онро амиқ дарк мекунем

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Муҳтарам ҷаноби Раис, Муҳтарам ҷаноби Дабири кулл, Хонумҳо ва ҷанобон! Дар оғози сухан ҷаноби Мирослав Лайчакро ба муносибати интихоб шуданаш ба ҳайси Раиси Иҷлосияи 72-юми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид табрик гуфта, ба ӯ дар иҷрои ... Read More »

Дастгирии ташаббуси Президенти Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ

Субҳи 19.09.2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар ҳошияи иҷлосияи 72-юми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар  чорабинии сатҳи баланд зери унвони “Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар оғоз Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба  ин чорабинии  сатҳи баланд хайрамақдам ... Read More »

Дар шоҳроҳи Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ

Мусаллам аст, ки ҳама гуна ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва муносиботу муколимоти муътадил ва ҳасанаи иҷтимоӣ дар шароити истиқлолияти сиёсӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд меояд ва бо назардошти вазъи озодӣ ва озодандешӣ ба марҳилаи нави рушду инкишоф мерасад. Технологияи рушду таҳаввули марҳилавии ваҳдати миллӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масирро устуворона паймуда истодааст, бар асоси мабдаи истиқлол ва мухторияти сиёсию давлатӣ таҳаққуқ ёфта, ... Read More »

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон — профессори фахрии Донишгоҳи Синхуаи шаҳри Пекин

1 сентябри соли 2017 дар шаҳри Пекин вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи Синхуа, ҳамчунин, ҳайати донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии таълимии Чин таҳсил доранд, баргузор шуд. Нахуст Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ректори Донишгоҳи Синхуа мулоқоти самимӣ доир карда, ҳамкории доираҳои илмии Тоҷикистону Чинро баррасӣ ... Read More »

Хуршеди ҷаҳони мо

Бисту шаш сол муқаддам муҳимтарин воқеа дар сарнавишти миллати мо ба вуқӯъ пайваст: халқи тоҷик соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр шуд. 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати наве бо номи Тоҷикистон арзи вуҷуд намуд, ки ҳоло мо бистушашумин солгарди онро ҷашн мегирем. Аз он вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати ... Read More »

Танзим — ҳимоятгари манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии мардум

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 11.07.2017, шаҳри Душанбе Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Мардуми бостониву тамаддунсози тоҷик ойину анъана ва маросиму ҷашнҳои қадимае доранд, ки қисми зиёдашон дар тӯли таърих ҷойгоҳ ва арзиши худро гум ... Read More »

Илм ва амният

Аз лиҳози сиёсӣ истилоҳи «амният» муродифи калимаи «давлат» аст ва баръакс. Аввалин тасаввурот оид ба ниёзи одам, ҷамъият ба мавҷудияти муҳимтарин ва гаронтарин ҷузъи системаи сиёсӣ таҳти номи «давлат», зарурати таъмини амнияти худи инсон ва ҷомеаро дар назар дорад. Ба ҳамин хотир, «Давлате, ки амнияти хешро таъмин карда наметавонад, ғайримаҷоз» (Томас Гоббс) эълом гаштааст. «Кишвар» ва «мамлакат» синонимҳои муваффақи истилоҳи ... Read More »

Ҷавонон ояндасозони мамлакатанд

Паёми телевизионии Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷавонон 22.05.2017, шаҳри Душанбе Муҳтарам ҷавонони кишвар! Фарзандони азиз! Тамоми ҷавонону наврасони Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи ҷавонон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломативу иқболи нек ва комёбиву пешрафт орзу менамоям. Ҳукумати Тоҷикистон ҷавононро неруи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ... Read More »

Ҷавонон неруи пешбари кишваранд

Суханронии Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷавонон 23.05.2017, шаҳри Душанбе Ҷавонони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки яке аз ҷашнҳои фараҳбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, самимона табрик мегӯям. Ҳамчунин, мехоҳам хотирнишон созам, ки пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ... Read More »

Рӯзи ҷавонон бо ширкати Пешвои миллат таҷлил гардид

23 майи соли равон  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки дар варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд. Нахуст Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми иштирокчиёни чорабинии тантанавӣ ва дар шахси онҳо кулли ҷавонони саодатманди кишварро бо Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфтанд. Пешвои ... Read More »

Маориф соҳаи калидии мамлакат аст

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 дар деҳаи Сангтӯдаи ноҳияи Данғара 12.05.2017, ноҳияи Данғара Муҳтарам омӯзгорон ва падару модарон! Фарзандони азиз! Дар ин айёми зебои баҳор ба истифода супоридани боз як муассисаи нави таълимиро дар яке аз гӯшаҳои зебоманзари диёрамон – деҳаи Сангтӯда ... Read More »

Мактаби нав дар Сангтӯда

12 майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои созандагӣ ва дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд. Дар деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳ ва самимияти ... Read More »

Мактаб фурӯзонгари чароғи маърифат аст

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 дар деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара      12.05.2017, ноҳияи Данғара Устодону омӯзгорон ва фарзандони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Дар марҳалаи сифатан нави рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, ки аз ҷумлаи омилҳои муҳимтарини мутобиқсозии инфрасохтори соҳаи маориф ба ... Read More »

Хуррамзамин соҳиби мактаби нав шуд

12 майи соли равон дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8 иштирок намуданд. Ин муассисаи нави таълимӣ маҳз дар доираи дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои рӯзмарраи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара, деҳоти ... Read More »

Ғалабаи бузург – рамзи ватандӯстиву фидокорӣ

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Ғалаба 09.05.2017, шаҳри Душанбе Рафиқон генералҳо ва аф-сарону сарбозон! Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат! Меҳмонон  ва  ҳозирини  гиромӣ! Соли ҷорӣ ба анҷоми набардҳои хунини ҷанги солҳои 1941-1945, ки таърихи башарият мислашро надида буд ва ғалабаи инсоният бар фашизми гитлерӣ 72 сол пур мешавад. Баробари ... Read More »

Иштироки Пешвои миллат дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба

9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба, ки дар “Боғи ғалаба”-и пойтахт баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд. Дар маҳалли баргузории чорабинӣ Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ истиқбол гирифт. Оид ба омодагии ҷузъу томҳо барои гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи ... Read More »